Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 131 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219"

Санаи амалкуни: 23.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2013 № 371)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2013 № 371)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 "Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 апрели соли 2007:

- нақшаи музди меҳнати вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратура мувофиқи замимаҳои 1-38 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 муқаррар карда шавад;

- пардохти маош барои рутбаҳои ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқаррарнамудаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716 амалӣ карда шавад;

- ҳадди ниҳоии пардохти иловапулиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба нафақаи хизматӣ ҳуқуқ доранд ва хизматро давом дода истодаанд, ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи ҳаҷми нафақае, ки ба онҳо метавонад таъин гардад, муқаррар карда шавад;

- андозаи нафақаҳои қаблан таъиншудаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки то 1 апрели соли 2007 аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, то охири соли 2007 нигоҳ дошта шавад;

- нақшаи маоши вазифавии роҳбарон ва ставкаҳои музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгӯ) мувофиқи замимаҳои 39-40-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 муқаррар карда шавад;

- пардохти иловапулиҳо барои муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгӯ) аз рӯи ставкаҳои музди меҳнат ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:

а) барои роҳбарии синф - 15 фоиз;

б) барои тафтиши дафтарҳо ва корҳои хаттӣ - 20 фоиз;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 16 марта 2007 года № 219

(в редакции Постановления Правительства РТ от 23.08.2013г.№ 371)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 23.08.2013г.№ 371)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 16 марта 2007 года № 219 "Об увеличении должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций и размеров социальной пенсии", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 апреля 2007 года:

- установить схему должностных окладов государственным служащим органов государственной власти, местных исполнительных органов государственной власти, военнослужащим, лицам рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и сотрудникам других правоохранительных органов, судов и прокуратуры согласно приложениям 1-38 к Указу Президента Республики Таджикистан от 16 марта 2007 года №219;

- производить выплаты окладов по воинским (специальным) званиям военнослужащим, лицам рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и сотрудникам других правоохранительных органов в порядке и размерах, установленных Указом Президента Республики Таджикистан от 20 марта 2006 года №1716;

- установить максимальные выплаты надбавок военнослужащим, лицам рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и сотрудникам других правоохранительных органов, имеющим право на пенсию по выслуге лет и продолжающим службу, в размере 20 процентов пенсии, которая могла быть им назначена;

- сохранить до конца 2007 года, без перерасчёта из новой схемы должностных окладов, ранее назначенные размеры пенсии военнослужащим, лицам рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и сотрудникам других правоохранительных органов, уволенных со службы до 1 апреля 2007 года;

- установить схему должностных окладов руководителям и ставки заработной платы учителям общеобразовательных учреждений (школы, лицеи, гимназии, школы-интернаты всех типов и наименований) согласно приложениям 39 - 40 к Указу Президента Республики Таджикистан от 16 марта 2007 года №219;

- для учителей общеобразовательных учреждений (школы, лицеи, гимназии, школы- интернаты всех типов и наименований) установить доплаты от ставки заработной платы, в следующих размерах:

а) за классное руководство - 15 процентов;

б) за проверку тетрадей и письменных работ -20 процентов;

...