Замимаи № 2
қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 октябри соли 1997 № 462
Низомномаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2007 № 551, аз 31.12.2014 № 794)
1. Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Комиссия) мақоми ҳамоҳангсоз мебошад, ки ба таври доимӣ бо мақсади таҳия ва қабули қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои муҳоҷирони ҳама гурӯҳҳо, гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда фаъолият мекунад
2. Комиссия фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, амр ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Низомнома ва санадҳои ҳуқуқии байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида амалӣ менамояд
3. Комиссия дар асосҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, ба кори худ намояндагони вазорату идораҳои гуногуни манфиатдор мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро ҷалб мекунад
Комиссия новобаста ба ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣсиёсӣ фаъолият мекунад.
4. Вазифаи асосии Комиссияи ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
5. Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдааш гузошташуда, Комиссия функцияҳои зеринро анҷом медиҳад:
- таҳлили равандҳои муҳоҷират, новобаста аз сабабҳои ба вуқӯъ омаданашон, аз он ҷумла масъалаҳои муҳоҷирони ҳама гурӯҳҳо, гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда
бо ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ҳамкорӣ мекунад;
доир ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират, инчунинн масъалаҳои гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда тавсияҳо таҳия менамояд
Хорич карда шуд
оид ба идораи тарафҳои муайяни равандҳои муҳоҷират семинарҳо ташкил мекунад;
вазъи корҳоро оид ба таъмини бехатарии равандҳои муҳоҷират дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он, вазорат ва идораҳо баррасӣ намуда, ба ин кор баҳо медиҳад;
қарорҳое қабул мекунад, ки ба иҷрои қонунҳо ва асноди байналхалқии ҳуқуқии масъалаҳои муҳоҷиратро танзимкунанда ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, равона карда, шудаанд.
ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират, аз он ҷумла гурезагон ва шахсони паноҳҷӯяндаро пешниҳод мекунад
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳо оид ба мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар
6. Намояндагони Комиссия дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таҳияи пешниҳодот оид ба ратификацияи созишномаҳои байналхалқӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷират дахл доранд ва ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, иштирок менамоянд.
7. Комиссия дар маҷлисҳои худ ҳисоботи вазорат, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, гӯш намуда, ҳуқуқ дорад аз роҳбарони мақомоти давлатӣ пешниҳоди мулоҳизот ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки ба салоҳияташ дахл доранд, талаб намояд
8. Қарорҳои Комиссия дар доираи салоҳияти он, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳатмӣ мебошанд
9. Фаъолияти Комиссия дар асоси нақша (барнома)-е ки дар маҷлиси он қабул шудааст, амалӣ мегардад. Маҷлис ба қадри зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як нимсола гузаронида мешавад .
10. Комиссия метавонад ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ, олимон ва мутахассисони заруриро даъват намояд
10(1). Дар маҷлисҳои Комиссия қарорҳо қабул шуда, мутобиқи онҳо протоколҳо тартиб дода мешаванд. Протоколҳои ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Комиссия ва ё иҷрокунандаи вазифаи ӯ имзо карда мешаванд. Ҷаласа дар он сурат баргузоргардида ҳисоб мешавад, ки дар он аз нисф зиёди аъзои Комиссия иштирок намоянд
11. Комиссия ҳуқуқ дорад ҷиҳати баррасии масъалаҳои муайян гуруҳҳои корӣ ташкил кунад.
12. Комиссия бо аксарияти овозҳо аз ҳисоби умумӣ ва ба таври овоздиҳии кушод қарор қабул мекунад.
13. Комиссия ба аҳли ҷомеа оид ба фаъолияти худ мунтазам маълумот медиҳад. Намояндагони матбуот, телевизион ва радио метавонанд дар маҷлисҳои он иштирок кунанд.
14. Комиссия маҷлисҳои худро метавонад дар шахру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад
ПОЛОЖЕНИЕ О Межведомственной Комиссии по регулированию миграционных процессов при Правительстве Республики Таджикистан
1.Межведомственная Комиссия по регулированию миграционных процессов при Правительстве Республики Таджикистан (далее Комиссия) является координирующим органом, действующим на постоянной основе с целью разработки и принятия соответствующих решений по вопросам мигрантов всех категорий, беженцев, и лиц, ищущих убежище
Комиссия возглавляется заместителем Премьер-министра Республики Таджикистан.
2. В своей деятельности Комиссия руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, Настоящим положением и международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан
3. Комиссия осуществляет свою деятельность на общественных началах, привлекая к своей работе представителей различных заинтересованных министерств и ведомств местных исполнительных органов государственной власти. Комиссия проводит свою деятельность вне зависимости от политических партий и других общественно-политических объединений
4. Основной задачей Комиссии является координация деятельности министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти по управлению миграционными процессами в Республике Таджикистан
5. Во исполнение возложенных задач Комиссия выполняет следующие функции:
анализирует миграционные процессы, независимо от причин их возникновения, включая проблемы мигрантов всех категорий, беженцев и лиц, ищущих убежище;
осуществляет взаимодействие с международными организациями по вопросам миграции;
разрабатывает рекомендации по совершенствованию законодательства Республики Таджикистан по вопросам миграции, включая проблемы беженцев и лиц, ищущих убежище;
организовывает семинары по определенным аспектам управления миграционными процессами;
рассматривает положение дел с обеспечением безопасности миграционных процессов по республике и отдельным её регионам, министерствам и ведомствам, дает оценку этой работы;
принимает решения, направленные на исполнение законов и признанных Таджикистаном международно-правовых актов, регулирующих вопросы миграции;
выносит на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан вопросы, связанные с миграцией, включая проблемы беженцев и лиц, ищущих убежище
в установленном порядке разрабатывает и реализует меры по оказанию содействия гражданам Республики Таджикистан в трудоустройстве за рубежом
6. Представители Комиссии принимают участие в обсуждении законопроектов Республики, в подготовке предложений о ратификации международных договоров, касающихся вопросов миграции, представляемых на рассмотрение в Маджлиси Оли Республики Таджикистан
7. Комиссия заслушивает на своих заседаниях отчеты соответствующих министерств, ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и имеет право требовать у руководителей государственных органов представления необходимых заключений и других материалов, относящихся к ее компетенции
8. Решения Комиссии в пределах ее компетенции обязательны для министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти
9. Деятельность Комиссии основывается на плане (программе), принятом её заседании. Заседания проводятся по мере необходимости, но не реже одного раза в полугодие
10. Комиссия может приглашать для участия на заседаниях представителей общественных и международных организаций, ученых и необходимых специалистов в области миграции
10(1) На заседаниях Комиссии принимаются решения и составляются соответствующие протоколы. Протоколы заседаний подписываются Председателем Комиссии или лицом, на которое возложено исполнение его обязанностей. Заседание считается состоявшимся, если на нем участвуют более половины членов Комиссии
11. Комиссия имеет право создавать рабочие группы для рассмотрения конкретных проблем.
12. Комиссия принимает решения большинством голосов от общего числа и открытым голосованием.
13. Комиссия регулярно информирует общественность о своей деятельности. На её совещаниях могут присутствовать представители прессы, телевидения и радио.
14. Комиссия свои заседания может проводить в городах и районах Республики Таджикистан