Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997, № 565 "Дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2017 № 323 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муқаррароти асосии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки замима мегарданд, тасдиқ карда шаванд.

Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кӯчаю роҳҳо ташкили ҳаракатро мутобиқи талаботи Қоидаҳо ва Муқаррароти асосии зикршуда таъмин намоянд, ҳамчунин асноди меъёрӣ ва қарорҳои худро бо онҳо мутобиқ гардонанд.

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 тартиби иҷозат додани ронандагон - хизматчиёни ҳарбиро ба мусофиркашонӣ бо автомобилҳои боркаш таҳия намоянд.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, Муқаррароти асосӣ, маҷмӯаи асноди меъёрӣ оид ба ҳаракат дар роҳҳо, адабиёти таълимию методӣ ва воситаҳои аёниро бо мақсади оммавӣ гардонидани Қоидаҳо ва Муқарророти асосии мазкур ба миқдори кофӣ таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э.Раҳмонов

аз 27 декабри соли 1997, № 565

ш. душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 29 июня 2017 года, №323

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ПРАВИЛАХ ДОРОЖНОГО ДВИЖЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О дорожном движении" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемые Правила дорожного движения Республики Таджикистан и Основные положения по допуску транспортных средств к эксплуатации и обязанности должностных лиц по обеспечению безопасности дорожного движения.

Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов республиканского подчинения обеспечить организацию дорожного движения на улицах и дорогах в соответствии с требованиями настоящих Правил и Основных положений, а также привести в соответствие с ними свои нормативные акты и решения.

2. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан и Министерству обороны Республики Таджикистан в 1998 году разработать порядок допуска водителей-военнослужащих к перевозке людей на грузовых автомобилях.

3. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Министерству транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан, Министерству образования Республики Таджикистан и Министерству культуры и информации Республики Таджикистан обеспечить издание в достаточном количестве: Правил дорожного движения, Основных положений, сборника нормативных актов по вопросам дорожного движения, учебно-методической литературы и наглядных пособий для популяризации этих Правил и Основных положений.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан        Э.Рахмонов

от 27 декабря 1997 года, № 565

 г.Душанбе