Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1993, № 619 "Дар бораи тасдиқи Тартиби муайян кардани пардохт барои ифлос намудани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо"

Санаи амалкуни: 31.08.2004

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ШӯРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби муайян кардани пардохт барои ифлос намудани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо 

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2004 № 367)

Бо мақсади ҷорӣ намудани истифодаи пулакии табиат дар шароити гузариши ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: (Қарор № 367 аз 31.08.04с.)

1. Тартиби замимагардидаи муайян кардани пардохт барои ифлос намудани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо ва андозаҳои ниҳоии он тасдиқ ва аз 1 январи соли 1994 дар амал ҷорӣ карда шавад.

2. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зеринро таҳия ва то 21 декабри соли 1993 тасдиқ намояд: (Қарор № 367 аз 31.08.04с.)

меъёрҳои замонавии пардохт барои партовҳо, партофтани маводи ифлоскунанда ба муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо ва коэффициентҳое, ки омилҳои экологияро дар назар доранд;

дастурҳои методӣ оид ба пардохтситонӣ барои ифлоскунии муҳити зист ва номгӯи тадбирҳои ҳифзи табиат, ки хароҷоти иҷрояшон ба ҳисоби пардохтҳо дохил карда мешаванд.

3. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ санадҳои меъёриеро, ки механизми аз ҷониби истифодабарандагони табиат гузаронидани пардохтҳоро барои ифлос кардани муҳити зист ва тартиби ба даромади Фонди Ҷумҳурии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои маҳаллии ҳифзи табиати воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маблағҳои мазкурро муайян мекунанд, таҳия ва тасдиқ намоянд. (Қарор № 367 аз 31.08.04с.)

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятн давлатӣ, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вобаста ба истифодаи табиатро амалӣ менамоянд, барои истифодаи табиат, ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиркунонии партовҳо супоридани пардохтро ба ҳисобҳои махсуси мақомоти ҳифзи табиат бо воситаи хазинадории марказии мақомоти молияви пурра ва сари вақт таъмин намоянд. (Қарор № 367 аз 31.08.04с.)

5. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 1991 № 246 "Дар бораи дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ҷорӣ кардани пардохтҳо барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда" беэътибор дониста шавад.

И. В. Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   А. Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Р. Мирзоев

аз 23 декабри соли 1993, № 619

ш.Душанбе