Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 16 августи соли 1991, № 246 "Дар бораи дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ҷорӣ кардани пардохтҳо барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 23.12.1993 № 619 аз беэътибор дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶШС ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ҷорӣ кардани пардохтҳо барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда

Бо мақсади ҳавасманд намудани истифодабарии оқилона ва комплексии захираҳои табиии ҷумҳурият Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз соли 1991 дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда пардохтҳо ҷорӣ карда шаванд.

Ҷорӣ намудани пардохтҳои зикргардида корхонаву ташкилотҳо ва шахсони мансабдорро мувофиқи қонунгузории ҷорӣ аз додани ҷаримаҳо ва талофӣ намудани зараре, ки ба муҳити табиат расонидаанд, озод намекунад.

2. Муқаррар карда шавад, ки фондҳои аз ҳисоби пардохтҳои дар банди I қарори мазкур зикргардида таъсисёбанда дар фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллии ҳифзи табиати Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон ғун карда мешаванд.

Истифодаи маблағҳои зикргардидаи фонди ҷумҳурии ҳифзи табиат мувофиқи сметаи хароҷоте, ки Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон барои давраи банақшагирифташаванда таҳия менамояд ва аз тарафи Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон тасдиқ мегардад сурат мегирад.

Харҷи маблағҳои фондҳои маҳаллии ҳифзи табиат мувофиқи сметаҳои ҳарсолаи истифодаи маблағҳои мазкур, ки мақомоти маҳаллии Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон таҳия менамоянд ва аз тарафи кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халку вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ тасдиқ карда мешаванд сурат мегирад.

Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон дар бобати иҷрои сметаҳои хароҷоте, ки дар банди мазкур зикр гардидаанд, ҳар сол дар назди Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.

3. Тартиби замимагардидаи пардохтситонӣ аз корхонаю ташкилот барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон, тасдиқ карда шавад.

4. Рӯйхати корхонаву ташкилоти пардохткунандаро барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон муайян мекунад.

5. Ба Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон ҳуқуқҳои зерин дода шаванд:

дар сурати ошкор намудани бе иҷозати махсус партофтани моддаҳои ифлоскунанда аз табиатистифодабарандагон ба андозаи зарари иқтисодии ба хоҷагии халқ бо роҳи ифлос намудани муҳити табиат расонидашуда, пардохт ситонад. Дар айни ҳол партофтани оби ганда ба муҳити табиат бо партов ба объектҳои об баробар карда мешавад ва зарари расонидашуда аз рӯи ҳаҷми партов ҳисоб карда мешавад;

корхонаҳоеро, ки барои ноил шудан ба кам кардани меъёрҳои партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити табиат маблағҳои зарурӣ медиҳанд ва онҳоро аз худ мекунанд, аз пардохтҳо озод ё маблағи онҳоро кам кунад.

6. Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон:

усули муайян кардани пардохтро барои ба муҳити табиат партофтани моддаҳои ифлоскунанда таҳия ва тасдиқ намояд;

қарори мазкурро ба маълумоти ташкилоту корхонаҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурият воқеъ гардидаанд, расонад.

 

Сарвазири

ҶШС Тоҷикистон                                             И. Ҳаёев

Мудири Корҳои

Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон                             С. Маҳкамбоев

ш. Душанбе,

аз 16 августи соли 1991, № 246

Бо қарори Девони

Вазирони ҶШС Тоҷикистон

аз 16 августи с.1991 № 246

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ пардохтситонӣ аз корхонаву ташкилот барои ба муҳити атроф партофтан (ҷойгиронӣ)-и моддаҳои ифлоскунанда дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон

1. Пардохткунандаҳо барои ба муҳити атроф партофтани моддаҳои ифлоскунанда корхонаҳои саноатӣ, нақлиётӣ, сохтмонӣ ва дигар корхонаву ташкилоти хоҷагии дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон воқеъбудае, ки шахси юридикӣ мебошанд, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шаклҳои моликият, ба ҳисоб мераванд.

2. Пардохтҳо ҳам барои ба муҳити атроф партофтан (ҷойгиронӣ)-и моддаҳои ифлоскунанда ба миқдори имконпазир (дар ҳудуди меъёрҳои муқарраргардида), ҳам барои аз меъёр зиёд будан, муқаррар карда мешаванд.

3. Меъёрҳои ба муҳити атроф партофтани моддаҳои ифлоскунандаро барои корхонаҳо мақомоти Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон, бо назардошти сол ба сол кам кардан ва бо дараҷаи меъёр расонидан, муқаррар мекунанд.

4. Меъёрҳои пардохтҳо барои ба муҳити атроф партофтани моддаҳои ифлоскунанда аз тарафи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон таҳия мегарданд ва онҳоро кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, ноҳиявию шаҳрӣ тасдиқ мекунанд.

5. Маблағҳои пардохтҳо ва меъёрҳои тасдиқшудаи онҳоро Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон ба семоҳаҳо тақсим карда то оғози соли тақвимӣ ба маълумоти пардохткунандагон мерасонад.

6. Пардохтҳо барои дар ҳудуди меъёрҳои муқарраргардида партофтани моддаҳои ифлоскунанда аз ҷониби пардохткунандагон дар давоми моҳи минбаъда баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ супурда мешаванд.

Дар сурате, ки ҳаҷми воқеии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мувофиқи натиҷаҳои сол аз меъёри барои пардохткунанда муқарраргардида кам бошад, қисми зиёдатии маблағи пардохтшуда ба ҳисоби пардохтҳои соли оянда гузаронида мешавад.

7. Пардохтҳо барои партофтан (ҷойгиронӣ)-и партовҳои аз меъёр зиёд дар давоми 10 рӯзи баъди муайян намудани чунин фактҳо супорида мешаванд.

Ҳаҷми пардохтҳо аз рӯи андозаи зиёд будани партови воқеии моддаҳои ифлоскунанда нисбат ба меъёрҳои бо назардошти коэффициенти чандинкаратаи нормативи пардохт барои партови имконпазири моддаҳои ифлоскунанда, вале на бештар аз 10 карат ҳисоб карда бароварда мешаванд.

8. Пардохтҳо барои ба муҳити атроф партофтан (ҷойгиронӣ)-и моддаҳои ифлоскунанда, ба фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллии ҳифзи табиати назди Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Истифодаи маблағҳое, ки аз ҳисоби пардохтҳои зикргардада таъсис дода шудаанд, ҷиддан мувофиқи Низомномаи муваққатӣ дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи фонди ҷумҳурии ҳифзи табиат, ки бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 13 ноябри с.1989 №185 тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.

9. Маблағҳои сари вақт супориданашудаи пардохтҳо мувоҷиқи талабномаҳои пулдиҳии мақомоти Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон бечуну чаро (дар шакли беакцептӣ) барои тамоми давраи қарздорӣ бо зам кардани ҷарима ба андозаи 0,2 фоизи маблағи супориданашуда, барои ҳар як рӯзи гузаронидани муҳлат, аз ҷумла рӯзи пардохт, ситонида мешавад.

Банкҳои маблағдиҳанда талабномаҳои пулдиҳии зикргардидаро барои пардохт дар давоми на дертар аз 6 моҳ баъд аз рӯзи эътибор пайдо намудани ҳуқуқи талабкунӣ қабул мекунанд.

Иҷрои супориши пулдиҳӣ танҳо бо фармошҳои мақомоти Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон, инчунин бо қарорҳои Арбитражи давлатии ҶШС Тоҷикистон ё мақомоти судӣ ба таъхир гузошта мешавад, ё бекор карда мешавад.

10. Дар сурати пинҳон ё таҳриф намудани маълумотҳо дар бораи ба муҳити атроф партофтан (ҷойгиронӣ) - и моддаҳои ифлоскунанда шахсони гунаҳгор мувофиқи қонунгузории ҷории ҶШС Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

11. Дар ҳолати ошкор гардидани худсарона партофтан (ҷойгиронӣ)- и партовҳо аз табиатистифодабарандагон ба андозаи зарари иқтисодии ба хоҷагии халҳ бо роҳи ифлос намудани муҳити атроф расонидашуда, пардохт ситонида мешавад ва ба шахсони гунаҳгор ҷарима андохта мешавад.

12. Масъулият барои дуруст ҳисоб кардан ва сари вақт супоридани пардохтҳо барои ба муҳити атроф партофтан (ҷойгиронӣ)-и моддаҳои ифлоскунанда ва риоя намудани Тартиби мазкур) ба зиммаи ташкилоту корхонаҳо пардохткунандагон ва шахсони мансабдори онҳо гузошта мешавад.

13. Манбаи пардохтҳои дар тартиби мазкур пешбинигардида фоидае мебошад, ки баъд аз пардохти андоз дар корхона мемонад.

 

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 23.12.1993г. №619

Кабинет Министров Таджикской ССР

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О введении платежей за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду на территории Таджикской ССР

В целях стимулирования рационального и комплексного использования природных ресурсов республики Кабинет Министров Таджикской ССР постановляет:

1. Ввести с 1991 года на территории Таджикской ССР платежи за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду.

Введение указанных платежей не освобождает предприятия, организации и должностных лиц от уплаты штрафов и возмещения ущерба, наносимого окружающей среде, установленных действущим законодательством.

2. Установить, что средства, образующиеся за счет платежей, указанных в пункте 1 настоящего постановления, концентрируются в республиканском и местных фондах охраны природы Государственного комитета Таджикской ССР по охране природы.

Использование указанных средств республиканского фонда охраны природы осуществляется в соответствии со сметой расходов, разрабатываемой Государственным комитетом Таджикской ССР по охране природы на планируемый период и утверждаемой Кабинетом Министров Таджикской ССР.

Расходование средств местных фондов охраны природы осуществляется в соответствии с ежегодными сметами использования указанных средств, разрабатываемыми местными органами Государственного Комитета Таджикской ССР по охране природы и утверждаемыми исполкомами областных, городских и районных Советов народных депутатов.

Об исполнении смет расходов, указанных в настоящем пункте, Государственный комитет Таджикской ССР по охране природны ежегодно отчитывается перед Кабинетом Министров Таджикской ССР.

3. Утвердить прилагаемый Порядок взимания платежей с предприятий и организаций за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду на территории Таджикской ССР.

4. Перечень предприятий, организаций, осуществляющих платежи за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду, определяется Государственным комитетом Таджикской ССР по охране природы.

5. Предоставить Государственному комитету Таджикской ССР по охране природы право:

при выявлении выбросов загрязняющих веществ без соответствующего разрешения взыскивать с природопользователей плату в размере экономического ущерба, причиняемого народному хозяйству загрязнением окружающей природной среды. При этом сброс загрязняющих сточных вод в окружающую природную среду приравнивается к сбросу в водные объекты и исчисляется как ущерб за объем сброса;

освобождать от платежей или снижать их суммы предприятиям, выделяющим и осваивающим средства, необходимые для достижения и снижения нормативов сбросов загрязняющих веществ в природную среду.

6.Государственному комитету Таджикской ССР по охране природы:

разработать и утвердить методику определения платы за выбросы загрязняющих веществ в природную среду;

довести настоящее постановление до сведения организаций и предприятий, расположенных на территории республики.

Управляющий

делами Кабинета Министров

Таджикской ССР С. Махкамбаев

г. Душанбе

от 16 августа 1991 года № 246