ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба таъсиси Шурои байнидавлатӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, чопи китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфия аз 4 июни соли 1999
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба таъсиси Шурои байнидавлатӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, чопи китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфия аз 4 июни соли 1999, ки 31 майи соли 2013 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Протоколи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 июли соли 2026, № 493
...