Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024,
№ 438тасдиқ шудааст
Тартиби ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузорӣ барои муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд дар асоси ҷамъоварии маблағҳо дар сатҳи вилоят
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузорӣ барои муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд дар асоси ҷамъоварии маблағҳо дар сатҳи вилоят (минбаъд - Тартиб) шартҳо, қоидаҳои ташаккул ва иҷрои буҷети муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд (минбаъд - муассисаҳои КАТС)-ро дар асоси ҷамъоварии маблағҳо муайян менамояд.
2. Раёсати тандурустии вилояти Суғд барои гузаштан ба механизми нави маблағгузории тандурустӣ дар муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Истиқлол, Деваштич, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд ҳуҷҷатҳои зеринро дар мувофиқа бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва молия таҳия ва тасдиқ менамояд:
- шартномаи намунавӣ байни раёсати тандурустии вилояти Суғд ва таҳвилгарони хизматрасониҳои тиббӣ (муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ) дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ;
- бастаи кафолатноки кумаки тиббию санитарӣ барои аҳолӣ дар доираи механизми нави маблағгузории тандурустӣ.
3. Бастаи кафолатноки кумаки тиббию санитарӣ барои аҳолӣ бояд аз хизматрасониҳои табиб ва ҳамшираи тибби оилавӣ, мутахассисони махсусгардонидашуда, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, озмоиш ва ташхисҳои заминавӣ иборат бошанд. Дар ҳолати мавҷуд будани маблағҳои кофии бастаи кафолатноки кумаки тиббию санитарӣ метавонад хизматрасониҳои тиббии дигарро дар бар гирад.
4. Муассисаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, пешбурди ҳамгироии бемории кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, ки шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ мебошанд, пеш аз гузаштан ба механизми нави маблағгузории тандурустӣ ба сохтори КАТС то 1 январи соли 2025 ҳамроҳ карда мешаванд.
5. Марказ ва шуъбаҳои дигар, ба монанди стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, эмтаъминкунӣ, маркази мубориза бар зидди бемории сил, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва стоматологӣ, ки ба сохтори муассисаҳои КАТС дохил мешаванд ва шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ намебошанд, дар марҳилаи аввал ба меъёри ягонаи сарикасӣ дохил карда намешаванд ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ мутобиқи сметаи хароҷот маблағгузорӣ карда мешаванд.
6. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти вобаста ба нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар маҳалҳо, роҳбари муассисаи КАТС-и шаҳр ва ноҳияҳои таҷрибавӣ ҳуқуқ дорад, ки кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавиро ҳавасманд гардонад.
...