ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузорӣ барои муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд дар асоси ҷамъоварии маблағҳо дар сатҳи вилоят
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузорӣ барои муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд дар асоси ҷамъоварии маблағҳо дар сатҳи вилоят тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд механизми нави маблағгузории тандурустиро дар муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд амалӣ намоянд.
3. Амали қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» аз 31 декабри соли 2015, №827 дар шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд боздошта шавад.
4. Ҳамасола то 30 январ вазоратҳои молия ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори мазкур маълумот пешниҳод намоянд.
5. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2024, № 438
...