аз 01.01.2025 амали қарори мазкур бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2024
№ 438 боздошт дода мешавад
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани ҳаммаблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади такмили механизми маблағгузории сарикасии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси дохил намудани ҳамаи моддаҳои хароҷот ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2016 марҳила ба марҳила маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷот дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.
2. Тартиби маблағгузории муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мувофиқи механизми маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷот тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
3. Меъёрҳои ҳадди ақал ва коэффитсиентҳои махсуси маблағгузории сарикасии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои соли 2016 тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали гузариши муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитариро ба маблағгузории сарикасӣ барои солҳои 2016-2018 дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ намояд;
- ҳамасола то 15 март дар доираи корҳо оид ба таҳияи лоиҳаи буҷет барои соли навбатии молиявӣ оид ба андозаи меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдор пешниҳод намояд;
- бо мақсади такмили минбаъдаи маблағгузории зерсохторҳои марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 январи соли 2016 методикаи тақсимоти меъёрии маблағҳои буҷетиро дар асоси принсипи маблағгузории сарикасӣ барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ таҳия ва қабул намояд;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор таҳия ва тасдиқи ҷадвали гузариши марҳила ба марҳилаи маблағгузории сарикасиро барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳияҳое, ки ба усули нави маблағгузорӣ гузаронида мешаванд, таъмин намояд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марҳила ба марҳила баробарнамоии маблағҳои буҷетии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳое, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида мешаванд, дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд.
...