Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №115
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №115
Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади танзими рушди бонизоми муассисаҳои фарҳангӣ ва тақвияти заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо таҳия шуда, фарогири тақвияти ҳамкориҳо бо идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
2. Фарҳанг дар ҷомеаи иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳимтарини ташаккулдиҳандаи ахлоқи маънавӣ ва воситаи самарабахши тақвиятдиҳандаи сатҳи маърифатнокии инсон, махсусан наврасону ҷавонон эътироф гардида, дар тадриҷан ривоҷу равнақёбии камолоти рӯҳӣ ва инкишофи арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеаи башарӣ нақши калидӣ дорад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари пайваста инкишоф додани соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, ба рушди фарҳангу санъат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИМРӯЗА ВА ИҚТИДОРИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ як силсила санадҳои муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам омада, ҷиҳати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт.
5. Пас аз қабули Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2005, №501 тасдиқ гардидааст, тӯли солҳои 2006-2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангро ба маблағи умумии 204 млн 979 ҳазор сомонӣ қабул намуд.
6. Дар натиҷаи чораандешиҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2019 бо дар назар доштани тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 761 млн сомониро ташкил кард. Яъне буҷети соҳаи фарҳанг ва варзиш дар ҳамин давра 480 маротиба афзуда, дар маҷмӯъ 6 млрд 244 млн сомониро ташкил додааст.
7. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар асоси талаботи қонунгузорӣ бо мақсади амалисозии нишондоди банди 35 Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёд кардан дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013 баён гардида буд, таҳия шуд. Тибқи нақша чорабиниҳои барномаи мазкур 26 млн 84 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ барои барқарорсозӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, компютеркунонии соҳаи фарҳанг ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ гардида буд.
...