Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, № 112
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, № 112
Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 (минбаъдБарнома) бо мақсади иҷрои банди 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1446 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" таҳия карда шудааст.
2. Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1446 тасдиқ гардида, дар доираи он қабули барномаҳои амали миёнамуҳлат пешбинӣ шудааст.
3. Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба тақвияти унсурҳои заминавии ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла таҳкими интизоми маҷмӯии молиявӣ, иқтидорҳои муассисаву идораҳои калидӣ ва таъмини равобити самтҳои афзалиятноки миллӣ бо захираҳои молиявии давлатӣ, иҷрои босифати нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва истифодаи босамари он, такмили ҳуҷҷатҳои марбута баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таъмини шаффофияти молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин идоракунии хавфҳо дар бахши давлатӣ мебошад.
4. Чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда, ба таври лозима ба тартиб дароварда шудаанд (яъне пайдарпайии ислоҳот муқаррар шудааст) ва ба муҳлатҳои воқеъбинона асос ёфтаанд. Тадбирҳои пешниҳодшаванда оид ба амалисозии ислоҳот дақиқ инъикос карда шудаанд ва ба принсипҳои такмили ҳамдигар ва амалисозии пай дар пай асос ёфтаанд.
2. БАҲОДИҲИИ УМУМИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018-ро қабул намуд. Стратегияи мазкур барои ҷалб намудани кумакҳои техникӣ аз шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани устувории молияи давлатӣ мусоидат намуд.
6. Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ вобаста ба соҳаҳои калидии вазифавӣ бо нақшаҳои амалиётӣ ва барномаҳои амалишавӣ, аз қабили банақшагирии буҷетӣ, иҷроиши хазинавӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, аудит, инчунин тақвияти иқтидор ва таълими кормандони бахши давлатӣ мукаммал карда шудааст.
...