Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 750 "в"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 750 "в"
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қарор
8 январи соли 2018 № 4 ш.Душанбе
Дар бораи тасдиқи қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ,парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул
200.010.000
(қарор аз 22.09.2025
№ 59)
Дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" ва сархати сеюми банди 4 Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 тасдиқ шудааст,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молк мулки ғайриманқул тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 750 "в"
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қарор
8 январи соли 2018 № 4 ш.Душанбе
Дар бораи тасдиқи қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ,парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул
200.010.000
Дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" ва сархати сеюми банди 4 Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 тасдиқ шудааст,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Қоидаҳои, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молк мулки ғайриманқул тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, №24 "Оид ба тасдиқи қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои парвандаи бақайдгирӣ, китоби бақайдгирӣ дафтари аризаҳо ва гузоштани рақамҳои мушаххаси кадастрии молу мулки ғайриманқул", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли 2014, таҳти рақами 750 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;
- қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2015, №16 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, № 24", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 2015, таҳти рақами 750 "а" ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;
- қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2015, №73 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, № 24",ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2015,таҳти рақами 750 "б" ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раис гузошта шавад.
Замимаҳо