Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 750 "в"
Бо қарори Кумитаи давлатии
идораи замин ва геодезии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 январи соли 2018,
№ 4тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ, ПЕШБУРД ВА ШАКЛҲОИ ВАРАҚАИ БАҚАЙДГИРӢ, ПАРВАНДАИ БАҚАЙДГИРӢ, ДАФТАРИ БАҚАЙДГИРИИ АРИЗАҲО ВА ГУЗОШТАНИ РАҚАМҲОИ КАДАСТРИИ МОЛК МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ
(фармоиш аз 22.09.2025
№59)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. «Қоидаҳои тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул» (минбаъд - Қоидаҳо) дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» (минбаъд - Қонун дар бораи бақайдгирӣ), Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кодекси маданӣ) ва сархати сеюми банди 4 “Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 тасдиқ гардидааст, таҳия карда шуда тартиби бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба танзим медарорад.
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
- молу мулки ғайриманқул – қитъаҳои замин ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмонии нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар молу мулки ғайриманқуле, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам доранд, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст;
- феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он – маҷмӯи маълумот ва ҳуҷҷатҳои мураттабгардида нисбат ба объектҳои бақайдгирифташудаи молу мулки ғайриманқул;
...