Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2025 № 59 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, № 4"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 октябри соли 2025, №750 в ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 октябри соли 2025, №750 в ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, № 4
020.090.000.

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба Қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 январи соли 2018, № 4 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 январи соли 2018, №750 «в» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру илова ворид карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
...