ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 08.08.2002 № 857, аз 21.02.2007 № 187, аз 24.05.2007 № 253, аз 02.03.2013 № 1434)
(Фармони Президенти ҶТ аз 08.08.2002 № 857, аз 21.02.2007 № 187, аз 24.05.2007 № 253, аз 02.03.2013 № 1434)
Бо мақсади такмили низоми идораи давлатӣ ва бо шароитҳои тағйирёбандаи иқтисодӣ мувофиқ гардонидани он, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур гардонад.
3. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар бобати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, ваколатҳои дахлдори шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;
дар мӯҳлати як моҳ мувофиқи тартиби муқарраргардида дар бобати шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ворид намояд;
мувофиқи тартиби муқарраргардида Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти ин Фармон таҳия ва пешниҳод гардонад.
4. Бандҳои 1, 2 ва 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1996 № 463 "Дар бораи сохтор ва шумораи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 1996 № 554 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1996 № 463 "Дар бораи сохтор ва шумораи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 637 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",
...