Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014 № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132, аз 15.07.2015 № 523, аз 9.06.2016 № 701, аз 8.08.2016 № 735, аз 26.09.2017 № 939, аз 7.09.2019 № 1354, аз 14.02.2020 № 1453, аз 25.06.2020 № 1565, аз 29.04.2023 № 556, аз 13.09.2023 № 632, аз 05.01.2024 № 670, аз 01.12.2025 № 1097аз 28.01.2026 № 1137)

(Фармони президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132, аз 15.07.2015 № 523, аз 9.06.2016 № 701, аз 8.08.2016 № 735, аз 26.09.2017 № 939, аз 7.09.2019 № 1354, аз 14.02.2020 № 1453, аз 25.06.2020 № 1565, аз 29.04.2023 № 556, аз 13.09.2023 № 632, аз 05.01.2024 № 670, аз 01.12.2025 № 1097аз 28.01.2026 № 1137)

 

Бо мақсади тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ" мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам (Фармони президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939):

1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар карда шавад.

3. Бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқан дар котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барҳам дода шаванд.

4. Бо мақсади таҳкими низоми ҳамоҳангсозии масъалаҳои амнияти миллӣ, мудофиа ва тартиботи ҳукуқӣ, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132).

5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйир ёфтани мақоми бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд.

6. Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор карда шавад.

7. Ҷиҳати тавсеаи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо, аз ҷумла таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии шӯроҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.

8. Бо мақсади таҳияи методологияҳои замонавии идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раванди ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи буҷетӣ Раёсати молия таъсис дода шавад.

9. Ҷиҳати пешбурди ислоҳот дар идоракунии маҳал ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кор бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили вазъи маҳал Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал таъсис дода шавад.

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О реструктуризации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

(в редакции Указа Президента РТ от 24.01.2014г.№132, от 15.07.2015г. №523, от 09.06.2016г.№701, от 08.08.2016г.№735, от 26.09.2017г.№939, от 07.09.2019г.№1354, от 14.02.2020г.№1453, от 25.06.2020г.№1565, от 29.04.2023 №556, от 13.09.2023 №632, от 05.01.2024 №670, от 01.12.2025 №1097, от 28.01.2026 №1137)

(в редакции Указа Президента РТ от 24.01.2014г.№132, от 15.07.2015г. №523, от 09.06.2016г.№701, от 08.08.2016г.№735, от 26.09.2017г.№939, от 07.09.2019г.№1354, от 14.02.2020г.№1453, от 25.06.2020г.№1565, от 29.04.2023 №556, от 13.09.2023 №632, от 05.01.2024 №670, от 01.12.2025 №1097, от 28.01.2026 №1137)

В целях укрепления системы координации политики развития, внедрения новых методов управления и стратегического планирования, на основании положений Закона Республики Таджикистан "О системе органов государственного управления", в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:

1. Утвердить прилагаемую структуру Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

2. Руководителю Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан установить двух заместителей, включая первого заместителя.

3. В целях продвижения институциональных преобразований и приведения в соответствие системы государственного управления международным стандартам преобразовать аппарат государственных советников Президента Республики Таджикистан в аппарат помощников Президента Республики Таджикистан и упразднить должности старших советников, советников Президента Республики Таджикистан, помощников Президента Республики Таджикистан и Премьер-министра Республики Таджикистан, которые работают соответственно в секретариате Президента Республики Таджикистан и секретариате Премьер-министра Республики Таджикистан.

4. В целях укрепления системы координации вопросов национальной безопасности, обороны и правопорядка, создать аппарат Помощника Президента Республики Таджикистан по вопросам национальной безопасности (в редакции Указа Президента РТ от 24.01.2014г.№132).

5. В связи с изменением статуса аппарата государственных советников Президента Республики Таджикистан Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан представить предложения по внесению изменений и дополнений в Реестр государственных должностей Республики Таджикистан.

6. Создать Правовое управление Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и возложить на него новые функции, связанные с различными областями права.

7. В целях расширения координации стратегического планирования, проведения мониторинга реализации согласованной политики и утвержденных стратегий, разработки предложений по их совершенствованию, включая анализ эффективности деятельности государственных органов, выработки рекомендаций по дальнейшему совершенствованию их деятельности, включая координацию деятельности советов при Президенте Республики Таджикистан и руководства реформами государственного управления создать Управление стратегического планирования и реформ.

8. В целях разработки современных методологий управления государственными финансами и координации процесса реформирования управления государственными финансами, а также усиления работы Бюджетной комиссии создать Управление финансов.

9. В целях продвижения реформ по местному управлению и координации деятельности местных исполнительных органов государственной власти, работы председателей областей, городов и районов, координации процесса разработки и утверждения нормативных правовых актов относительно реформ управления и анализа состояния на местах создать Управление по работе с органами местного управления.

10. Создать Управление социального развития, направив его деятельность на анализ и мониторинг реализации политики и соответствующих стратегий в области здравоохранения, социальной защиты населения и вопросов семьи и гендерной политики (в редакции Указа РТ от 14.02.2020г.№1453).

...