ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ГАРАВ
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 22.05.1998 № 626)
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 22.05.1998 № 626)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми гарав
Гарав яке аз тарзҳои иҷрои ӯҳдадорист.
Қарздиҳанда (гаравдор) дар асоси гарав ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми ӯҳдадориашро иҷро накардани қарздор талаботашро аз арзиши амволи ба гаравмондаи гаравгузор қонеъ гардонад.
Моддаи 2. Қонун дар бораи гарав
Қонуни мазкур нуқтаҳои асосии гаравро муайян мекунад. Муносибатҳои гаравие, ки ин Қонун танзим накардааст, дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом медароранд.
Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қоидаҳои дар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ корбаст мешаванд.
Моддаи 3. Асосҳои ба миён омадани гарав
Гарав ба ваҷҳи шартнома ё санади дигари қонунгузорӣ ба миён меояд.
Санади қонунгузорие, ки ба миён омадани гаравро пешбинӣ менамояд, бояд чунин нуқтаро фаро гирад, ки маҳз кадом амвол бинобар кадом ӯҳдадорӣ бояд ба гарав гузошта шавад.
...