ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИПОТЕКА
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.185, №10, мод.798; с.2010, №7, мод.557; с.2013, №7, мод.522)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 417, аз 21.07.2010 № 625, аз 22.07.2013 № 994, аз 2.01.2020 № 1685, аз 21.10.2026 № 2316)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии муносибатҳоро вобаста ба пайдоиш, амал ва қатъи ипотека танзим менамояд.
БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
ипотека - гарави молу мулки ғайриманқул, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қайди давлатӣ гузаштааст;
гарав - тарзи таъмини иҷрои уҳдадориест, ки вобаста ба он кредитор оид ба уҳдадории бо гарав таъмингардида (гаравгир) ҳуқуқ дорад дар ҳолати иҷро накардани ин уҳдадорӣ аз ҷониби қарздор аз арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда нисбат ба дигар кредиторони шахсе, ки ин молу мулк аз они ӯст (гаравдеҳ), талаботашро афзалиятнок қонеъ гардонад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун (№ 2316);
гаравдеҳ - шахсе, ки дорои ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ ба молу мулки ба гарав гузошташуда мебошад;
гаравгир - шахсе, ки талаботи ӯ оид ба ӯхдадории асосӣ бо гарав таъмин шудааст.
Моддаи 2. Асосҳои пайдоиши ипотека
1. Мутобиқи шартномаи ипотека як тараф- гаравгир, ки аз рӯи уҳдадории бо ипотека таъмингардида кредитор мебошад, ҳуқуқ дорад талаботи пулии худро аз қарздор оид ба ҳамин уҳдадорӣ аз арзиши молу мулки ғайриманқул ё ин ки ҳуқуқи ашёии ба гарав гузоштаи дигар тарафгаравдеҳ дар афзалият нисбат ба дигар кредиторони гаравдеҳ қонеъ гардонад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун (№ 2316).
...