Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 56 Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"56. Харидор дар сурати ғолиб баромадан дар савдо ба ҳисоби Фурӯшанда боҷи комиссионӣ ворид менамояд, ки андозаи он ҳангоми усули голландии савдо набояд аз 2% нархи фурӯши ҳар як лот зиёд бошад, ҳангоми усули англисии савдо на бештар аз 2% нархи ибтидоӣ ва ҷамъ на бештар аз 5% фарқияти байни нархи ниҳоии фурӯш ва нархи ибтидоии ҳар як лот бошад ва он пас аз ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштан барои ташкил ва доир намудани музояда ва тендерҳо сарф карда мешавад.
2. Сархати ҳаштуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1998 № 91 "Дар бораи ворид намудани тағьироту иловаҳо ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 14 маи соли 1998 № 182
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в Положение о порядке продажи объектов приватизации на аукционах и тендерах
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункт 56 Положения о порядке продажи объектов приватизации на аукционах и тендерах. Утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 16 декабря 1997 года, № 513, изложить в следующей редакции:
"56 В случае победы на торгах Покупатель вносит на счет Продавца комиссионный сбор, размер которого при голландском методе торгов не должен превышать 2 % от цены продажи каждого лота, а при английском методе торгов не менее 2 % от стартовой цены плюс не более 5 % от разницы между окончательной ценой реализации и стартовой ценой каждого лота, который после внесения в бюджет Республики Таджикистан расходуется на организацию и проведение аукционов и тендеров.
2. Призанать утратившим силу абзац восьмой пункта 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 13 марта 1998 года № 91 "О внесении изменений и дополнений в положение о порядке продажи объектов приватизации на аукционах и тендерах".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 14 мая 1998 года, № 182
г. Душанбе