Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1998, № 91 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендерҳо"

Санаи амалкуни: 14.05.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендерҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.1998 № 182)

Бо мақсади суръат бахшидани фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендерҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендерҳо, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 № 513 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар сархати 3 банди 2 калимаи "се" бо калимаи "ду" иваз карда шаванд;

дар банди 19 калимаҳои "хадди ақали садкарата" бо калимаҳои "панҷоҳ маоши ҳадди ақал, ки дар вақти гузаронидани музояда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст" иваз карда шаванд;

дар банди 21 калимаҳои "дусад доллар" бо калимаҳои "панҷоҳ доллар" иваз карда шаванд;

дар банди 26 калимаҳои "сӣ рӯз" бо калимаҳои "понздаҳ рӯз" иваз карда, ва баъди калимаҳои "пеш аз доир гардидани музояда" калимаҳои " ва дар сурати фурӯши саҳмияҳои ба давлат таалуқ доштаи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ на камтар аз сӣ рӯз пеш аз доир гардидани музояда" илова карда шаванд;

банди 38 қисми 2 бо кадимаҳои "Дар сурате, ки агар фурӯш якбора дар як рӯз бо усулҳои инглисиву голландӣ гузаронида шавад, дар он сурат фурӯш аввал бо усули голландӣ гузаронида мешавад" пурра карда шаванд;

сархати дуюми зербанди "б" банди 39 чунин таҳрир гардад:

"Ҳарроҷ нархи аввалии лотро эълон мекунад ва ба иштирокчиён барои харидорӣ пешниҳод мекунад. Дар сурате, ки баъд аз эълон намудани нархи аввалӣ ду ва ё зиёда хоҳишманд барои ба даст овардани лот кӯшиш мекунад, мудири музояда барои баланд бардоштани нархҳо шурӯъ мекунад. Дар ин ҳол ғолиб ҳамон иштирокчӣ ҳисобида мешавад, ки барои лот қиммати аз ҳама баландро пешниҳод намояд. Агар баъд аз эълони нархи аввалии лот, харидорони хоҳишманд пайдо нашаванд, он гоҳ мудири музояда нархи лотро устуворона кам менамояд, нархи навро эълон мекунад. Ҳарроҷ рақами иштирокчиёро, ки аввалин шуда рақами музоядавиашро пас аз эълони нарх боло кардааст маълум менамояд ва бо садои болғача ӯро ғолиби ин лот эълон мекунад. Дар ҳолате, ки мудири музояда нархи ниҳоии лотро эълон мекунад ва нафаре аз иштирокчиён хоҳиши ба даст овардани лоти мазкурро намекунад, пас лот аз фурӯш бозгирифта мешавад";

бекор карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.1998 № 182)

2. Комитети давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Бадахшони Қӯҳӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, навоҳӣ ҳангоми гузаронидани музояда ва тендерҳо ин қарорро ҷиддан сармашқи кори худ қарор диҳанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 13 марти соли 1998 № 91

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИИ В ПОЛОЖЕНИЕ О ПОРЯДКЕ ПРОДАЖИ ОБЪЕКТОВ ПРИВАТИЗАЦИИ НА АУКЦИОНАХ И ТЕНДЕРАХ

В целях ускорения продажи объектов приватизации на аукционах и тендерах Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Положение о порядке продажи объектов приватизации на аукционах и тендерах, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 16 декабря 1997 года № 513, следующие изменения и дополнения:

в абзаце третьем пункта 2 слово "трех" заменить словом "двух";

в пункте 19 слова "сто кратной минимальной заработной платы" заменить словами: "пятидесятикратной минимальной заработной платы, установленной в Республики Таджикистан на момент проведения торгов";

в пункте 21 слово "двести" заменить словом "пятидесяти";

в пункте 26 слова "тридцать дней" заменить словами "пятнадцать дней", а после слов "до проведения аукциона" дополнить словами "а в случае продажи принадлежащих государству акций акционерных обществ не менее чем за тридцать дней до проведения аукциона";

абзац второй пункта 38 дополнить предложением следующего содержания: "В случае, если торга по английскому и голландскому методу проводятся в один день, то первыми проводят торги по голландскому методу";

абзац второй подпункта "б" пункта 39 изложить в следующей редакции:

2. Государственному комитету Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом и председателем Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов, районов при проведение аукционов и тендеров строго руководствоваться настоящим постановлением.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Э. Рахмонов

от 13 марта 1998 года, № 91

 г. Душанбе