Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2016

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

Дар моддаи 1:

- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;

- қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.

Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.».

Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.

Дар моддаи 8:

- дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи

«Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;

- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.».

...