ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 157 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 46 воҳид муқаррар карда шавад. Маблағгузории 146 воҳид, аз ҷумла 46 воҳиди дастгоҳи марказӣ, 100 воҳиди нақшаи идоракунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳиди ташкилотҳои системаи Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад.
3. Маблағгузории Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои суратҳисоби махсус ва манбаъҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба иҷрои фармони мазкур чораҳои дахлдор андешад;
- қарорҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
5. Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати як моҳ ҷиҳати таҳия ва пешниҳод намудани Низомнома, сохтори дастгоҳ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ бо фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2025, № 1014
...