×

Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 25 январи соли 2017 № 31

Санаи амалкуни: 28.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2017, № 31

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2017, № 31

тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ, ДОДАНИ РАВОДИД ВА РАВОДИДИ ЭЛЕКТРОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 89, аз 01.05.2020 № 265, аз 30.09.2021, №422, аз 28.03.2024 № 188)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 89, аз 01.05.2020 № 265, аз 30.09.2021, №422, аз 28.03.2024 № 188)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои мазкур навъ, намуд, каратнокӣ, тамдид, барқарор ва бекор намудан, тағйир додан, тартиби соддаи додани раводид, тартиби барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронӣ, тасдиқи даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин ваколати шахсони мансабдори мақомоти ваколатдорро муқаррар менамоянд.

2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

а) раводид - иҷозатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи убури Сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми муҳлати дар раводид зикргардида медиҳад;

б) раводиди электронӣ - иҷозати шаклаш тасдиқшуда, ки тавассути шабакаи иттилоотии электронӣ ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, дода шуда, ба ӯ ҳуқуқи вуруд, будубош, хуруҷ ва ба тариқи транзитӣ гузаштанро медиҳад;

в) шабакаи электронии барасмиятдарории раводиди электронӣ - барномаи махсуси компютерии худкор барои қабул, коркард ва баррасии дархости шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати дастрас намудани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) тасдиқи даъват - даъватномаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст;

...

Утверждены

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 января 2017 года, №31

Утверждены

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 января 2017 года, №31

ПРАВИЛА ОФОРМЛЕНИЯ, ВЫДАЧИ ВИЗЫ И ЭЛЕКТРОННОЙ ВИЗЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ИНОСТРАННЫМ ГРАЖДАНАМ И ЛИЦАМ БЕЗ ГРАЖДАНСТВА

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.03.2018 года, №89, от 01.05.2020г.№265, от 30.09.2021г.№422, от 28.03.2024 №188)

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.03.2018 года, №89, от 01.05.2020г.№265, от 30.09.2021г.№422, от 28.03.2024 №188)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящие Правила устанавливают категории, виды, кратность, продление, восстановление и аннулирование, изменение, упрощённый порядок выдачи виз, порядок оформления, выдачи визы и электронной визы и визовых поддержек Республики Таджикистан иностранным гражданам и лицам без гражданства, а также определяют полномочия должностных лиц уполномоченных органов.

2. В настоящих Правилах применяются следующие понятия:

а) виза - разрешение, предоставляющее иностранному гражданину и лицу без гражданства право на пересечение Государственной границы в целях въезда в Республику Таджикистан и/или выезда из Республики Таджикистан, пребывания в Республике Таджикистан и транзитного проезда через территорию Республики Таджикистан в течение срока, указанного в выданной визе;

б) электронная виза - разрешение утвержденной формы, выданное иностранному гражданину и лицу без гражданства посредством электронной информационной сети для пересечения Государственной границы Республики Таджикистан, за исключением случаев, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, дающее ему право въезда, пребывания, выезда и транзита;

в) электронная сеть оформления электронной визы - специальная автоматическая компьютерная программа для получения, обработки, а также рассмотрения запроса иностранных граждан и лиц без гражданства на получение виз и электронных виз Республики Таджикистан;

г) подтверждение приглашения - приглашение иностранного гражданина и лица без гражданства, оформленное Министерством иностранных дел Республики Таджикистан для прибытия в Республику Таджикистан;

...