Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 № 31 "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорату идораҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд Қоидаҳои мазкурро дастури амал қарор диҳанд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои қатъии қарори мазкурро аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву ташкилотҳои тобеи худ таъмин намоянд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, № 122 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 январи соли 2017 № 31

ш.Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Правилах оформления, выдачи визы и электронной визы Республики Таджикистан иностранным гражданам и лицам без гражданства

В соответствии со статьей 13 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила оформления, выдачи визы и электронной визы Республики Таджикистан иностранным гражданам и лицам без гражданства (прилагаются).

2. Министерствам и ведомствам, а также юридическим и физическим лицам Республики Таджикистан руководствоваться настоящими Правилами при приглашении иностранных граждан и лиц без гражданства.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан обеспечить координацию действий и контроль за строгим исполнением настоящего постановления их структурными подразделениями, подведомственными учреждениями и организациями.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2009 года, №122 "О Правилах оформления и выдачи визы Республики Таджикистан иностранным гражданам и лицам без гражданства".

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан   Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 25 января 2017 года, № 31

г.Душанбе,

от 25 января 2017 года, № 31

...