ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд ва Қоидаҳои пӯшида гаштани он
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2000 № 59, аз 04.02.2002 № 44, аз 13.08.2019 № 412)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2000 № 59, аз 04.02.2002 № 44, аз 13.08.2019 № 412)
Мутобиқи қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1999 №№ 1832, 1833 ва 1834 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тафсири аломатҳои тафриқа ва либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд ва қоидаҳои пӯшида гаштани он мувофиқи замима тасдиқ карда шавад ().
Меъёрҳои додан ва мӯҳлати пӯшида гаштани либоси расмӣ барои кормандони зикршуда, тибқи қарорҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд ().
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд, дар доираи маблағҳое, ки барои таъминоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд (,).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...