Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади танзими сохтори муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон" номгузорӣ карда шавад.
2. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 309 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 49 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"49. Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон".
3. Аз Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои сеҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 309 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 13 хориҷ карда шавад.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон"- ро ҳал намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 октябри соли 2006 № 466
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственном образовательном учреждении "Институт экономики Таджикистана"
В соответствии со статьей 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и с целью урегулирования структуры учебных заведений, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Таджикский налогово-правовой институт переименовать в Государственное образовательное учреждение "Институт экономики Таджикистана"
2.В перечень образовательных учреждений и других организаций, принадлежащих к республиканской собственности и осуществляющих свою деятельность в сфере образования на основе двусторонних соглашений с Министерством образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 июля 2006 № 309 "О Министерстве образования Республики Таджикистан" дополнить пунктом 49 следующего содержания:
"49.Государственное образовательное учреждение "Институт экономики Таджикистана".
3. Из перечня государственных и негосударственных образовательных учреждений, осуществляющих свою деятельность в сфере образования на основе трехсторонних соглашений с Министерством образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 июля 2006 № 309 "О Министерстве, образования Республики Таджикистан" пункт 13 исключить.
4.Министерству образования Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного образовательного учреждения "Институт экономики Таджикистана".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 3 октября 2006 года № 466
г. Душанбе