Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, № 411 "Оид ба Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 марти соли 2007 № 105 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти системаи музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ шумораи ҳайати хизматрасони дастгоҳи Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 6 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Сохтори идоракунии Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 26 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад.

5. Ба Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомобили сабукрави хизматӣ ба миқдори 1 (як) воҳид муқаррар карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 7 сентябри соли 2006 № 411

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2006 № 411

тасдиқ шудааст

Сохтори идоракунии Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Шӯъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва беруназмактабӣ

Шӯъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Шӯъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

Шӯъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва баъди мактаби олӣ

Шӯъбаи молиявӣ-хоҷагӣ.

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 3.03.2007г. №105

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Департаменте аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений при Министерстве образования Республики Таджикистан

В соответствии со статьёй 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С целью реализации реформ в системе заработной платы государственных служащих государственных учреждений численность состава обслуживающего персонала аппарата Департамента аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений при Министерстве образования Республики Таджикистан сократить на 6 единиц.

2. Утвердить структуру управления Департамента аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений при Министерстве образования Республики Таджикистан (прилагается).

3. Определить общую численность работников аппарата Департамента аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений при Министерстве образования Республики Таджикистан в количестве 26 единиц (без обслуживающего персонала).

4. Финансирование Департамента аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений при Министерстве образования Республики Таджикистан осуществить за счёт республиканского бюджета, а также из специального счёта по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

5. Определить Департаменту аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений при Министерстве образования Республики Таджикистан лимит служебного автомобиля в количестве 1 (одной) единицы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Э. Рахмонов

от 7 сентября 2006 года № 411

ш. Душанбе

Утверждён

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7 сентября 2006 года № 411

Структура управления Департамента аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений при Министерстве образования Республики Таджикистан

Руководство

Отдел аттестации, аккредитации и лицензирования дошкольных, общеобразовательных и внешкольных учреждений

Отдел аттестации, аккредитации и лицензирования начальных профессиональных образовательных учреждений

Отдел аттестации, аккредитации и лицензирования средних профессиональных учебных заведений

Отдел аттестации, аккредитации и лицензирования высших и послевузовских образовательных учреждений

Финансово - хозяйственный отдел