Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот аз 6 июни соли 2005, № 203

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 июни соли 2005 № 203

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 июни соли 2005 № 203

тасдиқ шудааст

Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот

(қарор аз 2.08.2010c. № 402, аз 10.10.2017 № 474)

(қарор аз 2.08.2010c. № 402, аз 10.10.2017 № 474)

1. Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот (минбаъд - Қоидаҳо) шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоотро муқаррар ва тартиби таъмини онҳоро муайян мекунанд (қарор аз 10.10.2017 № 474).

2. Шартҳои санҷиши воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳолати ҳифзи он, гузаронидани сертификатсияи ҳатмии воситаҳои техникии коркарди иттилоот, аттестатсияи объектҳои иттилоотони ва ҳайати кормандон бо додани сертификат ё шаҳодатнома ба онҳо, ташхиси асбобу дастгоҳ, ҳолат ё барномаҳои назоратиро дар бар мегиранд ва барои ноил шудан ба мақсадҳои зерин равона карда шудаанд(қарор аз 10.10.2017 № 474):

фароҳам сохтани шароити амнияти иттилоотӣ барои фаъолияти шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини ҳифзи техникии воситаҳои ҷамъоварӣ, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва барҳамдиҳии иттилоот ҷиҳати иштирок дар ҳамкории байналмилалӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра(қарор аз 10.10.2017 № 474);

инкишофи системаҳои ҳифзи техникии иттилооти технологи дар соҳаи мубодилаи ҳуҷҷатҳои электрони ва имзои электрони;

мусоидат ба истифодабарандагон ҷиҳати тибқи салоҳияти худ интихоби маҳсулоти коркарди техникии иттилоот ва ҳифзи он;

ҳимояи истифодабарандагон аз беинсофии истеҳсолкунанда (фурӯшанда, иҷрокунанда);

сертификатсияи системаҳои таъмини математики (барномаҳо) дар навъҳои мухталифи мошинаҳои ҳисоббароре, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад (қарор аз 10.10.2017 № 474);

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 6 июня 2005 года № 203

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 6 июня 2005 года № 203

Правила об условиях зашиты информации в технических средствах обработки информации

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.08.2010г.№402, от 10.10.2017г.№474)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.08.2010г.№402, от 10.10.2017г.№474)

1. Правила об условиях защиты информации в технических средствах обработки информации (далее - Правила) устанавливают условия защиты информации в технических средствах обработки информации и порядок их обеспечения (в редакции постановления Правительства РТ от 10.10.2017г.№474).

2. Условия проверки технических средств обработки информации и состояния ее защиты, включают в себя проведение обязательной сертификации технических средств обработки информации, аттестацию объектов информатизации и персонала с выдачей им сертификата или удостоверения, освидетельствование приборов и аппаратов, состояния или программ контроля  и направлены да достижение следующих целей (в редакции постановления Правительства РТ от 10.10.2017г.№474):

создание условий информационной безопасности для деятельности физических и юридических лиц на всей территории Республики Таджикистан, а также обеспечение технической защиты средств сбора, обработки, передачи, хранения и уничтожения информации для участия в международном, экономическом, научно-техническом и ином сотрудничестве (в редакции постановления Правительства РТ от 10.10.2017г.№474);

развитие системы технической защиты информационных технологий в сфере электронного документооборота и электронной подписи;

содействие потребителям в компетентном выборе продукции по технической обработке информации и ее защите;

защиту потребителя от недобросовестности изготовителя (продавца, исполнителя);

сертификации систем математического обеспечения (программ) в вычислительных машинах любого вида, используемых на территории Республики Таджикистан;

...