Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)
Бо мақсади таъмини вазъи устувори иқтисодиёт, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар ояндаи дарозмӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои ояндаи кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат, лоиҳаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ нишондиҳандаҳои дар Барномаи мазкур пешбинишударо ба инобат гиранд.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои татбиқи Барнома, тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории заруриро таҳия ва ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғдро дар давраи то соли 2015 таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои ин қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 июли соли 2006 № 288
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе социально-экономического развития Согдийской области на период до 2015 года
(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.08.2007г.№419)
В целях достижения устойчивого экономического роста, определения приоритетных направлений социально-экономического развития Согдийской области на долгосрочную перспективу Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Программу социально-экономического развития Согдийской области на период до 2015 года.
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Согдийской области, городов и районов области при разработке прогноза социально-экономического развития на краткосрочную и среднесрочную перспективы, проекта республиканского и местного бюджетов принять во внимание предусмотренные этой Программой параметры
3. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Согдийской области, городов и районов области в целях привлечения внутренних и иностранных инвестиций для осуществления Программы, в установленном порядке подготовить и представить в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан необходимую проектно-сметную документацию и инвестиционные проекты
4. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Согдийской области, городов и районов области взять под особый контроль ход выполнения Программы социально-экономического развития Согдийской области на период до 2015 года, ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан о ходе выполнения данного постановления.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 июля 2006 года №288
г. Душанбе