Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаҳои Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, Комитети оид ба Ҷоизаҳои мазкур ва Ҳайати ин Комитет
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаҳои Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, Комитети оид ба ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳайати ин Комитети номбурда тасдиқ карда шаванд.
2. Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1991 № 16 "Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи Ҷоизаҳои давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, Комитети оид ба Ҷоизаҳои мазкур ва Ҳайати ин Комитет" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 январи соли 1996, № 43
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении положений о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуали Ибн-Сино в области науки и техники, Комитете по указанным премиям, состава этого Комитета
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемые положения о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуали Ибн-Сино в области науки и техники, о Комитете по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуали Ибн-Сино в области науки и техники при Правительстве Республики Таджикистан и состав указанного Комитета.
2. Признать утратившим силу постановление Совета Министров Таджикской ССР от 28 января 1991 года № 16 "Об утверждении положений о Государственных премиях Таджикской ССР имени Абуали Ибн-Сино в области науки и техники, Комитете по указанным премиям и состава зтого Комитета".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе
от 12 января 1996 года № 43