Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок (сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон)"
Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок (сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок (сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон)" таъсис дода шавад.
2. Оинномаи замимагардидаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок (сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон)" тасдиқ карда шавад.
3. Вазоратҳои молия, иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок (сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон) ва маблағгузории нигаҳдории Марказро мутобиқи шартҳои созишномаи қарзӣ таъмин намоянд.
4. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок (сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон)" дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Марказро таҳия ва тасдиқ намояд.
5. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиркунонии Марказ бинои заруриро ҷудо намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июли соли 2006 № 282
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственном учреждении "Центр реализации проекта реабилитации автодороги Душанбе - Чанак (граница Республики Узбекистан)"
В соответствии со статьей 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и в целях обеспечения эффективного использования кредитных средств для реализации проекта реабилитации автодороги Душанбе-Чанак (граница Республики Узбекистан), Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение "Центр реализации проекта реабилитации автодороги Душанбе" Чанак (граница Республики Узбекистан)".
2. Утвердить прилагаемый Устав Государственного учреждения "Центр реализации проекта реабилитации автодороги Душанбе-Чанак (граница Республики Узбекистан)".
3. Министерствам финансов, экономики и торговли Республики Таджикистан обеспечить внесение вклада Правительства Республики Таджикистан для реализации проекта реабилитации автодороги ДушанбеЧанак (граница Республики Узбекистан)" и финансирование содержания Центра согласно условиям кредитного соглашения.
4. Государственному учреждению "Центр реализации проекта реабилитации автодороги Душанбе-Чанак (граница Республики Узбекистан)" по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание Центра.
5. Министерству транспорта Республики Таджикистан выделить необходимые помещения для размещения Центра.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 3 июля 2006г. № 282
ш. Душанбе