Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2006, № 283 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика"

Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини истифодабарии самараноки маблағҳои грантӣ ва қарзии барои рушди соҳаи электроэнергетика ҷалбшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Маркази татбиқи лоиҳаи "Офияти сохаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" табдил дода шавад.

2. Оинномаи замимашудаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" тасдиқ карда шавад.

3. Муқаррар карда шавад, ки нигаҳдории Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" аз ҳисоби маблағҳои худии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" амалӣ мешавад.

4. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдории Марказро таҳия ва тасдик намояд.

5. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" дар бинои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҷойгир кунонида шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 3 июли соли 2006 № 283

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном учреждении "Центр управления проектами электроэнергетического сектора"

В соответствии со статьей 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и в целях обеспечения эффективного использования привлекаемых кредитных и грантовых средств для развития электроэнергетического сектора, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Преобразовать Центр по реализации проекта "Реабилитация энергетического сектора Республики Таджикистан" в Государственное учреждение "Центр управления проектами электроэнергетического сектора".

2. Утвердить прилагаемый Устав Государственного учреждения "Центр управления проектами электроэнергетического сектора".

3. Установить, что содержание Государственного учреждения "Центр управления проектами электроэнергетического сектора" будет осуществляться за счет собственных средств Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик".

4. Государственному учреждению "Центр управления проектами электроэнергетического сектора" по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание Центра.

5. Разместить Государственное учреждение "Центр управления проектами электроэнергетического сектора" в помещении Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Э. Рахмонов

от 3 июля 2006 года года № 283

 ш. Душанбе