Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 271 "Масъалаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Масъалаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 4,5 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Сохтори замимагардидаи дастгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

3. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 11 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

4. Бандҳои 2 ва 3 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1991 № 37 "Дар бораи ташкил намудани Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 271

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 271

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Раис

2. Муовини Раис

3. Ёрдамчии Раис

4. Шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ

5. Шӯъбаи ташкилӣ ва ҳуқуқ

6. Бахши молия ва хоҷагӣ

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 2.07.2008г. №321

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Вопросы Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Численность работников вспомогательного персонала Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан сократить в количестве 4,5 единиц.

2. Утвердить прилагаемую структуру аппарата Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан.

3. Установить предельную численность работников аппарата Комитета по делам женщин и семьи при Правительства Республики Таджикистан в количестве 11 единиц (без обслуживающего персонала).

4. Пункты 2 и 3 постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 25 марта 1991 года №37 "Об образовании Комитета по делам женщин и семьи при Кабинете Министров Республики Таджикистан" считать утратившими силу.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Э.Рахмонов

от "3" июня 2006 года № 271

г. Душанбе

Утвердить

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "3" июня 2006 года №371

Структура аппарата Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан

1. Председатель

2. Заместитель Председателя

3. Помощник Председателя

4. Отдел тендерного развития и международных связей

5. Организационно - юридический отдел

6. Финансово - хозяйственной сектор