Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 № 361 "Масъалаҳои Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 2 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 № 361 "Масъалаҳои Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
дар банди 1 калимаҳои "сохтори дастгоҳи идораи Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "сохтори дастгоҳи Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав мувофиқи замима)" иваз карда шаванд;
банди 2 қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Департаменти авиатсияи гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 27 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 257
ш. Душанбе
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 257
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати назорати бехатарии парвозҳо
3. Раёсати сертификатсиякунонии фурудгоҳҳо ва истифодабарии фазои ҳавоӣ
4. Шӯъбаи танзими техникӣ
5. Шӯъбаи иқтисод ва молия
6. Бахши кадрҳо
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Правительства Республики Таджикистан
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2004 года №361 "Вопросы Департамента гражданской авиации Республики Таджикистан"
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет :
1. Сократить численность работников обслуживающего персонала Департамента гражданской авиации Республики Таджикистан в количестве 2 единиц.
2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2004 года №361 "Вопросы Департамента гражданской авиации Республики Таджикистан" следующие изменения:
в пункте 1 слова "структуру аппарата управления Департамента гражданской авиации Республики Таджикистан" заменить словами "структуру аппарата Департамента гражданской авиации Республики Таджикистан (в новой редакции согласно приложению);
пункт 2 постановления изложить в следующей редакции:
"Установить предельную численность работников аппарата Департамента гражданской авиации Республики Таджикистан в количестве 27 единиц (без обслуживающего персонала)";
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
от 3 июня 2006 года № 257
Приложение
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 3 июня 2006 года №257
Структура аппарата Департамента гражданской авиации Республики Таджикистан
1. Руководство
2. Управление по надзору за безопасность полетов
3. Управление по сертификации аэропортов и использованию воздушного пространства
4. Отдел по техническому регулированию
5. Отдел экономики и финансов
6. Сектор кадров