Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994, № 413 "Масъалаҳои лицейҳои Тоҷикистону Туркия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2015 № 497 аз эътибор соқит дониста шуд.

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Масъалаҳои лицейҳои Тоҷикистону Туркия

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Фаъолияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташкили лицейҳои муштараки Тоҷикистону Туркия маъқул дониста шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими аснод ва бақайдгирии лицейҳои муштараки дар солҳои 1992-1993 ташкилёфта ва дар оянда ташкилшавандаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассоциацияи "Озал Шалола" ,и Ҷумҳурии Туркияро анҷом диҳад.

3. Кумитаи иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дар мавриди амалӣ намудани қарордоду шартномаҳои бо ассоциацияи "Озал Шалола" ба имзо расида чораҳо андешанд;

тадбирҳои ташкилӣ ва амалиро андешанд, ки то оғози соли таҳсили 1994-1995 дар шаҳрҳои Кӯрғонтеппаю Кӯлоб ва то шурӯи соли 1995-1996 дар шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд яктоӣ лицей Тоҷикистону Туркия сохта шавад, масъалаҳои ҷудо кардани биноҳои заруриро ҷиҳати ташкил намудани лицейҳо, ҷиҳозонидан, муҳайё сохтани шароити таълиму тарбия ва бо ҷои хоб таъмин кардани хонандагонро сари вақт ҳаллу фасл намоянд;

ҷараёни таҳсилро дар лицейҳо мутобиқи нақшаи таълимии тартибдодаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳое, ки мувофиқи талаботи меъёрҳои Байналхалқи ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" омода шудаанд, ташкил намоянд;

ҳайати лицейҳоро дар якҷоягӣ бо Ассоциацияи "Озал Шалола" дар асоси ҳаҷми барномаи мактабҳои миёнаи маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули тест муайян кардани сатҳи дониши ҷавонони лаёқатнок такмил намоянд.

4. Концяернщои "Хизмат", "Тоҷикистон", "Саноати маҳаллӣ"якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ навъи либоси хонандагони лицейро бо рамзи Тоҷикистон муайян карда, мутобиқи дархости Ассоциацияи "Озал Шалола" ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯхти онро таъмин намоянд.

"Тоҷиклегпромсырьё" мутобиқи дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад маҳсулоти зарурӣ диҳад.

5. кумитаи иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз шаҳру ноҳияҳо пеш аз ҳама масъалаи бо хӯроки гарм, таҷҳизот ва асбобу анҷом таъмин намудани лицейҳоро таъмин намоянд.

6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирӣ, додани визаҳои хурӯҷу вуруд, ҳалли маосили рафту омади шаҳрвандони Туркӣ, аҳли оилаи онҳоро, ки дар лицейҳои Тоҷикистон кор мекунанд, дар тамоми давраи фаъолияташон таъмин намоянд.

7. Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, редакцияи рӯзномаҳо вазъи лицейҳои Тоҷикистон Туркия ва ҷараёни ташкили таълиму тарбияро дар онҳо мунтазам инъикос намоянд.

8. Кумитаҳои иҷроияи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд Кӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода дар муддати ду моҳ якҷоя бо роҳбарони лицейҳо саҳми хароҷоти лицейҳоро аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, мутобиқи меъёрҳои муайяншуда, бо дарназардошти таъминоти пурраи бино, таъмини тартиботи зарурии ҷамъиятӣ дар ҳудуди маҳалли буду бош, муайян намоянд.

9. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ассоциацияи "Озал Шалола" дар муддати як моҳ лоиҳаи Низомномаи муваққатии лицейро таҳия ва бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд.

Муовини аввали

Раиси Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Р. Ғафуров

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Р. Мирзоев

аз 19 августи соли 1994 № 413

Ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Закона РТ от 01.08.2015г.№497

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Вопросы таджикско-турецких лицеев

Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрять деятельность Министерства образования Республики Таджикистан по организации совместных таджикско-турецких лицеев.

2. Министерству образования Республики Таджикистан произвести оформление, регистрацию, организованных в 1992 и 1993 годах и вновь создаваемых таджикско-турецких лицеев Министерства образования Республики Таджикистан и Ассоциации "Озал Шалола" Республики Турции.

3. Облгоррайисполкомам совместно с Министерством образования Республики Таджикистан:

принять меры по реализации заключенных с Ассоциацией "Озал Шалола" договоров и соглашений;

осуществить комплекс организационных и практических мер по созданию к началу 1994-1995 учебного года в городах Курган-Тюбе, Кулябе и к 1995-1996 учебному году в городах Хороге и Худжанде по одному таджикско-турецкому лицею, своевременно решив вопросы выделения соответствующих зданий под лицеи, их переоборудования и создания условий для организации учебно-воспитательного процесса и проживания учащихся;

учебный процесс лицеев организовать по утвержденным Министерством образования Республики Таджикистан учебным планам и программам, учитывающим требования международного стандарта и Закона Республики Таджикистан "Об образовании";

формирование контингента лицеев производить совместно с ассоциацией "Озал Шалола" из числа одаренных детей путем тестирования в рамках учебных планов общеобразовательных школ Республики Таджикистан.

4. Концернам "Хизмат", "Таджиклегпром", "Саноати махалли" совместно с Министерством образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок разработать для учащихся лицеев модели одежды с символикой Таджикистана и обеспечить её пошив по заявкам Ассоциации "Озал Шалола" и Министерства образования Республики Таджикистан.

Таджиклегпромсырью согласно заявки Министерства образования Республики Таджикистан выделить для этой цели необходимые материалы.

5. Облгоррайисполкомам обеспечить первоочередное выделение лицеям продуктов для организации горячего питания, оборудования и инвентаря.

6. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан по представлению Министерства образования Республики Таджикистан обеспечить регистрацию и оформление въездных и выездных виз, решение вопросов, связанных с пребыванием и переездами турецких граждан, работающих в таджикско-турецких лицеях, членов их семей на весь период их работы.

7. Государственному комитету Совета Министров Республики Таджикистан по телевидению и радиовещанию, редакциям газет систематически освещать состояние и организацию учебно-воспитательного процесса в таджикско-турецких лицеях.

8. Душанбинскому, Худжандскому, Курган-Тюбинскому, Кулябскому и Турсунзадевскому горисполкомам в 2-месячный срок совместно с руководством лицеев определить долю расходов на содержание лицеев за счет местного бюджета в пределах установленных норм, имея ввиду полное содержание здания и поддержание необходимого общественного порядка.

9. Министерству образования Республики Таджикистан совместно с Ассоциацией "Озал Шалола" в месячный срок разработать и по согласованию с Министерством юстиции Республики Таджикистан утвердить временное Положение о лицее.

врио Первого зам. Председателя

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Гафуров

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от 19 августа 1994 года № 413

 г. Душанбе