Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, № 303 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011с. № 115 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ва пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2000 № 328 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе" тасдиқ гардидааст, тағйироту иловағои зайл ворид карда шавад:

дар сархати шашум калимаҳои "Бахши назорат ва ахборот" ба калимаҳои "Шӯъбаи назорат" иваз карда шаванд; баъд аз сархати ҳаштум сархати нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад: "а) бахши кор бо кадрҳо".

2. Тағйирот дар доираи шумораи умумии кормандони ҳукумати шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 512 "Дар бораи лимити шумораи умумии кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар соли 2003" тасдиқ шудааст, анҷом дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 июли соли 2003 № 303

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 3 марта 2011 года № 115

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в структуре аппарата Председателя города Душанбе

В соответствии со статьей 32 Конституционного Закона Республики Таджикистан "О государственной власти на местах" и на основании представления Председателя города Душанбе Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В структуру аппарата Председателя города Душанбе, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 июля 2000 года №328 "О структуре и численности работников аппарата Председателя города Душанбе", внести следующие изменения и дополнения:

в шестом абзаце слова "Сектор по контролю и информации" заменить словами "Отдел контроля";

после восьмого абзаца добавить новый абзац следующего содержания:

"а) сектор по работе с кадрами".

2. Изменения осуществить в пределах общей численности работников хукумата города Душанбе, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2002 года №512 "О лимитах общей численности работников органов исполнительной власти на местах (хукуматов) на 2003 год".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Э.Рахмонов

от 3 июля 2003 года № 303

 г.Душанбе