Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 1994, № 194 "Дар бораи муқаррар намудани дараҷаҳо ва коэффициентҳои тарифии пардохти музди меҳнати кормандони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситонӣ ва идораҳои нотариалӣ дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани дараҷаҳо ва коэффицентҳои тарифии пардохти музди меҳнати кормандони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситонӣ ва идораҳои нотариалӣ дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ

Бо сабаби тасдиқ гардидани ҷадвали ягонаи тарифи пардохти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шартҳои пардохти музди меҳнат, дараҷаю коэффицентҳои тарифии пардохти музди меҳнати кормардони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситонӣ ва идораҳои нотариалӣ мувофиқи замимаҳои N 1-17 тасдиқ ва аз 1 апрели соли 1994 татбиқ карда шаванд (замимаҳо дар матни русӣ оварда шудаанд).

Иловапулӣ барои хизмати дарозмуддат ва рутбаҳои кормандони мақомоти додситонию идораҳои нотариалӣ мутобиқи замимаҳои N 18 -19 пардохта мешавад.

Кормандони вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ иловапулиро барои хизмати дарозмуддат ба андозаи муқаррарнамудаи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд.

2. Ба роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситони ва идораҳои нотариалӣ ҳуқуқ дода шавад, ки дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат;

вобаста ба ихтисосу маълумоти корманд коэффиценти тарифии ӯро ба андозаи як дараҷаи зиёд ва ё кам гум кунанд;

ба сохторҳои тасдиқшудаи дастгоҳи идора бо сабаби зарурати истифодаи шаклҳои нави пешқадами технологияю техникаи муосири идоракунӣ тағйирот дароранд;

барои иҷрои кори махсусан муҳим ба кормандон (ғайр аз кормандоне, ки барои хизмати дарозмуддату рутба иловапулӣ мегиранд) ба миқдори то 50 фоизи маоши хизмати иловапулӣ муқаррар намоянд. Ин иловапулиҳо дар сурати сари вақт иҷро накардани супоришҳо, бад шудани сифати кор, инчунин дар сурати вайрон кардани интизоми меҳнат бекор ва ё кам карда мешавад.

Бо ин сабабҳо метавонанд тамоми шаклҳои қаблан қабулкардаи иловапулиҳоро бекор намоянд;

ба кормандон мукофотпулӣ дода, ба ин мақсадҳо ба андозаи фонди семоҳаи музди меҳнат маблағҳоро равона кунанд. Муқаррар карда шавад, ки андозаҳои мушахасси мукофотпулиҳо ба мутахассисону хизмачиён мутобиқи саҳми шахсии онҳо дар натиҷаи кори умумӣ муайян гардида, бо андозаҳои ҳадди аксар маҳдуд намегарданд;

ба кормардон кӯмаки моддӣ расонида, ба ин мақсадҳо ба андозаи фонди думоҳаи музди меҳнат маблағҳоро равона кунанд;

ба мутахассисон, хизматҷиён, коргарони вақт барои дар баробари кори асосии худ иҷро намудани вазифаҳои кормандони муваққатан хузурнадоштаи ҳамон категорияҳои кормардон /дар сурати беморӣ, дар рухсатӣ, сафарҳои хизматӣ буданашон ва бо сабабҳои дигар/ то 50 фоизи музди меҳнати кори асосӣ иловапулӣ муқаррар намоянд.

...

СОВЕТ МИНИСТРОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"ОБ УСТАНОВЛЕНИИ РАЗРЯДОВ И ТАРИФНЫХ КОЭФФИЦИЕНТОВ ПО ОПЛАТЕ ТРУДА РАБОТНИКАМ ОРГАНОВ ГОСУДАРСТВЕННОГО УПРАВЛЕНИЯ, ОРГАНОВ ПРОКУРАТУРЫ И НОТАРИАЛЬНЫХ КОНТОР НА ОСНОВЕ ЕДИНОЙ ТАРИФНОЙ СЕТКИ"

В связи с утверждением Единой тарифной сетки по оплате труда в республике, Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить условия оплаты труда, разряды и тарифные коэффициенты по оплате труда работников органов государственного управления, органов прокуратуры, нотариальных контор согласно приложениям № 1-17 и ввести их в действие с 1 апреля 1994 года.

Надбавки за выслугу лет и классные чины для работников органов прокуратуры и нотариальных контор выплачиваются в пределах согласно приложениям № 18-19.

Работники других министерств и ведомств республики надбавки за выслугу лет получают в размерах, установленных соответствующими постановлениями Правительства Республики Таджикистан.

2. Предоставить право руководителям органов государственного управления, органов прокуратуры, нотариальных контор в пределах установленного фонда оплаты труда:

увеличивать или уменьшать тарифный коэффициент работника в пределах одного размера в зависимости от его квалификации и образования;

вносить в утвержденные структуры аппарата управления изменения, вызываемые необходимостью использования новых, прогрессивных форм современной технологии и техники управления;

устанавливать работникам надбавки за выполнение особо важной работы в размере до 50 процентов должностного оклада (кроме работников, получающих доплаты за квалификационные классы и классные чины). Эти надбавки отменяются или уменьшаются при несвоевременном выполнении заданий, ухудшении качества работы, а также при нарушении трудовой дисциплины. В связи с этим отменить все применявшиеся ранее виды надбавок и доплат;

производить премирование работников, направляя на эти цели средства в размере трехмесячного фонда оплаты труда. Установить, что конкретные размеры премии специалистам и служащим определяются в соответствии с их личным вкладом в общие результаты работы и максимальными размерами не ограничиваются;

оказывать материальную помощь работникам, направляя на эти цели средства в размере двухмесячного фонда оплаты труда;

устанавливать специалистам, служащим и рабочим-повременщикам доплаты за выполнение наряду со своей основной работой обязанностей временно отсутствующих работников из числа этих же категорий персонала (в случае болезни, отпуска, командировки и по другим причинам) до 50 процентов оклада по основной работе.

3. Премирование руководителей органов государственного управления и их заместителей производится в размерах до четырех должностных окладов в год, а оказание материальной помощи до двух должностных окладов. Премирование осуществляется по решению вышестоящего органа государственного управления.

...