Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № 92 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2006с. № 308 бе эътибор дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2004 № 1403 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети, нафақа ва стипендия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои замимагардидаи ҳисоби музди миёнан меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпули барои корношоямии муваққати ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, тасдиқ карда шуда, аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

2. Беэътибор дониста шаванд:

- банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 500 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 № 308 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 500 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 4 марти соли 2005 № 92

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 4.07.2006г. №308

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил исчисления среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 4 ноября 2004 года №1403 "О мерах по усилению уровня социальной защищенности населения и увеличения минимальной заработной платы, действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций, пенсий и стипендий" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемое Правило исчисления среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, пособий по временной нетрудоспособности, выходных пособий, и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы, согласно приложению настоящего постановления и ввести его в действие с 1 января 2005 года.

2. Признать утратившим силу:

- пункт 4 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2002 года №500 "О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2002 года №930";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июля 2003 года №308 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2002 года №500 "О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2002 года №930".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Э.Рахмонов

от 4 марта 2005 года № 92

 г.Душанбе