Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳо оид ба пешгирӣ, ошкор ва табобат карданн бемории сил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010 тасдиқ ва Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ, ошкор ва табобат кардани бемории сил таъсис, низомнома ва ҳайати он тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
2.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ ҷудошуда маблағгузории Барномаи мазкурро анҷом диҳад.
3.Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи бомуваффақияти мақсад ва вазифаҳои дар Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010 пешбинигардида тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
4.Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкурро ба маълумоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ расонида, иҷрои онро назорат намояд.
5.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 1996 № 271 "Дар бораи Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1996-2000" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2002 № 524
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе борьбы с туберкулезом в Республике Таджикистан на 2003-2010г."
С целью координации деятельности министерств, ведомств, организаций, в области профилактики, выявления и лечения туберкулеза Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу борьбы с туберкулезом в Республике Таджикистан на 2003-2010 годы, создать координационный Комитет по профилактике, выявлению и лечению туберкулеза в Республике Таджикистан и утвердить его состав и положение (прилагаются).
2. Министерству финансов Республики Таджикистан осуществить финансирование данной программы в пределах средств выделенных для отрасли здравоохранения.
3. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять все необходимые меры для успешной реализации целей и задач, предусмотренных Программой борьбы с туберкулезом в Республике Таджикистан на 2003-2010гг.
4. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан довести указанную Программу до сведения соответствующих министерств, ведомств, государственных учреждений, организаций и установить контроль за ее исполнением.
5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 13 июня 1996 года №271 "О Национальной программе борьбы с туберкулезом на 1996-2000 годы".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 31 декабря 2002 года № 524
г.Душанбе