Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2002 № 39
тасдиқ карда шудааст
Низомнома дар бораи муайян намудани ваколатҳои мақомотҳои ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об
1. Низомномаи мазкур ваколатҳои Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комитети назорати давлати оид ба иҷрои корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геология дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифодабарӣ ва ҳифзи об муайян мекунад.
2. Ба Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими истифода ва ҳифзи об ваколатҳои зерин дода мешаванд:
- назорати давлати оид ба риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи табиат, стандартҳо ва қоидаҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об аз тарафи ҳамаи истифодабарандагон;
- назорати давлатии дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии истифодабарӣ аз захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ва партофтани моддаҳои олудакунанда ба муҳити зист аз тарафи вазорату идораҳо, корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо;
- назорати давлатии мавҷудияти иҷозатномаҳо барои партофтани моддаҳои олудакунанда ба муҳити атроф ва истифодаи захираҳои об;
- назорати давлатии риояи ҳудудҳои миқдори иҷозатшудаи партофтани моддаҳои олудакунанда ба муҳити зист, инчунин тартиб ва шартҳои муқарраршудаи партофтани ин моддаҳо ба обҳои партов;
- назорати давлатии риояи чорабиниҳои ҳифзи обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ аз олудашавӣ ва коҳишёбӣ аз тарафи ташкилотҳое, ки сохтмони иншоотҳои обгирӣ ва корҳои пармакунӣ ва кӯҳиро анҷом медиҳанд;
- назорати давлатии иҷрои вазифаҳои ҳифзи муҳити зист, оқилона истифода бурдани захираҳои оби, ки дар барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- назорати давлатии риояи талаботҳои ҳифз ва оқилона истифода бурдани захираҳои об ҳангоми ҷобаҷокунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон (тармим) ва ба истифода додани корхонаҳои навбунёд ва аз нав тармимшуда, иншоот ва дигар объектҳо, иҷрои корҳои чуқуркунӣ, пармакунӣ, гузаронидани кабел, хатҳои қубурӣ ва дигар коммуникатсияҳо, ки ба ҳолати ҳавзаҳои об таъсир мерасонанд;
- назорати давлатии риояи қоидаҳои экологии системаҳои хоҷагии об ва обанборҳо, инчунин кӯл ва дигар маҳзанҳои обие, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд;
- назорати давлатии иҷрои чорабиниҳои пешгири кардани партовҳои садамавӣ ва якбораи аз меъёр зиёди моддаҳои олудакунанда ба муҳити зист ва рафъи оқибатҳои он;
- назорати давлатии ҷори намудани комёбиҳои прогресси илмӣ-техникӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, ки дар барномаҳои мақсадноки комплексӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- бо тартиби муқарраршуда додани иҷозатномаҳо барои истифодаи махсуси об, ба истиснои мақсадҳои обёрии кишоварзӣ;
- додани иҷозатномаҳо барои кофтани чоҳҳои об;
- тасдиқ намудани ҳудуди миқдори иҷозатшудаи партофтани моддаҳои олудакунанда дар обҳои саноати, коммуналӣ-маишӣ, заҳбурҳо ва дигар обҳои партов, муқаррар намудани ҳудуди тозакунӣ дар онҳо ва лимитҳои партофтани обҳои партов;
- мувофиқат намудани пешниҳодҳо оид ба муайян кардани ҷои сохтмон, инчунин лоиҳаҳои сохтмон ва тармими корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳолати муҳити атроф таъсир мерасонад;
- бо тартиби муқарраршуда мувофиқат намудани мавод дар робита бо иҷрои корҳои сохтмонӣ, чуқуркунӣ, тарконидан ва корҳои дигар дар объектҳои обӣ ё минтақаҳои соҳилӣ, ки ба ҳолати захираҳои табиӣ таъсир морасонанд;
- таҳия ва тасдиқи талаботи умумии экологии марбут ба фаъолияти хонагӣ ва дигар фаъолият, меъёри пардохт барои олудасозии муҳити зист, меъёр, қоида, стандартҳо дар соҳаи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об;
- таҳлили ҳолати захираҳои об, дурнамои тағйироти вазъи экологӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии фаъолияти ҳифзи об;
- ҷарима бастан ба шаҳрвандон ва шахсони мансабдор барои вайрон кардани қонунгузории ҳифзи об;
- даъво пешниҳод намудан ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеъияти идоравӣ ва шакли моликият, шаҳрвандон ва инчунин шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷи дар хусуси ситонидани маблағҳои товони зарари дар натиҷаи ифлос кардани муҳити зист ва ғайриоқилона истифода бурдани захираҳои оби ба давлат расонидашуда;
- боздоштан ва манъ намудани партофтани моддаҳои олудакунанда ба муҳити табиӣ, ки дар натиҷаи вайрон кардани шарт ва талаботи дар иҷозатномаи истифодаи об пешбинишуда, то манъ намудани фаъолияти таҷҳизоти алоҳидаи саноатӣ, сехҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо;
- пешбурди кадастри давлатии об (дар бобати обҳои рӯизамини);
- ҳамоҳангсозии кори дигар мақомоти махсуси ваколатдори идораи давлатии вобаста ба соҳаи ҳифзи об.
3. Ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими истифода ва ҳифзи об ваколатҳои зерин дода мешаванд:
- таъмини тақсимоти об ва обрасонии бетаваққуф ба истеъмолгарон мувофиқи шартномаҳои басташуда бо дарназардошти меъёрҳои тасдиқшуда ва дурнамои истифодаи об;
- якҷоя бо мақомоти манфиатдори давлати ташкили истифодаи комплексии захираҳои об дар хоҷагии халқ, дар асоси тақсимоти оқилонаи онҳо бо дарназардошти эҳтиёҷи истифодабарандагони об ва аз назари иқтисодӣ мувофиқи мақсад будан;
- назорати соҳавӣ аз болои истифодаи оқилонаи об, муқаррар намудани меъёрҳо ва лимитҳои истифодаи об барои истифодабарандагони об аз системаҳои хоҷагии об сарфи назар аз шакли моликият ва ба Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани маълумоти ҷамъбасти дар бораи истифодаи об дар соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамчунин маълумоти дигари зарурӣ оид ба захираҳои об мувофиқи дархостҳои вазорати мазкур;
- таҳияи маводи дахлдор барои ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкунандагони қонунгузориҳои вобаста ба об, тибқи қонунҳои амалкунанда;
- пешбурди кадастри мелиоративӣ, паспортноккунии иншоотҳо ва системаҳои обёрӣ, заҳбурҳо, ҳамчунин системаҳои обрасонии кишоварзӣ, таҳлили маълумоти кадастри мелиоративӣ, натиҷаҳои паспортноккунӣ ва баҳисобгирӣ ҳангоми таҳия ва татбиқи чорабиниҳои мелиоративӣ ва тадбирҳо оид ба хоҷагии об;
- таҳияи балансҳои хоҷагии об, нақшаҳои дурнамои истифодаи комплексии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо, минтақаҳо ва умуман дар ҷумҳурӣ;
- додани хулосаҳо доир ба ҳаҷми захираҳои об дар манбаъҳо ва ба мувофиқа расонидани шарти лоиҳакашии сохтмони корхонаҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои амалкунандае, ки аз захираҳои об истифода мебаранд;
- иштирок дар кори комиссияҳо оид ба интихоби майдончаҳо барои лоиҳакашии сохтмони иншооте, ки ба ҳолати захираҳои об таъсир мерасонанд;
- якҷоя бо мақомоти манфиатдор таҳия ва татбиқ намудани тадбирҳо доир ба беҳтарсозии ҳолати иншоотҳои об ва пешгирии харобшавии онҳо, аз байн бурдани таъсири зараровари об ба ҳосилхезии заминҳо;
- ташкили корҳо оид ба беҳтарсозии низоми оби дарёҳои хурд ва обанборҳо;
- таъмини назорати иҷрои тадбирҳо доир ба ҳифзи табиат дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои тобеи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об;
- дар ҳудуди лимитҳои ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об ҷудошуда муқаррар намудани ҳаҷми истифодаи об барои истифодабарандагони об, сарфи назар яз шакли моликияти онҳо;
- додани иҷозат барои истифодаи махсуси об бо мақсадҳои обёри, мувофиқи меъёри ҷудошуда аз системаҳои хоҷагии оби вазорат, ба Вазорати ҳифзи табиат расонидани маълумоти ҷамъбасти дар бораи истифода ва партофтани об дар соҳаҳои хоҷагии халқ;
- иштирок дар кори комиссияҳо оид ба баҳисобгирӣ ва бақайдгирии (инвентаризатсияи) заминҳои обёришаванда;
- назорати риояи меъёрҳо ва низоми муқарраршудаи истифодаи об, дурустии пешбурди баҳисобгирии аввалияи захираҳои об аз тарафи истифодабарандагон;
- таҳияи лоиҳаи нақшаҳои солона ва дурнамои истифодаи оқилонаи захираҳои об;
- пешбурди баҳисобгирии давлатии миқдор ва сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, тартиб додан ва ба нашр расонидани кадастри давлатии об (дар бобати истифодабарии об);
- бақайдгирии истифодабарандагони об, баҳисобгирии аввалияи истифодаи захираҳои об дар системаҳои давлатии обёри, оббарорӣ ва системаҳои обтаъминкунии кишоварзӣ;
- иштирок дар муқаррар намудани шартҳои обрасони ҳангоми муайян кардани маҳалли ҷойгиршавии ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият;
- дар ҳудуди лимитҳои ҷудогардида тақсим намудани захираҳои об ба соҳаҳои хоҷагии халқ ба мақсадҳои обёрӣ;
- якҷоя бо дигар мақомоти ваколатдори махсуси давлати анҷом додани мониторинги объектҳои об;
- якҷоя бо мақомоти манфиатдор ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи заминҳои марбут ба фонди давлатии об;
- ҷобаҷокунии ҳудудии истифодабарандагоне, ки ба ҳаҷми зиёди об зарурат доранд;
- таҳия ва тасдиқи номгӯи идоравии мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва технологӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва истифодаи комплексии захираҳои об;
- иҷрои экспертизаи техникии асноди лоиҳавию сметавии иншооти хоҷагии об, сарфи назар аз манбаъҳои маблағгузории онҳо;
- ба таври ройгон аз шахсони мансабдор ва шаҳрвандони алоҳида гирифтани маълумот доир ба истифодаи об, анҷом додани тафтиши бемамониати ҳолати истифодаи об аз ҷониби истифодабарандагон дар ҳудуди системаи хоҷагии оби Вазорат;
- иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар асноди байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат алоқаманданд.
4. Ба кумитаи назоратии давлатӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими истифода ва ҳифзи об ваколатҳои зерин дода мешаванд:
- назорати истифодаи оқилонаи обҳои табобатӣ, минералӣ, термалӣ ва обҳои саноатии зеризаминӣ, инчунин лоиҳаи табобатӣ;
- мувофиқа намудани нақшаи солонаи кашидани обҳои табобатӣ, минералӣ ва обҳои термалӣ барои ҳар манбаъ;
- назорати давлатии баҳрабардории дуруст аз манбаҳои обҳои минералӣ, табобатӣ, термалӣ;
- мувофиқа кунондани лоиҳаҳои иҷозатномаҳо барои истифодаи махсуси обҳои минералӣ, термалӣ ва табобатӣ;
- мувофиқа кунондани лоиҳаҳои шартҳои литсензия ҷиҳати гирифтани литсензия (истифода аз манбаҳои зеризамини) барои истифодаи обҳои зеризаминӣ (минералӣ, табобатӣ, термалӣ), ҳамчунин қайди ин литсензияҳо;
- баровардани қарор оид ба бастани ҷарима ба тартиби маъмурӣ барои вайронкунандагони меъёр ва қоидаҳои истифодабарии обҳои минералӣ, табобатӣ, термалӣ;
- барраси намудан ва зери назорат гирифтани супоридани ҳисоботи омории солонаи марбут ба истифодаи обҳо (минералӣ, табобатӣ, термалӣ ва саноатӣ) аз рӯи формаи 2-ТП (водхоз);
- мувофиқат кунондани лоиҳаҳои сохтмони партовгоҳҳо, ҳавзҳои обҷамъкунӣ, шламҷамъкунӣ ва дигар иншоотҳои партовҳои истеҳсолӣ;
- дида баромадан ва мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони майдонҳо барои гӯронидани партовҳои обии саноатӣ ва радиоактивӣ;
- назорати баҳисобгирии чоҳҳои худпуршаванда ва бурдани ҳисоботи истифодаи захираҳои обҳои минералӣ, табобатӣ ва термалӣ;
- назорати дуруст анҷом додани корҳои пармакунӣ аз тарафи ташкилотҳое, ки ба сохтмони иншоотҳои обгирӣ машғуланд;
- ҷудо кардани қитъаҳои кӯҳи барои партофтани обҳои истифодашуда;
- иштирок доштан дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар асноди байналмилали ҳуқуқие, ки ба дуруст истифода бурдан ва ҳифзи обҳои зеризаминӣ алоқаманданд.
5. Ба Саридораи геология дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими истифода ва ҳифзи об ваколатҳои зерин дода мешаванд:
- ба қайдгирии давлатии литсензияҳо барои истифодаи манобеи зеризаминӣ, аз ҷумла барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ (нӯшокӣ, саноатӣ, минералӣ, термалӣ ва барои обёрии замин);
- ба қайдгирии давлатии қарордодҳои барои истифодаи манобеи зеризаминӣ (аз ҷумла обҳои зернзаминӣ);
- додани иҷозатнома барои азнавҷиҳозонии чоҳҳои ҷустуҷӯи ба чоҳҳои баҳрабардоришаванда ва кофтани чоҳҳои ҷаббанда барои партофтани обҳои истифодашуда;
- ба қайдгирии давлатӣ ва ба ҳисоб гирифтани корҳои геологии омӯзиши манобеи зеризаминӣ, аз ҷумла кофтани чоҳҳои об ва чоҳҳо барои гӯронидани партовҳои саноатӣ ва радиоактивӣ;
- мувофиқат намудани иҷозатномаҳо барои истифодаи махсуси об (обҳои зеризаминӣ);
- мувофиқат намудани лоиҳаҳо барои кофтани чоҳҳои об;
- мувофиқат намудани лоиҳаҳо барои кофтуков, ҷустуҷӯ ва сохтмонҳои иншоотҳои нави обгирӣ;
- мувофиқат намудани лоиҳаҳо барои сохтмони партовгоҳҳо, ҳавзҳои обҷамъкунанда, шламҷамъкунӣ, майдонҳои такшинкунӣ ва дигар иншоотҳо барои партовҳои истеҳсолӣ;
- мувофиқат намудани лоиҳаҳои сохтмони майдонҳо барои гӯронидани партовҳои саноатӣ ва радиоактивӣ;
- назорати дуруст иҷро кардани корҳои пармакунӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба сохтмони иншоотҳои обгирии обҳои зеризаминӣ машғуланд;
- мувофиқат намудани низоми истифодаи иншоотҳои обгирии обҳои зеризаминӣ;
- назорати истифодабарӣ ва ҳифзи объектҳои обҳои зеризаминии аз фарсудагӣ ва олудашавӣ;
- пешбурди Кадастри давлатии об (дар бобати обҳои зеризаминӣ);
- пешбурди баҳисобгирии захираҳои истифодашавандаи обҳои зеризаминӣ, ки аз тарафи комиссияи давлатӣ оид ба захираҳо, комиссияи минтақавӣ оид ба захираҳо тасдиқ шудаанд;
- ба ҳисоб гирифтани чоҳҳои худ аз худ ҷоришаванда (бартараф кардан, режими кранӣ);
- ба Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани маълумотҳо дар бораи манбаҳо ва ҳаҷми олудашавии обҳои зеризаминӣ.
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Положение о разграничении полномочий специально уполномоченных государственных органов по регулированию использования и охране вод
В соответствии со статьей 8 Водного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Утвердить Положение о разграничении полномочий специально уполномоченных государственных органов по регулированию использования и охране вод (прилагается).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 4 февраля 2002 № 39
г. Душанбе
Утверждено
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 4 февраля 2002г. № 39
Положение о разграничении полномочий специально уполномоченных государс твенных органов по регулированию использования и охране вод
1. Настоящее Положение определяет полномочия Министерство охраны природы Республики Таджикистан, Министерства мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан, Комитета по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан и Главного геологического управления при Правительстве Республики Таджикистан как специально уполномоченных государственных органов по регулированию использования и охране вод.
2. На Министерство охраны природы Республики Таджикистан возлагаются следующие полномочия по регулированию использования и охране вод:
- государственный контроль за соблюдением всеми природопользователями природоохранного законодательства Республики Таджикистан, стандартов и правил в области рационального использования и охраны водных ресурсов;
- государственный контроль за правильностью ведения министерствами и ведомствами, предприятиями, учреждениями, организациями учета использования поверхностных и подземных водных ресурсов и сбросов загрязняющих веществ в природную среду;
- государственный контроль за наличием разрешений на сбросы загрязняющих веществ в природную среду и на пользование водными ресурсами;
- государственный контроль за соблюдением норм предельно допустимых сбросов загрязняющих веществ в природную среду, а также установленного порядка и условий сбросов этих веществ со сточными водами;
- государственный контроль за соблюдением мер по охране поверхностных и подземных вод от загрязнения и истощения организациями, ведущими строительство водозаборов, буровые и горные работы;
- государственный контроль за выполнением заданий по охране природной среды, рациональному использованию запасов водных ресурсов, предусмотренных в прогнозах, программах экономического и социального развития Республики Таджикистан;
- государственный контроль за соблюдением требований по охране и рациональному использованию водных ресурсов при размещении, проектировании, строительстве (реконструкции) и вводе в эксплуатацию новых и реконструированных предприятий, сооружений и других объектов, производстве дноуглубительных, буровых работ, прокладке кабелей, трубопроводов и других коммуникаций, влияющих на состояние водной среды;
- государственный контроль за соблюдением экологических правил водохозяйственных систем и водохранилищ, а также озер и других водоемов, используемых в качестве водохранилищ;
- государственный контроль за выполнением мероприятий по предотвращению аварийных, залповых сбросов загрязняющих веществ в окружающую природную среду и ликвидации их последствий;
- государственный контроль за внедрением достижений научно-технического прогресса и передового опыта в области охраны и рационального использования водных ресурсов, предусмотренных комплексными целевыми программами, постановлениями Правительства Республики Таджикистан;.
- выдача в установленном порядке разрешений на специальное водопользование, за исключением на цели сельскохозяйственного орошения;
- выдача разрешений на бурение скважин на воду;
- утверждение норм предельно допустимых сбросов загрязняющих веществ в промышленных, коммунально-бытовых, дренажных и других сточных водах, с установлением в них пределов очистки и лимитов отведения сточных вод;
- согласование предложений по определению мест строительства, а также проектов строительства и реконструкции предприятий, сооружений и других объектов, деятельность которых влияет на состояние окружающей природной среды;
- согласование в установленном порядке материалов по проведению строительных, дноуглубительных, взрывных и других работ на водных объектах или их прибрежных полосах (зонах), влияющих на состояние природных ресурсов;
- разработка и утверждение общих экологических требований к хозяйственной и иной деятельности, нормативов платы за загрязнение природной среды, норм, правил, стандартов в области рационального использования и охраны водных ресурсов;
- анализ состояния водных ресурсов, прогноз изменений экологической обстановки и определение стратегических направлений водоохранной деятельности;
- наложение на граждан и должностных лиц штрафов за нарушение водоохранного законодательства;
- предъявление исков предприятиям, учреждениям, организациям, независимо от ведомственной подчиненности и форм собственности и гражданам, а также иностранным юридическим и физическим лицам о взыскании средств в возмещение ущерба, причиненного государству (природной среде) загрязнением окружающей среды и нерациональным использованием водных ресурсов;
- приостановка или запрещение сбросов загрязняющих веществ в природную среду, производимых с нарушением условий и требований, предусмотренных разрешениями на пользование водными ресурсами, вплоть до прекращения деятельности отдельных промышленных установок, цехов, предприятий, учреждений и организаций;
- ведение государственного водного кадастра (в части поверхностных вод);
- координация работы других специально уполномоченных на то органов государственного управления в области охраны вод.
3. На Министерство мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан возлагаются следующие полномочия по регулированию использования и охране вод:
- обеспечение водораспределения и бесперебойной подачи воды потребителям согласно заключенным договорам, исходя из утвержденных лимитов и прогнозов водопользования;
- организация совместно с заинтересованными государственными органами комплексного использования водных ресурсов в народном хозяйстве на основе рационального их распределения с учетом потребностей водопользователей и экономической целесообразности;
- ведомственный контроль за рациональным использованием воды на цели орошения, установление нормативов и лимитов водопотребления водопользователям, независимо от их форм собственности, и доведение до сведения Министерства охраны природы Республики Таджикистан сводных данных по использованию вод отраслями народного хозяйства, а также других необходимых сведений по водным ресурсам согласно запросам этого министерства;
- подготовка соответствующих материалов о привлечении нарушителей водного законодательства к ответственности в соответствии с действующим законодательством;
- ведение мелиоративного кадастра, проведение паспортизации оросительных, дренажных, обводнительных систем и сооружений, а также систем сельскохозяйственного водоснабжения, анализ данных мелиоративного кадастра и результатов паспортизации и учет при разработке и осуществлении мелиоративных и водохозяйственных мероприятий;
- разработка водохозяйственных балансов, перспективных схем комплексного использования водных ресурсов по бассейнам рек, территориям и республике в целом;
- выдача заключений об объемах водных ресурсов в водоисточниках и согласование условий проектирования строительства новых и реконструкции действующих предприятий, использующих водные ресурсы;
- участие в работе комиссий по выбору площадок под проектирование строительства объектов, влияющих на состояние водных ресурсов;
- разработка и осуществление совместно с заинтересованными органами мероприятий по улучшению состояния и предотвращению истощения водных ресурсов, предупреждению вредного воздействия вод на плодородие земель;
- организация работ по улучшению водного режима малых рек и водохранилищ;
- осуществление контроля за выполнением природоохранных мероприятий в подведомственных Министерству мелиорации и водного хозяйства предприятиях, организациях и учреждениях;
- установление в пределах выделенных Министерству мелиорации и водного хозяйства объемов воды лимитов водопотребления водопользователям независимо от их форм собственности;
- выдача разрешений на специальное водопользование на цели орошения, согласно выделенного лимита из водохозяйственных систем министерства, доведение до сведения Министерства охраны природы Республики Таджикистан сводных данных о водопотреблении и водоотведении по отраслям народного хозяйства;
- участие в работе комиссий по проведению учета и инвентаризации орошаемых земель;
- контроль за соблюдением водопользователями норм и правил, установленного режима использования вод, правильностью ведения ими первичного учета водных ресурсов;
- разработка проектов годовых и перспективных планов-прогнозов рационального использования водных ресурсов;
- ведение государственного учета количества и качества поверхностных и подземных вод, составление и издание государственного водного кадастра (в части использования воды);
- регистрация водопользователей, первичный учет использования водных ресурсов на государственных оросительных, обводнительных системах и системах сельскохозяйственного водоснабжения;
- участие в установлении условий водообеспечения при определении мест расположения предприятий и организаций независимо от форм собственности;
- в пределах выделенных лимитов распределение водных ресурсов отраслям народного хозяйства на цели орошения;
- осуществление совместно с другими специально уполномоченными государственными органами мониторинга водных объектов;
- организация рационального использования земель государственного водного фонда совместно с заинтересованными органами;
- осуществление территориального размещения водоемких потребителей;
- разработка и утверждение тематики ведомственных научных исследований, а также осуществление научно-исследовательских, проектно-конструкторских и технологических разработок в области учета и комплексного использования водных ресурсов;
- осуществление технической экспертизы проектно-сметной документации водохозяйственных объектов, независимо от источников ее финансирования;
- безвозмездное получение от должностных лиц и отдельных граждан необходимых сведений об использовании вод, беспрепятственное осуществление проверок состояния использования вод водопользователями в пределах водохозяйственной системы министерства;
- участие в разработке проектов международных договоров и иных международно-правовых актов, связанных с полномочиями Министерства мелиорации и водного хозяйства.
4. На Комитет по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан возлагаются следующие полномочия по регулированию использования и охране вод:
- контроль за рациональным использованием лечебных, минеральных, термальных и промышленных подземных вод, а также лечебных грязей;
- согласование годовых планов отбора вод по месторождениям лечебных, минеральных и термальных вод;
- государственный контроль за правильностью разработки месторождений минеральных, лечебных и термальных вод;
- согласование разрешений на специальное водопользование минеральных, термальных и лечебных вод;
- согласование проектов лицензионных условий на получение лицензии (пользование недр) для использования подземных (минеральных, лечебных, термальных) вод, а также регистрация этих лицензий;
- вынесение постановлений о наложении в административном порядке штрафов за нарушение норм и правил при использовании минеральных, лечебных и термальных вод;
- рассмотрение и контроль за сдачей годовой статотчетности об использовании вод (минеральных, лечебных, термальных, промышленных) по форме 2-ТП (водхоз);
- согласование проектов строительства хвостохранилищ, прудов-накопителей, шламонакопителей и других сооружений по сбросу отходов производства;
- рассмотрение и согласование проектов строительства полигонов для подземного захоронения промышленных стоков и радиоактивных отходов;
- контроль за ведением учета самоизливающихся скважин, а также ведение учета эксплуатационных запасов минеральных, лечебных и термальных вод;
- контроль за правильностью проведения буровых работ организациями, занимающимся строительством водозаборов;
- предоставление горного отвода для сброса сточных вод;
- участие в разработке проектов международных договоров и иных международных актов, касающихся рационального использования и охраны подземных вод.
5. На Главное геологическое управление при Правительстве Республики Таджикистан возлагаются следующие полномочия по регулированию использования и охране вод:
- государственная регистрация лицензий на право пользования недрами, в т.ч. для добычи подземных вод (хозпитьевых, промышленных, минеральных, термальных вод и для орошения земель);
- государственная регистрация контрактов на право пользования недрами (в т.ч. подземными водами);
- выдача разрешений на переоборудование разведочных скважин в эксплуатационные и бурение поглощающих скважин для сброса сточных вод;
- государственная регистрация и государственный учет работ по геологическому изучению недр, в т.ч. по бурению скважин на воду и для захоронения промышленных стоков и радиоактивных отходов;
- согласование разрешений на специальное водопользование (подземных вод);
- согласование проектов бурения скважин на воду;
- согласование проектов на поиски, разведку и строительство новых водозаборов;
- согласование проектов строительства хвостохранилищ, прудов-накопителей, шламонакопителей, полей фильтрации и других сооружений по сбросу отходов производства;
- согласование проектов строительства полигонов для подземного захоронения промышленных стоков и радиоактивных отходов;
- контроль за правильностью проведения буровых работ организациями, занимающимися строительством водозаборов подземных вод;
- согласование режима эксплуатации водозаборов подземных вод;
- контроль за использованием и охраной подземных водных объектов от истощения и загрязнения;
- ведение государственного водного кадастра (подземных вод);
- ведение учета эксплуатационных запасов подземных вод, утвержденных ГКЗ, ТКЗ;
- ведение учета самоизливающихся скважин (ликвидация, крановый режим);
- доведение информации об источниках загрязнения и размерах загрязнения подземных вод до Министерства охраны природы Республики Таджикистан.