Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003, № 571 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикисон дар давраи солҳои 2005-2008"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикисон дар давраи солҳои 2005-2008

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди тадқиқот дар соҳаи илмҳои дақиқ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2008 тасдиқ карда шавад.

2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату муассисаҳои дахлдор оид ба татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Барномаи мазкур дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷет барои илм пешбинӣ мешаванд, амалӣ карда мешавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 29 декабри соли 2003 № 571

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы развития точных наук в Республике Таджикистан на 2005-2008 годы

В целях поддержки и развития исследований в области точных наук, укрепления материально-технической базы для проведения экспериментальных исследований, создания благоприятных условий для подготовки научных кадров и расширения международного научного сотрудничества Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемую Программу развития точных наук в Республике Таджикистан на 2005-2008 годы.

2. Академии наук Республики Таджикистан, Министерству образования Республики Таджикистан, Таджикскому государственному национальному университету и другим заинтересованным министерствам и ведомствам принять необходимые меры по реализации указанной программы.

3. Настоящую Программу реализовать в рамках финансовых средств, ежегодно предусматриваемых в бюджете для науки.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Э.Рахмонов

от 29 декабря 2003 года № 571

г. Душанбе