Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1991, № 387 "Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.10.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463, аз 31.10.2008 № 541)

Бо мақсади танзими механизми назорати омори фаяъолияти корхонаю ташкилотҳо Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки Регистри ҷумҳурии корхонаю ташкилотҳоро (минбаъд Регистри корхонаҳо) таъсис диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463).

Низомномаи Регистри корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (замима мегардад) тасдиқ кунад.

Дорандаи Регистри омори корхонаҳо маркази эҳсоияи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463).

2. Роҳбарони корхонаю ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда то 15 январи с.1992, корхонаю ташкилотҳо ва дигар воҳидҳои сохтории берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ филиалҳо дошта бошанд, то 1 феврали с.1992 ӯҳдадор карда шаванд, то маълумоти заруриеро, ки мақомоти омори маҳаллии аз тарафи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ё шаҳрӣ таъингардида барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо медиҳанд, пешниҳод кунанд.

Пешниҳод кардани маълумотҳое, ки барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо заруранд, барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии корхонаю ташкилотҳои амалкунанда, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо ва ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ асос шуда наметавонанд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назоратро аз болои сари вақт пешниҳод гардидани маълумот дар бораи корхонаю ташкилотҳои таъсисдодашаванда ё амалкунанда воҳидҳои сохтории онҳо), инчунин додани онҳо ба дорандаи Регистри корхонаҳое, ки ба Регистри корхонаҳо дохил карда мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи низомномаи мазкур ба роҳ монда, дар мавриди зарурат ҷорӣ кардани мансабҳои дахлдори штатӣ ва маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти нигоҳдории онҳоро пешбинӣ кунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 31.10.2008 № 541).

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти таъсису нигоҳдории Регистри корхонаҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463).

5. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463):

а) роҳбарии методӣ ва ташкилиро дар бобати таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳо таъмин кунад;

б) ҳар сол дар ибтидои моҳи март шартҳои додани маълумотҳои регистрҳои корхонаҳо ва маблағи пардохти онҳоро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273);

в) ҳар семоҳа Рӯйхати корхонаю ташкилотҳои таъсисшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин онҳое, ки фаъолияташонро қатъ намудаанд, нашр намояд.

 

Муовини

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ҷ. Каримов

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       С. Маҳкамбоев

ш. Душанбе,

аз 30 декабри соли 1991, № 387

Бо қарори

Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 1991 №387

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Регистри корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323, аз 05.06.1997 № 273, аз 04.02.2002 № 43, аз 31.10.2008 № 541)

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Низомномаи мазкур ҳайати объектҳо ва таркиби маълумотҳои Регистри ҷумҳурии корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Тоҷикистон (минбаъд Регистри корхонаҳои Тоҷикистон номида мешавад), асосҳои ҷамъоварӣ, коркард, тартиби таҷдид ва истифодабарии онҳо, инчунин тартиби бурдан, маблағгузорӣ ва барҳамдиҳии Регистрҳоро пешбинӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 541).

2. Мақсади таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳои Тоҷикистон аз таъмини маълумоти боэътимод ва асоснок дар бораи тамоми корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, бо мақсади истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии ҳамаи сатҳо барои таҳлил, идоракунӣ ва пешбинии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дар корҳои илмӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ, иборат мебошад.

Регистри корхонаҳои Тоҷикистон бояд ихтисоршавии ҳисоботдиҳии аз ҳад зиёд, нигоҳдории сафҳои динамикӣ, пайдарпаии мантиқӣ ва қиёспазирии маълумотҳоро таъмин намояд.

3. Ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон объектҳои зерин дохил карда мешаванд:

а) корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, амал мекунанд;

б) воҳидҳои сохтории дар бандчаи а"-и банди мазкур зикргардидаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои дигар воқеъ гардидаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 541);

в) воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардидаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои воқеъ берун аз ҳудуди Тоҷикистон;

г) тамоми воҳидҳои сохтории дар бандчаҳои "а", "б", "в"-и банди мазкур зикргардидаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон аз соҳаи фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилоти асосӣ фарқ мекунад, бо шарте ки ҳисобдории корхонаю муассиса ё ташкилоти асосӣ онҳоро ба сифати объектҳои алоҳидаи фаъолияти хоҷагӣ эътироф намояд.

4. Ба ҳар кадом объекти ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохилкардашаванда код дода мешавад, ки он ҳангоми коркарди маълумоти дар бораи он ҷамъоваришаванда, инчунин ба анҷом расонидани муомилоти молиявӣ ва иқтисодӣ истифода карда мешавад.

II. Таркиб ва пешниҳоди маълумотҳои Регистр

5. Ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон аз рӯи объектҳо маълумотҳое дохил карда мешаванд, ки дар заммаи иловагардида номбар шудаанд.

Дорандаи Регистр бо мувофиқати Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон хақ дорад теъдоди маълумотҳоеро, ки дар бораи гурӯҳҳои мухталифи объектҳо (воҳидҳои сохтории шахсони юридикӣ, кооперативҳои манзилӣ ва ғайра) ба Регистр дохил карда мешаванд, ихтисор намояд, сохтори онҳоро тағьир дода, дар ин хусус ба онҳое, ки ин маълумотҳоро пешниҳод мекунанд, хабар диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463).

6. Маълумотҳои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохилшаванда дар карточкаи бақайдгирӣ (дар се нусха) ба мақоми корхонаҳоро бақайдгирандае пешниҳод карда мешаванд, ки он аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ дар маҳалли ҷойгиршавии объект таъин гардида, ҳамзамон намояндаи дорандаи Регистри корхонаҳои Тоҷикистон мебошад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

Маълумотҳо дар бораи объектҳои бақайдгирифташаванда ҳангоми бақайдгирии онҳо ва дар бораи объектҳои дигар бошад, мувофиқи тартиби барои ин мақсадҳо муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.

7. Пешниҳоди маълумотҳои дар бораи воҳидҳои сохтори корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил кардашавандаро корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ин объектҳо ба ҳайати онҳо дохил мешаванд, таъмин менамоянд.

8. Мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дурустии маълумотҳоеро, ки ба он барои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил кардан пешниҳод шудаанд, тафтиш намуда, ба онҳо аз рӯи классификаторҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ код мегузорад, кодҳоро дар карточкаи бақайдгирӣ сабт намуда, карточкаро дар давоми се рӯз пас аз пешниҳод шудани маълумотҳо дар бораи объекти бақайдгирифташаванда ба дорандаи Регистр ва муассисаи банке, ки дар он барои корхона ҳисобнома кушода мешавад, равон мекунад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

8"а". Муассисаҳои банк барои объектҳои бақайдгирифташаванда суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳоро танҳо дар сурати мавҷудияти карточкаи бақайдгирӣ бо сабти мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар он мекушоянд (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

9. Баъди бақайдгирии субъекти хоҷагидор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии дорои коди ОКПО-и мақомоти давлатии омор, ки сарфи назар аз шакли моликият баҳисобгирии регистри корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, фирмаҳо, инчунин соҳибкорони инфиродиро пеш мебаранд, ҳисобҳои пардохти ва дигар ҳисобҳо мекушоянд. Барои додани коди ОКНО ва супурдани варақаи бақайдгирӣ аз 1 январи соли 2001 аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои тасдиқи код бошад аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) - ройгон, аз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо арзиши хароҷот ситонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2002 № 43, аз 31.10.2008 № 541).

III. Тартиби бурдан ва истифодаи Регистр

9. Ҳангоми бурдани Регистр тағьиротҳои дар маълумоти оид ба объект рӯйдиҳанда ба Регистр бо тартиби ҷорӣ дохил карда мешаванд.

Мақоми бақайдгирандаи корхона картотекаи объектҳои ба Регистр дохилкардашударо тартиб дода, тамоми ҳуҷҷатҳоро, ки дар бораи ба Регистр дохил кардани маълумотҳо ва тағьиротҳои ба онҳо даровардашаванда пешниҳод гардидаанд нигоҳ медорад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

10. Баъд аз ба Регистр дохил намудани маълумотҳои пешниҳодгардида дар бораи объекти маълумот ё ба онҳо даровардани тағьирот дорандаи Регистр мувофиқи формаи муқарраргардида ба унвони мақоми бақайдгирандаи корхона дар бораи он справка мефиристад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

11. Мақоми бақайдгирандаи корхона рӯйхати корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои назди бақайдгирифташуда, инчунин барҳамдодашударо барои моҳи гузашта ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то санаи 5-уми ҳар моҳ пешкаш мекунад. Мақоми мазкур дар матбуоти маҳаллӣ рӯйхатро бо ишораи феҳрасти соҳаи фаъолият, адресу рақамҳои телефонҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо нашр мекунад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323аз 31.10.2008 № 541).

12. Тағьиротҳо дар маълумотҳои ба Регистри корхонаҳои дохилшудаи объектҳо, дар мӯҳлати даҳ рӯз ба унвони мақоми бақайдгирандаи корхона ба истиснои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ (реквизитҳои 45-56 карточкаҳои бақайдгирӣ), ки ҳар сол то 1 февраль нав карда мешаванд, бояд пешниҳод гарданд. Ҳангоми ба маълумотҳои Регистр дохил намудани тағьиротҳое, ки аз тағьир ёфтани Оинномаи корхона ё аҳднома дар бораи таъсис, иҷора ё фаъолият бар меоянд, корхона мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ боҷу хироҷи давлатӣ месупорад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

13. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти объекти ба Регистр дохилшуда комиссияи барҳамдиҳӣ ба мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар хусуси дохил намудани қайди дахлдор оиди барҳамдиҳӣ ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дар ду нусха ариза пешниҳод менамоянд. Пас аз ба қайд гирифтани ариза аз ҷониби мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо як нусхаи ариза, бо сабти он, ки объект аз Регистри корхонаҳо истисно шудааст, ба муассисаи банк равон карда мешавад ва банк ҳуқуқ пайдо мекунад, ки суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳои корхонаи барҳам додашударо барҳам диҳад.

Маълумотҳо дар бораи объекти барҳамдодашуда дар Регистри корхонаҳои Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ дошта шуда ҳангоми ба Регистр дохил намудани объектҳои нав истифодаи рақами он иҷозат дода намешавад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

14. Мақоми бақайдгирандаи корхона дар бораи тағьироте, ки ба маълумотҳои Регистр дохил карда шудаанд, инчунин дар бораи барҳамдиҳии объектҳо дар муҳлати се рӯзи кории баъди расонидани онҳо ба дорандаи Регистр ахборот медиҳад (қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323).

15. Мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ба истифода намудани маълумотҳое, ки ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил гардидаанд ҳуқуқ доранд. Маълумотҳои дар Регистр будае, ки фаъолияти иқтисодии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро муайян мекунанд, маълумоти омории аввалия буда ва истифода намудани онҳо танҳо ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 541).

IV. Маблағгузорӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 541)

16. Маблағгузории таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳои Тоҷикистон, инчунин хароҷоти ба тартиб овардани хизматрасонии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ барои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463аз 31.10.2008 № 541).

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳиявию шаҳрӣ назоратро аз болои сари вақт аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо пешниҳод гардидани маълумотҳое, ки ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил карда мешаванд, таҷдид ва таҳвили онҳо ба дорандаи Регистр, инчунин дар ҳолати зарурӣ таъсис додани мансабҳои дахлдор ва маблағгузории хароҷоти нигоҳдории онҳо таъмин менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 541).

17. Таркиби маълумотҳои ба мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешкашшаванда, мунтазамии пешниҳоди онҳо, инчунин тартиби муқарраршудаи додани маълумотҳои Регистр ва пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273аз 31.10.2008 № 541).

V. Барҳамдиҳии Регистр

18. Регистри корхонаҳои Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273).

19. Ҳангоми барҳамдиҳии Регистри корхонаҳои Тоҷикистон маълумотҳои дар он мавҷудбуда ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 541).

 

КАБИНЕТ МИНИСТРОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О СОЗДАНИИ РЕГИСТРА ПРЕДПРИЯТИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 6.07.1993г. №323,
    от 5.06.1997г. №273, от 5.10.2001г.№463, от 4.02.2002г. №43,
                         от 31.10.2008г.№541)

В целях упорядочения механизма статистического наблюдения деятельности предприятий и организаций Кабинета Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Поручить Государственному комитету статистики Республики Таджикистан создать республиканский Регистр предприятий и организаций (в дальнейшем - Регистр предприятий).

Утвердить Положение о Регистре предприятий, учреждений и организаций Республики Таджикистан (прилагается).

Держателем Регистра предприятий определить вычислительный центр Государственного комитета статистики Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ №273от 5.06.97г, в редакции Постановления Правительства РТ №463,от 5.10.01г.)

2. Обязать руководителей предприятий и организаций, действующих в Республике Таджикистан, до 15 января 1992г., а организациям и предприятиям, имеющим филиалы и другие структурные подразделения за пределами территории республики, не позднее 1 февраля 1992г. представить необходимые данные для внесения в Регистр предприятий местному статистическому органу, назначенному районным или городским исполкомом.

Представление данных, необходимых для внесения в Регистр предприятий, не является основанием для регистрации и перерегистрации единиц и выдачи им регистрационного свидетельства.

3. Местным исполнительным органам государственной власти обеспечить контроль за своевременным представлением данных, вносимых в Регистр предприятий, об учреждаемых (создаваемых) или действующих предприятиях и организациях (их структурных подразделений), а также передачу их держателю Регистра предприятий в соответствии с установленным настоящим постановлением порядком, предусмотрев при необходимости введение соответствующих штатных должностей и финансирование расходов на их содержание (в редакции Постановления Правительства РТ №273 ,от 5.06.97г., от 31.10.2008г.№541)

4. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно предусматривать в бюджете Государственного комитета статистики Республики Таджикистан финансирование расходов на создание и содержание Регистра предприятий за счет средств государственного бюджета Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ №273,от 5.06.97г. в редакции Постановления Правительства РТ №463,от 5.10.01г.)

5. Государственному комитету статистики Республики Таджикистан: (в редакции Постановления Правительства РТ №273,от 5.06.97г., в редакции Постановления Правительства РТ №463 от 5.10.01г.)

а) обеспечить методическое и организационное руководство работой по созданию и ведению Регистра предприятий;

б) разрабатывать и представлять ежегодно в начале марта месяца в Правительство Республики Таджикистан на рассмотрение условия выдачи данных регистров предприятий и оплаты за них (в редакции Постановления Правительства РТ №273,от 5.06.97г.)

в) ежеквартально публиковать Список созданных, а также прекративших деятельность предприятий и организаций Республики Таджикистан.

Зам.Премьер-министра

Республики Таджикистан Д.Каримов

Управляющий делами Кабинета

Министров Республики Таджикистан С.Махкамбаев

от 30 декабря 1991 г. №387

г.Душанбе

Утверждено

постановлением Кабинета Министров

Республики Таджикистан

от 30 декабря 1991г. № 387

ПОЛОЖЕНИЕ

О РЕГИСТРЕ ПРЕДПРИЯТИЙ, УЧРЕЖДЕНИЙ И ОРГАНИЗАЦИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

(в редакции ПСМРТ от 6.07.1993г., №323 , от 5.06.1997г.№273, 4.02.2002г.№43, 31.10.2008г.№541)

I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящим положением предусматриваются состав объектов и данных Таджикского республиканского Регистра предприятий, учреждений и организаций (в дальнейшем: Таджикский Регистр предприятий), основы сбора, обработки, порядок их обновления и использования, а также порядок ведения, финансирования и ликвидации Регистров.

2. Целью создания и ведения Таджикского Регистра предприятий является обеспечение надежной и достоверной информации о всех действующих на территории Республики Таджикистан предприятиях, учреждениях и организациях в целях использования ее в деятельности органов государственной власти и управления всех уровней для анализа, управления и прогнозирования социально-экономических процессов, а также в научной работе и коммерческой деятельности.

Таджикский Регистр предприятий призван обеспечить сокращение излишней отчетности, сохранение динамических рядов и логической преемственности и сопоставимости данных.

3. В Таджикский Регистр предприятий вносятся следующие объекты:

а) предприятия, учреждения и организации, учрежденные и действующие на территории Республики Таджикистан;

б) структурные подразделения указанных в подпункте "а" настоящего пункта предприятий, учреждений и организаций, расположенные на территориях других городов и районов(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2008г.№541);

в) структурные подразделения находящихся на территории Республики Таджикистан предприятий, учреждений и организаций, расположенные за пределами Таджикистана;

г) все структурные подразделения указанных в подпунктах "а", "б", "в" настоящего пункта предприятий, учреждений и организаций, сфера деятельности которых отличается от сферы деятельности головного предприятия, учреждения и организации, в случае, если бухгалтерией головного предприятия, учреждения или организации они рассматриваются как отдельные объекты хозяйственной деятельности.

4. Каждому объекту, вносимому в Таджикский Регистр предприятий, присваивается код, используемый при разработке собираемой о нем информации, а также при совершении финансовых и экономических операций.

II. СОСТАВ И ПРЕДСТАВЛЕНИЕ ДАННЫХ РЕГИСТРА

5. В Таджикский Регистр предприятий вносятся по объектам данные, перечисленные в прилагаемом приложении.

Держатель Регистра вправе сокращать по согласованию с Государственное статистическое агентство при Правительстве Республики Таджикистан число вносимых в Регистр данных о различных группах объектов (структурные единицы юридических лиц, жилищные кооперативы и т.д.) и изменять их структуру, информируя об этом представляющих эти данные(в редакции Постановления Правительства РТ №273,от 5.06.1997г.)

6. Вносимые в Таджикский Регистр предприятий данные представляются на регистрационной карточке (в трех экземплярах) органу, уполномоченному местными исполнительными органами государственной власти вести учет предприятия по местонахождению объекта, а также представляющему одновременно держателя Таджикского Регистра предприятий. (ПСМРТ от 6.07.1993г., №323, от 31.10.2008г.№541)

Данные о регистрируемых объектах представляются при их регистрации, а об иных объектах - в установленном для этого порядке.

7. Представление вносимых в Таджикский Регистр предприятий данных о структурных единицах предприятий, учреждений и организаций обеспечивают предприятия, учреждения и организации, в состав которых входят эти объекты.

8. Орган, ведущий учет предприятий, проверяет правильность представленных ему данных для внесения в Таджикский Регистр предприятий, кодирует их по республиканскому и международному классификаторам, вносит коды в регистрационную карточку и направляет ее в течение трех дней после получения данных по регистрируемому объекту держателю Регистра и учреждению банка, в котором для предприятия открываются счета (ПСМРТ от 6.07.1993г., №323)

8а. Учреждение банка по регистрируемым объектам открывает расчетный и другие счета только при наличии регистрационной карточки с отметкой органа, ведущего учет предприятий. (ПСМРТ от 6.07.1993г., №323)

9. После регистрации хозяйствующего субъекта в установленном законом порядке учреждения банков открывают расчетные и другие счета при наличии регистрационной карточки с присвоением кодов ОКПО органов государственной статистики, ведущих учет регистра предприятий, учреждений, организаций, фирм, независимо от форм собственности, а также индивидуальных предпринимателей. За присвоение кода ОКПО и выдачу регистрационной карточки взимается стоимость расходов с 1 января 2001 года с дехканских (фермерских) хозяйств в однократном размере показателя для расчетов, с других юридических лиц - в трехкратном размере показателя для расчетов, а по подтверждению кода с дехканских (фермерских) хозяйств - бесплатно, с других юридических лиц в двукратном размере показателя для расчетов (в редакции Постановления Правительства РТ от 4.02.2002г.№43, от 31.10.2008г.№541)

III. ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ И ИСПОЛЬЗОВАНИЯ РЕГИСТРА

10. При ведении Регистра в него вносятся в текущем порядке происходящие изменения в данных об объекте в соответствии с настоящим Положением.

Орган, ведущий учет предприятия, ведет картотеку внесенных в Регистр объектов и сохраняет все документы, представленные о вносимых в Регистр данных и вносимых в них изменениях. (ПСМРТ от 6.07.1993г. №323)

11. После внесения в Регистр представленных об объекте данных или внесения в них изменений держатель Регистра направляет органу, ведущему учет предприятия, об этом справку по установленной форме. (ПСМРТ от 6.07.1993г., №323)

12. Орган, ведущий учет предприятия, представляет список зарегистрированных новых, а также ликвидированных за предыдущий месяц предприятий, учреждений и организаций к 5 числу каждого месяца местному исполнительному органу государственной власти, который публикует список в местной печати с указанием перечня сфер деятельности, адреса и номера телефона предприятий, учреждений и организаций. (ПСМРТ от 6.07.1993г., №323, от 31.10.2008г.№541)

13. Изменения в данных об объектах, внесенные в Таджикский Регистр предприятий, должны представляться органу, ведущему учет предприятия, в десятидневный срок, за исключением экономических показателей (реквизиты 45-56 регистрационные карточки), которые обновляются ежегодно к 1 февраля. При внесении в данные Регистра изменений, вытекающих из изменения Устава о предприятии или договора об учреждении аренде или деятельности, предприятие уплачивает государственную пошлину в предусмотренном законодательством порядке. (ПСМРТ от 6.07.1993г., №323)

14. При прекращении деятельности внесенного в Регистр объекта ликвидационная комиссия представляет органу, ведущему учет предприятий, в двух экземплярах заявление о внесении соответствующей записи в Таджикский Регистр предприятий о ликвидации. После регистрации заявления органом, ведущим учет предприятий, один из экземпляров с отметкой, что объект исключен из Регистра предприятий, направляется учреждению банка, которое обязано закрыть расчетный и другие счета ликвидированного предприятия. (ПСМРТ от 6.07.1993г., №323)

Данные о ликвидированном объекте сохраняются в Таджикском Регистре предприятий, присвоенным ему номером не разрешается пользоваться при внесении в Регистр новых объектов. (ПСМРТ от 6.07.1993г. №323)

15. Орган, ведущий учет предприятия, представляет держателю Регистра информацию об изменениях, внесенных в Регистр, данных, а также о ликвидации объектов в течение трех рабочих дней после их доведения. (ПСМРТ от 6.07.1993г. №323)

16. Право на пользование данными, внесенными в Таджикский Регистр предприятий, имеют органы государственной власти и управления Республики Таджикистан, местные исполнительные органы государственной власти, а также предприятия, учреждения, организации и частные лица. Содержащиеся в Регистре данные, характеризующие экономическую деятельность предприятий, учреждений и организаций, являются статистическими первичными данными, и пользоваться ими допускается только в предусмотренном законодательством Республики Таджикистан порядке(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2008г.№541).

IV. ФИНАНСИРОВАНИЕ

17. Финансирование создания и ведения Таджикского Регистра предприятий, а также расходов на регламентирование обслуживания органов государственной власти и управления Республики и местного самоуправления осуществляется за счет средств республиканского бюджета, выделенных Государственное статистическое агентство при Правительстве Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 06.1997г.№273)

Местные исполнительные органы государственной власти обеспечивают контроль за своевременным представлением данных предприятий, учреждений и организаций, а также от их структурных единиц, вносимых в Таджикский Регистр предприятий, их обновление и передачу держателю Регистра, а также создание при необходимости соответствующих должностей и финансирование расходов на их содержание(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2008г.№541).

18. Состав представляемых органам, государственной власти и управления Республики Таджикистан и органам местного самоуправления данных, периодичность их представления, а также порядок нерегламентированной выдачи данных Регистра и оплаты за них устанавливает Правительство Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 5.06.1997г.№273,)

V. ЛИКВИДАЦИЯ РЕГИСТРА

19. Ликвидация Таджикского Регистра предприятий производится решением Правительства Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 5.06.1997г.№273)

20. При ликвидации Таджикского Регистра предприятий содержащиеся в нем данные передаются в Главархив Республики.