Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 541 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1991 № 387"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1991 № 387

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Девони Вазироии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1991 № 387 "Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

дар банди 3 қарор калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;

дар Низомномаи Регистри корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар матн калимаҳои "худидораи маҳаллӣ", "мақомоти иҷроияи худидораи маҳаллӣ", "кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқӣ", "мақомоти худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва калимаҳои "бопултаъминкунӣ", "бопултаъминкунии" мутобиқан ба калимаҳои "маблағгузорӣ", "маблағгузории" иваз карда шаванд;

дар зербанди "б" банди 3 калимаҳои "дигари воҳидҳои худидоракунии маҳаллии сатҳи ибтидоӣ" ба калимаҳои "шаҳру ноҳияҳои дигар" иваз карда шаванд;

дар банди 9 калимаҳои "музди меҳнати ҳадди ақал" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" ва калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шуда, калимаи "дигар" хориҷ карда шаванд;

дар банди 19 калимаҳои "Саруправленияи архиви ҷумҳурӣ" ба калимаҳои "Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2008 № 541

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Кабинета Министров Республики Таджикистан        от 30 декабря 1991 года №387

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Кабинета Министров Республики Таджикистан от 30 декабря 1991 года №387 "О создании Регистра предприятий Республики Таджикистан" следующие изменения:

в пункте 3 постановления слова "Органам исполнительной власти на местах (хукуматам)" заменить словами "местным исполнительным органам государственной власти";

в Положение о Регистре предприятий, учреждений и организаций Республики Таджикистан:

в тексте слова "местного самоуправления","исполнительному органу местного самоуправления","местные органы самоуправления", "исполкомом городского или районного Совета народных депутатов" заменить словами "местными исполнительными органами государственной власти";

в подпункте "б" пункта 3 слова "единиц местного самоуправления первичного уровня" заменить словами "городов и районов";

в пункте 9 слова "в размере однократной минимальной заработной платы","в размере двукратной минимальной заработной платы", "в размере трехкратной минимальной заработной платы" соответственно заменить словами" в однократном размере показателя для расчетов","в двукратном размере показателя для расчетов","в трехкратном размере показателя для расчетов", а слово "других" исключить;

в пункте 19 слова "Главархив Республики" заменить словами "Главное архивное управление при Правительстве Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                      Эмомали Рахмон

от 31 октября 2008 года №541

 ш. Душанбе