ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, дар соҳаи пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва мутобиқн моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳоп психотропӣ ва прекурсорҳо" фармон медиҳам:
1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суилстеъмоли маводи нашъадор дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.
2. Низомномаи замимагардидаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор тасдиқ карда шавад.
3. Раисонп Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳамоҳангсозиро оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор таъсис диҳанд.
4. Ташкил ва гузаролидани ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ба зиммаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
3 апрели соли 2004 № 1310
Бо Фармони Президенти
аз 3 апрели соли 2004 № 1310
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раис;
Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раис;
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раис;
Сардори шӯъбаи назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиб.
АЪЗОИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ:
Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумита оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон;
Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сармутахассиси Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сармутахассиси Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
УКАЗ
ОБ ОБРАЗОВАНИИ КООРДИНАЦИОННОГО СОВЕТА ПО ПРОФИЛАКТИКЕ ЗЛОУПОТРЕБЛЕНИЯ НАРКОТИКАМИ
С целью координации деятельности министерств, ведомств, организаций, независимо от форм собственности в области профилактики злоупотребления наркотиками, и в соответствии со статей 5 Закона Республики Таджикистан "О наркотических средствах, психотропных веществах и прекурсорах" постановляю:
1. Образовать Координационный совет по профилактике злоупотребления наркотиками в прилагаемом составе.
2. Утвердить прилагаемое Положение о Координационном совете по профилактике злоупотребления наркотиками.
3. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской, Хатлонской областей, города Душанбе и городов и районов республиканского подчинения образовать областные, городские и районные советы по координации профилактики злоупотребления наркотиками.
4. Организация и проведение совещаний Координационного совета по профилактике злоупотребления наркотиками возлагается на Агентство по контролю наркотиков при Президенте Республики Таджикистан.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе
3 апреля 2004 года № 1310