ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАНБӯРПАРВАРӢ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)
Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, муҳофизат, истифода ва афзоишдиҳии оилаҳои занбӯри асал, самаранок истифода бурдани онҳо барои гардолуд кардани набототи энтомофилӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои афзун гардонидани маҳсулоти соҳаи занбӯриасалпарварӣ, инчунин зироаткорӣ, таъмини кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, танзим менамояд .
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
занбӯриаслпарварӣ - соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки асоси кори он парвариш, нигаҳдорӣ ва истифодаи занбӯри асал барои гардолуд кардани набототи энтомофилӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, ба даст овардани маҳсулотҳои занбӯриасалпарварӣ мебошад ;
занбӯрпарвар - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғул аст ;
оилаи занбӯри асал - воҳиди томи биологӣ, ки аз занбӯрҳои коргар, нарзанбӯр ва модарзанбӯр иборат буда, дар хоначаҳои занбӯрқуттӣ ё лонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд;
қуттиҳои занбӯри асал - қуттиҳое, ки барои нигоҳдории оилаи занбӯри асал сохта шудаанд;
занбӯрҷой - ҷойи муайяне, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал бо таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳубин ва парвариши занбӯри асал гузошта мешаванд ;
занбӯрҷойи доимӣ - ҷойи доимие, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар давоми сол нигоҳ дошта мешаванд ;
занбӯрҷои сайёр - қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал, ки тавассути кӯчонидан ба манбаъҳои ҷамъоварии асал ё майдонҳои набототи энтомофилӣ гузошта мешаванд;
хоҷагии зотпарварӣ ва минтақаҳои зотпарварӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ, ки аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аттестатсия шудаанд ва ба парваришу фурӯши оилаҳои занбӯри асали зотӣ, модарзанбӯрҳои зоти муайян машғуланд ;
оилаи занбӯри асали зотӣ - оилаи сермаҳсули занбӯрҳои асали зоти асил, ки ба насли худ аломатҳои зотии худро комилан мегузаронад;
модарзанбӯр - занбӯри модае, ки афзоишёбии оилаҳои занбӯри асалро таъмин менамояд ;
зоти занбӯри асал - гурӯҳи оилаҳои занбӯри асал, ки дар шароитҳои муайяни хоҷагӣ ва табиӣ бо таъсири интихоби табиӣ ва сунъӣ ташаккул ёфта, хусусиятҳои зотӣ ва хоҷагиашро аз насл ба насл пурра мегузаронад;
маводи занбӯриасалпарварӣ - маводҳое, ки тариқи ҷамъоварии занбӯри асал ва хусусиятҳои физиологии онҳо гирифта мешавад (асал, мум, гарди гул, ширеш, шири занбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра), инчунин худи занбӯри асал ва кирминаи он ;
мумварақ - варақчаҳои тунуки ба тарзи сунъӣ аз мум сохташуда, ки андоза ва қолаби муайяни чашмакҳоро дорад;
шиносномаи байтории занбӯрҷой- ҳуҷҷате, ки маҳалли муваққатӣ ё доимии занбӯрҷой, миқдори оилаҳои занбӯри асал, зоти он, мӯҳлат ва амалиётҳои байториро бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи амрози онҳо дар бар мегирад ;
набототи энтомофилӣ - набототе, ки дар табиат мерӯянд ва дар соҳаи кишоварзӣ кишт гардида, бо ёрии ҳашарот гардолуд мешаванд ;
мақомоти махсуси ваколатдор - мақомоти давлатие, ки фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ назорат менамояд .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
БОБИ 2. АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӯРПАРВАРӢ
Моддаи 3. ҳуқуқ барои машғул шудан ба занбӯрпарварӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба занбӯрпарварӣ ҳуқуқ доранд.
Машғул шудан ба фаъолияти занбӯриасалпарварӣ бе гирифтани иҷозатнома сурат мегирад .
Занбӯрпарварон метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятиро доир ба занбӯриасалпарварӣ ташкил намоянд .
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии занбӯрпарварон ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ахборот талаб намоянд ва гиранд .
Моддаи 4. Тартиби додани қитъаи замин барои ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал
Ҷудо кардани қитъаи замин барои ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиб ва шартҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин танзим мегардад.
Ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал дар заминҳои фонди ҷангал бидуни расонидани зарар ба ҳолати ҷангал бо тартиб ва шартҳои муқарраркардаи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 5. Истифодаи оилаҳои занбӯри асал барои гардолуд кардани набототи энтомофилии кишоварзӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки набототи энтомофилии кишоварзӣ парвариш мекунанд, бо мақсади гардолудкунӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо дар асоси шартнома мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пардохти хизмат оилаҳои занбӯри асали дар моликияти шахсони дигар бударо истифода бурда метавонанд.
Моддаи 6. Ташкили занбӯрҷой ва истифодаи замин дар он
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба занбӯриасалпарварӣ аз оилаҳои занбӯри асал занбӯрҷой ташкил менамоянд, ки он дорои бинои ёрирасон, таҷҳизот буда, дар қитъаи замини истифодабарандаи ӯ воқеъ мегардад .
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, метавонанд бо мувофиқат бо истифодабарандагони замин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қитъаҳои заминро истифода баранд .
Шумораи оилаҳои занбӯри асале, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд нигоҳ доранд, маҳдуд карда намешавад.
Дар занбӯрҷойҳо бояд танҳо ҳамон зоти занбӯри асали дар ин ё он маҳал мутобиқгардида мувофиқи нақшаи ноҳиябандӣ, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ тасдиқ намудааст, нигоҳ дошта шавад.
Моддаи 7. Ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қуттиҳои занбӯри асалро дар маҳалҳое ҷойгир менамоянд, ки амнияти одамон таъмин карда шавад.
Тартиби танзими ҷойгиронии бехавфи қуттиҳои занбӯри асалро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамоянд .
Занбӯрҷои сайёр бояд дар манбаи ҷамъоварии асал дар масофаи на камтар аз якуним километр яке аз дигараш ва се километр аз занбӯрҷои доимӣ воқеъ гардида бошад. Ба ҷойгиронии занбӯрҷойҳои доимӣ ва сайёр дар роҳи парвози занбӯрҳои асали пештар дар манбаъҳои ҷамъоварии асал ҷойгиршуда роҳ дода намешавад.
Моддаи 8. Андозбандии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд
Андозбандии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо занбӯриасалпарварӣ машғуланд, мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
БОБИ 3. МУҲОФИЗАТИ ЗАНБӯРИ АСАЛ
Моддаи 9. Муҳофизат ва афзоишдиҳии занбӯри асал
Муҳофизат ва афзоишдиҳии занбӯри асал аз ҷониби соҳибонашон тавассути чораҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
- муҳофизати муҳити зист, шароити афзоишёбӣ, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва роҳҳои ҷойивазкунии занбӯри асал;
- хизматрасонии байторию санитарии занбӯрҷойҳо;
- хизматрасонии илман асосноки зоотехникӣ;
- таъмини теъдоди кофии оилаҳои занбӯри асал дар маҳалли ҷойгир кардани онҳо ;
- истифодаи илман асоснок ва дурусти занбӯри асал;
- муҳофизати оилаҳои занбӯри асал дар маҳалҳои зисти мавсимӣ аз паррандаҳо ва дигар ҳашаротҳои занбӯрхӯр;
- андешидани чораҳои пешгирии харобкунӣ ва қасдан нобуд сохтани оилаҳои занбӯри асал (;
- муҳофизати оилаҳои занбӯри асал ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви ва дигар доруҳо ;
- мусоидат барои бемамониат кашонидани оилаҳои занбӯри асал;
- ташкили татқиқоти илмӣ оид ба муҳофизат ва афзоишдиҳии занбӯри асал .
Моддаи 10. Муҳофизати муҳити зист, шароитҳои афзоишдиҳӣ, маҳалли кӯчонидан ва роҳҳои ҷойивазкунии занбӯри асал
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо боиси кам шудани шумораи занбӯри асал мегардад, ӯҳдадоранд барои муҳофизати онҳо, маҳфуздории муҳити зисташон, дахлнопазирии қитъаҳо ва набототе, ки барои фаъолияти занбӯри асал арзиши махсус доранд, гузаронидани чораҳои заруриро таъмин намоянд.
Моддаи 11. Муҳофизати занбӯри асал ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви
Истифодаи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви барои коркарди наботот маводҳои бояд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад .
Номгӯи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви, ки барои коркарди наботот маводҳои истифода мешаванд, мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ тасдиқ менамояд .
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои коркарди наботот маводҳои воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви истифода мебаранд, ӯҳдадоранд панҷ рӯз пеш аз оғози корҳо дар ин бора занбӯрпарваронро, ки дар ҳудуди то ҳафт километр аз қитъаҳои коркардашаванда занбӯрҷой доранд, дар бораи доруи истифодашаванда ва дараҷаи заҳрнокии он ба таври хаттӣ огоҳ намоянд .
Моддаи 12. Муҳофизати занбӯри асал ҳангоми гузаронидани корҳои хоҷагӣ дар ҷангал
Буридани дарахтон ва буттаҳо - манбаъҳои ҷамъоварии асал, ба истиснои мавридҳои беҳсозии ҳолати санитарии ҷангалҳо ва шароитҳои барқарорсозии онҳо .
Моддаи 13. Муҳофизати занбӯри асал дар шароити муҳити зисти онҳо
Фаъолият оид ба истифодаи хусусиятҳои муфиди занбӯри асал, инчунин ба даст овардани маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ дар муҳити зисти он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот сурат мегирад .
Хароб кардани лона дар табиат ва дигар ҷойҳои сукунати оилаҳои занбӯри асал дар шароити муҳити зисти онҳо, инчунин ҷудо карда гирифтани асал аз лонаҳои оилаҳои занбӯри асал манъ аст .
Дар ҳолатҳое, ки оилаи занбӯри асал дар муҳити зисташ ба фаъолияти инсон душворӣ орад, кӯчонидан ё нобуд кардани чунин оилаи занбӯри асал ҳангоми имконнопазир будани кӯчонидани он бо иштироки мутахассисони соҳаи занбӯриасалпарварӣ сурат мегирад .
Моддаи 14. Кашонидани (кӯчонидани) оилаҳои занбӯри асал ба майдонҳои набототи гарди гул ва шаҳддор
Кашонидани (кӯчонидани) оилаҳои занбӯри асал бояд бо риояи қоидаҳои байторию санитарӣ мувофиқи чораҳои бехатарӣ анҷом дода шавад.
Боздории воситаҳои нақлиёте, ки қуттиҳои занбӯри асалро мекашонанд (мекӯчонанд), бояд бидуни хавфи нобудшавии оилаҳои занбӯри асал сурат гирад.
БОБИ 4.ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӯРПАРВАРӢ
Моддаи 15. Салоҳияти мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Хорич карда шуд .
Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ салоҳияти зерин дорад :
- амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ;
- ташкили таҳияи барномаҳои давлатии тараққии соҳаи занбӯриасалпарварӣ ;
- назорати давлатӣ ба тараққиёт ва муҳофизати занбӯриасалпарварӣ ;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар доираи салоҳияти додашуда ;
- амалӣ гардонидани чораҳо оиди пешгирии заҳролудшавии занбӯри асал аз пестисидҳо ва маводҳои агрокимиёвӣ;
- мутобиқгардонии корҳои селексионӣ - зотпарварӣ ва ташкили дастгирии давлатии корҳои зотпарварӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи зотпарварӣ ;
- амалисозии назорати қатъии фаъолияти ҳоҷагиҳо, минтақаҳои зотпарварӣ ва занбӯрҷойҳои селексионӣ ;
- мутобиқгардонии фаъолият оид ба тарбияи мутахассисон ва такмилдиҳии ихтисоси онҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ;
- муҳофиза(Қот ва ташкили татқиқоти илмӣ, афзоиш ва истеҳсоли маводҳои селексионии занбӯри асал ();
- вазифаҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 16. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбӯри асал
Ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани оилаҳои занбӯри асал мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 17. Пешгирии касалиҳои занбӯри асал, табобати онҳо, мубориза бо зараррасонҳои оилаҳои занбӯри асал
Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани занбӯрҷой ва гузаронидани чорабиниҳои байторӣ ба занбӯрҷой шиносномаи байторӣ дода мешавад .
Шакли шиноснома ва тартиби додани онро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд .
Пешгирии касалиҳои занбӯри асал, муолиҷаи онҳо, мубориза бо зараррасонҳои оилаҳои занбӯри асал, инчунин истеҳсоли мумварақҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 18. Экспертизаи байторию санитарӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Маҳсулоти истеҳсолшуда ё тайёркардашудаи занбӯриасалпарварӣ баъди гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ ба фурӯш бароварда мешавад .
Моддаи 19. Корҳои селексионӣ-зотпарварӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оиди афзоишдиҳӣ ва истифодаи оилаҳои занбӯри асали зотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ сурат мегирад.
Бо максади маҳфуздорӣ ва мукаммалсозии зотҳо, истеҳсолу фурӯши маводхои селексионӣ ва таъмин намудани шахсони воқеӣ ва хукуқӣ бо ин маводҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ хоҷагиҳои зотпарварӣ ва минтақаҳои зотпарвариро тасдиқ менамояд .
Дар атрофи хоҷагиҳо ва минтақаҳои зотпарварӣ дар ҳудуди ҳафт километр қитъаҳои муҳофизатӣ муқаррар карда мешаванд, ки ба ин ҳудуд даровардани оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯри дигар зотҳо, инчунин оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯри пайдоишаш номаълум манъ аст.
Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбуриасалпарварӣ дар ин хоҷагиҳо ва минтақаҳои зотпарварӣ тартиби махсуси афзоишдиҳии оилаҳои занбӯри асалро муқаррар менамояд .
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
8 декабри соли 2003 № 51
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О пчеловодстве
(в редакции Закона РТ от 31.12.2008г.№469)
Настоящий Закон регулирует отношения в области производства продуктов пчеловодства, охраны, использования и воспроизводства пчелиных семей, их эффективного применения для опыления энтомофильных культур, создания условий для повышения продуктивности пчеловодства, а также растениеводства, обеспечения гарантий соблюдения прав и интересов физических и юридических лиц, занимающихся пчеловодством.
ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 1. Основные понятия
В настоящем Законе используются следующие основные понятия:
пчеловодство - отрасль сельскохозяйственного производства, основой функционирования которой являются разведение, содержание и использование пчел для опыления энтомофильных растений и повышения их урожайности, получения продуктов пчеловодства;
пчеловод - физическое или юридическое лицо, занимающееся пчеловодством;
пчелиная семья - целостная биологическая единица, состоящая из рабочих пчел, трутней и пчелиной матки, отдельно живущих в улье или в гнезде;
улей - сооружение для содержания пчелиной семьи;
пасека - размещенные в определенном месте ульи с пчелиными семьями и необходимое имущество для занятия пчеловодством;
стационарная пасека-пасека, размещенная на постоянном месте в течение года;
кочевая пасека - пасека, которая посредством перемещения размещается у источников медосбора или массивов энтомофильных растений;
- племенное хозяйство и племенные зоны - хозяйствующие субъекты, аттестованные специальным уполномоченным государственным органом в отрасли пчеловодства и осуществляющие о разведение и реализацию племенных пчелиных семей, племенных пчелиных маток определенной породы();
племенная пчелиная семья - высокопродуктивная семья чистопородных пчел, устойчиво передающая потомству свои породные признаки;
пчелиная матка - самка, обеспечивающая воспроизводство пчелиной семьи;
порода пчел - группа пчелиных семей, сформировавшаяся под влиянием естественного и искусственного отбора в определенных хозяйственных и климатических условиях, обладающих хозяйственной и племенной ценностью и устойчиво передающих от поколения к поколению свои признаки;
продукты пчеловодства - продукты, полученные благодаря собирательным и физиологическим свойствам пчел (мед, воск, перга, прополис, маточное молоко, пчелиный яд и другие), а также сами пчелы и их личинки ();
вощина - искусственно изготовленные тонкие восковые листы соответствующего размера с оттиснутыми на них основами ячеек;
ветеринарный паспорт пасеки - документ, в котором указываются местоположение, временное или постоянное место расположения пасеки, количество пчелиных семей, их племенные признаки, сроки и характер проведенных ветеринарных обработок с целью профилактики, диагностики и лечения болезней пчел;
- энтомофильные растения - опыляемые насекомыми растения, произрастающие в природе и выращиваемые в сельском хозяйстве;
- специально уполномоченный орган - государственный орган, контролирующий деятельность в отрасли пчеловодства().
Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о пчеловодстве
Законодательство Республики Таджикистан о пчеловодстве основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, иных нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.
ГЛАВА 2. ОСУЩЕСТВЛЕНИЕ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ В ОБЛАСТИ ПЧЕЛОВОДСТВА
Статья 3. Право на занятие пчеловодством
Право на занятие пчеловодством имеют физические и юридические лица.
Занятие пчеловодческой деятельностью осуществляется без получения на то лицензии.
Пчеловоды могут создавать общественные объединения по пчеловодству.
Общественные объединения пчеловодов вправе в установленном порядке потребовать и получить от органов местного самоуправления информацию о деятельности в сфере пчеловодства.
Статья 4. Порядок предоставления земельного участка для размещения пасек
Физическим и юридическим лицам для размещения пасек предоставляются земельные участки в порядке и на условиях, установленных земельным законодательством Республики Таджикистан.
Размещение пасек на землях лесного фонда осуществляется без причинения вреда лесной среде в порядке и на условиях, определённых лесным законодательством Республики Таджикистан.
Статья 5. Использование пчелиных семей для опыления сельскохозяйственных энтомофильных растений
Физические и юридические лица, осуществляющие деятельность по возделыванию сельскохозяйственных энтомофильных растений, в целях повышения их урожайности могут использовать пчелиные семьи находящиеся в собственности других лиц, с оплатой услуг по организации опыления сельскохозяйственных энтомофильных растений на основании договора в соответствии с гражданским законодательством Республики Таджикистан.
Статья 6. Формирование пасеки и землепользование на ней
Физические и юридические лица для занятия пчеловодством формируют пасеку из пчелиных семей, которая имеет подсобное помещение, оборудование и размещается на земельном участке, находящемся в их пользовании.
Физические и юридические лица, занимающиеся пчеловодством, могут использовать другие земельные участки по согласованию с землепользователями в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Количество пчелиных семей, которое может содержаться физическими и юридическими лицами, не ограничивается.
На пасеках должны содержаться пчелы только районированных в той или иной местности пород согласно плана их породного районирования, утвержденного уполномоченным государственным органом в области племеноводства.
Статья 7. Размещение пасек
Физические и юридические лица размещают пасеки в местах, где обеспечивается безопасность людей.
Порядок регулирования безопасного размещения пасек определяется местными исполнительными органами государственной власти().
Кочевые пасеки должны размещаться у источников медосбора на расстоянии не ближе полутора километров одна от другой и трех километров от стационарных пасек. Не допускается размещение стационарных и кочевых пасек на пути лета пчел с другой ранее размещенной пасеки к источникам медосбора.
Статья 8. Налогообложение физических и юридических лиц, занимающихся пчеловодством
Налогообложение физических и юридических лиц, занимающихся пчеловодством, осуществляется в соответствии с Налоговым кодексом Республики Таджикистан.
ГЛАВА 3. ОХРАНА ПЧЕЛ
Статья 9. Охрана и воспроизводство пчел
Охрана и воспроизводство пчел осуществляются собственником посредством следующих мер:
охраны среды обитания пчел, условий размножения, мест расположения и путей миграции пчел;
ветеринарно-санитарного обслуживания пасек;
научно обоснованного зоотехнического обслуживания;
обеспечения оптимального количества пчелиных семей в ареалах их расселения;
научно обоснованного и рационального использования пчел;
охраны пчелиных семей на местах сезонных кочевок от птиц и других насекомых, уничтожающих их;
принятия мер по предупреждению разорения и умышленного уничтожения пчелиных семей;
охраны пчелиных семей при применении средств защиты растений, агрохимических препаратов и других препаратов();
содействия в беспрепятственной перевозке пчелиных семей;
организации научных исследований в области охраны и воспроизводства пчел.
Статья 10. Охрана среды обитания, условий размножения, мест кочевок и путей миграции пчел
Физические и юридические лица, деятельность которых может привести к сокращению численности пчел, обязаны обеспечивать проведение мероприятий по их охране, сохранению среды их обитания, неприкосновенность участков и растений, представляющих особую ценность для сохранения и жизнедеятельности пчел.
Статья 11. Охрана пчел при применении средств защиты растений, агрохимических препаратов
Применение средств защиты растений, агрохимических препаратов для обработки растений должно осуществляться в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
Перечень средств защиты растений, агрохимических препаратов, применяемых для обработки растений, утверждается специальном уполномоченным государственным органом в отрасли пчеловодства.
Физические и юридические лица, применяющие средства защиты растений, агрохимических препараты для обработки растений обязаны за пять дней до начала работы письменно предупредить об этом пчеловодов, имеющих пасеки в радиусе до семи километров от обрабатываемых участков, сообщить о применяемом препарате, его токсичности().
Статья 12. Охрана пчел при проведении лесохозяйственных работ
Запрещается рубка деревьев и кустарников - источников медосбора, кроме случаев улучшения санитарного состояния лесов и условий их воспроизводства().
Статья 13. Охрана пчел в условиях среды их обитания
Деятельность по использованию полезных свойств пчел, а также получению продуктов пчеловодства в условиях среды их обитания осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан об охране и использовании животного мира.
Запрещается разорение гнезд в природе и других мест поселения пчелиных семей в условиях среды их обитания, а также отбор меда из гнезд пчелиных семей().
В случае, если пчелиная семья в условиях среды ее обитания осложняет жизнедеятельность человека, переселение или уничтожение при невозможности переселения такой пчелиной семьи проводится при участии специалистов в области пчеловодства.
Статья 14. Перевозка (кочевка) семей в места произрастания пыльце-и медоносных растений пчел
Перевозка (кочевка) пчелиных семей должна осуществляться с соблюдением ветеринарно-санитарных правил согласно мер безопасности.
Задержка транспортных средств, осуществляющих перевозку (кочевку), должна проводиться без угрозы гибели пчелиных семей.
ГЛАВА 4. ГОСУДАРСТВЕННОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ В ОБЛАСТИ ПЧЕЛОВОДСТВА
Статья 15. Полномочия специально уполномоченного государственного органа в отрасли пчеловодства
исключена ()
Специально уполномоченный государственный орган в отрасли пчеловодства имеет следующие полномочия:
проведение государственной политики в области пчеловодства;
организацию разработки государственных программ развития в области пчеловодства;
государственный контроль за развитием и охраной пчеловодства;
разработку и утверждение нормативных правовых актов в области пчеловодства в пределах предоставленных полномочий;
проведение мероприятий по предотвращению отравления пчел пестицидами и агрохимикатами;
координацию селекционно-племенной работы и организацию государственной поддержки племенного дела в области пчеловодства в соответствии с законодательством о племеноводстве;
организацию строгого контроля за деятельностью племенных хозяйств, племенных зон и селекционных пасек;
координацию деятельности по подготовке и переподготовке специалистов в области пчеловодства;
международное сотрудничество в области пчеловодства;
защита и организация научных исследований, воспроизводства пчел и производства селекционных продуктов пчеловодства;
иные функции в соответствии с законодательством Республики Таджикистан().
Статья 16. Регистрация и учет пчелиных семей
Регистрация и учет пчелиных семей осуществляется в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.
Статья 17. Профилактика болезней пчел, их лечение, борьба с вредителями пчелиных семей
С целью учета пасек и осуществления ветеринарных мероприятий на пасеку выдается ветеринарный паспорт().
Форма паспорта и порядок его выдачи устанавливаются уполномоченным государственным органом().
Профилактика болезней пчел, их лечение, борьба с вредителями пчелиных семей, а также производство вощины проводятся в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о ветеринарии.
Статья 18. Ветеринарно-санитарная экспертиза в области пчеловодства
Произведенные или заготовленные продукты пчеловодства подлежат реализации после проведения ветеринарно-санитарной экспертизы в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан о ветеринарии.
Статья 19. Селекционно-племенная работа в области пчеловодства
Деятельность физических и юридических лиц по разведению и использованию племенных пчелиных семей осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о племеноводстве.
В целях сохранения, совершенствования пород, производства и реализации селекционной продукции и обеспечения физических и юридических лиц этой продукцией по предложению специально уполномоченного государственного органа в отрасли пчеловодства Правительство Республики Таджикистан утверждает племенные хозяйства и племенные зоны().
Вокруг племенных хозяйств и племенных зон устанавливаются защитные участки с радиусом семь километров, на территорию которых запрещается ввоз пчел и пчелиных маток других пород, а также пчел и пчелиных маток неизвестного происхождения.
Специально уполномоченный государственный орган в отрасли пчеловодства республики в этих племенных хозяйствах и зонах устанавливает особый режим воспроизводства пчелиных семей().
ГЛАВА 5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 20. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица, виновные в нарушении настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии законодательством Республики Таджикистан.
Статья 21. Порядок введения в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе,
8 декабря 2003 года № 51