×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 820 "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1993 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ

Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, ҳифз, истифода ва афзоиши оилаҳои занбӯри асал, самаранок истифода бурдани онҳо барои гардолуд кардани растаниҳои энтомофилӣ, фароҳам овардани шароит барои афзун гардонидани маҳсулоти занбӯри асал, инчунин зироаткорӣ, таъмини кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- занбӯриасалпарварӣ - парвариш, ҳифз ва нигаҳдории занбӯри асал, ки истифодаи он барои гардолуд намудани растаниҳои энтомофилӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, гирифтани маҳсулоти занбӯри асал равона шудааст;

- занбӯрпарвар - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғул мебошад;

- оилаи занбӯри асал - воҳиди томи биологӣ, ки аз занбӯрони корӣ, нарзанбӯрон ва модарзанбӯр иборат буда, дар як қуттии занбӯри асал ё лона сукунат доранд;

- модарзанбӯр - занбӯри модинае, ки оилаҳои занбӯри асалро афзун мегардонад;

- селаи занбӯри асал - оилаи нави занбӯри асал, ки аз оилаи асосии занбӯри асал пайдо шуда, аз он ҳангоми оилаҷудокунии табиӣ мустақилона берун шудааст;

- гурӯҳи занбӯри асал - маҷмӯи оилаҳои занбӯри асал дар доираи зоти занбӯри асал, ки дар ҳудуди муайян ташаккул ёфта, ирсияти умумӣ дорад;

- қуттии занбӯри асал - ҷиҳоз барои нигоҳдории оилаи занбӯри асал;

- занбӯрҷой - мавзеи муайяне, ки қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал ва таҷҳизоти барои занбӯриасалпарварӣ зарур дар он ҷойгир карда шудаанд;

- занбӯрҷойи доимӣ - мавзее, ки дар давоми сол қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал дар он доимӣ ҷойгир карда шудаанд;

- занбӯрҷойи сайёр - мавзее, ки қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал тавассути кӯчонидан ба манбаъҳои ҷамъоварии асал гузошта мешаванд;

- асал - маҳсулоти табиие, ки онро занбӯри асал аз шираи растаниҳо ҷамъоварӣ менамояд;

- мум - маҳсулоте, ки онро занбӯри корӣ аз ғадудҳои мумҷудокуниаш хориҷ менамояд;

- гарди гул - маҳсулоте, ки занбӯри корӣ аз гули наботот ҷамъоварӣ менамояд;

- ширеш - маҳсулоте, ки занбӯри корӣ аз шираи гулҳо ҷамъоварӣ менамояд;

- шири занбӯр - маҳсулоте, ки онро занбӯри корӣ аз ғадудҳои болоиаш истеҳсол менамояд;

- заҳри занбӯр - маҳсулоте, ки онро занбӯри корӣ аз нешаш ҷудо менамояд;

- мумварақ - варақчаҳои тунуки ба таври сунъӣ аз мум сохташуда, ки қолаби чашмакдори андозаҳояшон муайянро доранд;

- шиносномаи байторию санитарии занбӯрҷой - ҳуҷҷате, ки мавзеи муваққатӣ ё доимии занбӯрҷой, миқдори оилаҳои занбӯри асал, зоти онҳо, мӯҳлат ва амалиётҳои байториро бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи касалиҳои онҳоро дар бар мегирад;

- растаниҳои энтомофилӣ- растаниҳое, ки тавассути ҳашарот гардолуд мешаванд;

- манбаи асалғундорӣ - шира ва гарди гули растаниҳое, ки барои занбӯри асал ҳам манбаи ғизои табиӣ ва ҳам асалғундорӣ мебошанд;

- хоҷагиҳои зотпарварӣ - субъектҳои хоҷагидорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аттестатсия шуда, оилаҳаи занбӯри асали зотӣ ва модарзанбӯрҳои бордоршудаи зоти муайянро парвариш менамоянд ва мефурӯшанд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ- мақоми давлатие, ки танзими давлатии соҳаи занбӯриасалпарвариро дар доираи ваколатҳояш амалӣ менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ

Моддаи 3. Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд фаъолияти соҳибкориро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ амалӣ намоянд.

2. Шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, ҳуқуқ доранд фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои қонеъ гардонидани талаботи шахсиашон амалӣ намоянд.

3. Занбӯрпарварон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил кардани иттиҳодияҳои занбӯриасалпарвариро доранд.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд маълумотро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ талаб карда гиранд.

Моддаи 4. Шумораи оилаҳои занбӯри асал

1. Шумораи оилаҳои занбӯри асали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳдуд намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд ҷойгиронии шумораи оилаҳои занбӯри асали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар доираи сарҳади минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо вобаста ба шароити нигаҳдории занбӯри асал мутобиқи меъёр ва қоидаҳои байторию санитарӣ муқаррар намоянд.

3. Ҷойгиронии шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳудудҳои дахлдори ташкилотҳои ғайритиҷоратии боғдорию полезкории коллективӣ аз ҷониби маҷлиси умумии ин ташкилотҳо муайян карда мешавад.

Моддаи 5. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбӯри асал

Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбӯри асал бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Моддаи 6. Ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асалро дар қитъаҳои замини мавриди истифодаашон бо риояи меъёр ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбӯри асал ҷойгир менамоянд.

2. Занбӯрпарвар қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асалро аз муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фароғатию фарҳангӣ дар масофае ҷойгир менамояд, ки ба одамон зарар нарасонанд. Тартиби ҷойгиронии бехатари қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда мешавад.

3. Қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал дар қитъаи замин дар масофаи на камтар аз панҷ метр аз сарҳади қитъаи замин ва дар баландии на камтар аз ду метр ҷойгир карда мешаванд ё аз қитъаи замини ҳамсоя бо бино, иморат, иншоот, девори яклухт ё буттазори зичӣ баландиашон на камтар аз ду метр ҷудо карда мешаванд.

Моддаи 7. Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

1. Қитъаҳои замин барои фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда мешаванд.

2. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки барои ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал бештар мувофиқ мебошанд, ҳуқуқ доранд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машғули занбӯриасалпарварӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гулкунии манбаъҳои асалғундорӣ, ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асалро, новобаста ба макони бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал, иҷозат диҳанд.

3. Занбӯрҷойҳои сайёр дар назди манбаъҳои асалғундорӣ дар чунин масофае ҷойгир карда мешаванд, ки барои нигоҳдории пурмаҳсули оилаҳои занбӯри асал ва гардолуд шудани растаниҳои кишоварзии энтомофилӣ мусоидат намоянд.

4. Занбӯрҷойҳои сайёр бояд дар назди манбаъҳои асалғундорӣ дар масофаи на камтар аз якуним километр яке аз дигараш ва се километр аз занбӯрҷойи доимӣ воқеъ гардида бошанд.

5. Интихоб намудани занбӯрҷойҳои сайёр дар роҳи парвози занбӯри асал аз занбӯрҷойи дигари пештар ба манбаи асалғундорӣ ҷойгиршуда манъ мебошад.

6. Занбӯрпарварон ӯҳдадоранд, ки пас аз ҷойгиронии занбӯрҷойи сайёр ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба он маълумот диҳанд ва шиносномаи байторию санитарии занбӯрҷойро пешниҳод намоянд.

7. Дар занбӯрҷойҳо бояд танҳо зотҳои занбӯри асали ба ин ё он маҳал мутобиқгардида мувофиқи нақшаи ноҳиябандӣ, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ тасдиқ намудааст, нигоҳ дошта шавад.

Моддаи 8. Истифодаи оилаҳои занбӯри асал барои гардолуд намудани растаниҳои энтомофилӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти парвариши растаниҳои энтомофилиро амалӣ менамоянд, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо метавонанд оилаҳои занбӯри асали дар моликияти шахсони дигар қарордоштаро бо пардохти ҳаққи хизмати ташкили гардолуд намудани растаниҳои энтомофилӣ дар асоси шартномаҳо тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

Моддаи 9. Маҳсулоти соҳаи занбӯриасалпарварӣ

1. Маҳсулоти соҳаи занбӯриасалпарварӣ тавассути хусусиятҳои ҷамъоварӣ ва физиологии занбӯри асал дастрас мешавад.

2. Маҳсулоти асосии соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз асал иборат буда, ба маҳсулоти дуюмдараҷаи он мум, мумварақҳо, гарди гул, ширеш, шири занбӯр ва заҳри занбӯр дохил мешаванд.

БОБИ 3. МАСЪАЛАҲОИ МОЛИКИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ

Моддаи 10. Объекти моликият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

Объекти моликият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ оилаи занбӯри асал, селаи занбӯри асал ва дигар таҷҳизоти барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ зарурӣ мебошад.

Моддаи 11. Ҳуқуқ барои баргардонидани селаи занбӯри асали паридарафта

Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки селаи занбӯри асалро аз даст додааст, барои баргардонидани он ҳуқуқ дорад. Дар ин маврид шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки селаи занбӯри асалро аз даст додааст, ҳуқуқ дорад онро ҷамъ намояд, агар селаи занбӯри асал дар ҳудуди бегона маскан гирифта ё дар қуттии холии бегона ҷойгир шуда бошад.

Моддаи 12. Ҳуқуқи ҷуброни арзиши селаи занбӯри асали паридарафта

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки селаи занбӯри асалро аз даст дода, онро бе танаффус ҷустуҷӯ намудаанд, барои ҷуброни арзиши селаи занбӯри асали паридарафта ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки селаи занбӯри асал ба қуттии занбӯри асале даромада бошад, ки дар моликияти шахси дигари воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ қарор дорад.

2. Арзиши селаи занбӯри асали паридарафта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 13. Селаи занбӯри асали бесоҳиб

1. Селаи занбӯри асале, ки аз ҷониби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ҷустуҷӯ карда намешавад ё селаи занбӯри асали пайдоишаш номаълум бесоҳиб ҳисобида мешавад.

2. Ҳуқуқи моликият ба селаи занбӯри асали бесоҳиб тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ

Моддаи 14. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ инҳоянд:

- тасдиқи барномаҳои ҷумҳуриявии мақсадноки рушди занбӯриасалпарварӣ, барномаҳои дахлдори минтақавӣ;

- тасдиқи меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;

- ҳавасмандгардонии иқтисодии соҳаи занбӯриасалпарварӣ;

- мусоидат барои ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолият доир ба тарбияи мутахассисон ва такмили ихтисоси онҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;

- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 15. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- татбиқи барномаҳои соҳавии рушди занбӯриасалпарварӣ;

- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- таъмини назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбӯри асал, сифати маҳсулоти занбӯри асал;

- таъмини амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешгирии касалиҳои занбӯри асал, табобат, мубориза бо ҳашароти зараррасони оилаҳои занбӯри асал ва пешгирии заҳролуд гардидани занбӯри асал аз пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ;

- назорати фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ, минтақаҳои зотпарварӣ ва занбӯрҷойҳои селексионӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти селексионию зотпарварӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, мусоидат ба рушди репродукторҳои зотпарварӣ (занбӯрҷойҳои селексионӣ) ва парваришгоҳҳои занбӯри асал;

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;

- ташкили таҳқиқотҳои илмие, ки ба ҳифз ва афзоишдиҳии занбӯри асал равона гардидаанд.

Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- назорат оид ба рушд ва ҳифзи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар қаламрави дахлдор;

- ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба тарбияи мутахассисон ва такмили ихтисоси онҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ.

Моддаи 17. Тадбирҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

1. Мақсади дастгирии давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ таъмини талаботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз ҳисоби истеҳсоли онҳо аз ҷониби молистеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

2. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

- ҷудо намудани маблағҳои давлатӣ;

- додани қарзҳои имтиёзнок;

- андешидани чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ;

- инвеститсия ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ.

БОБИ 5. ҲИФЗИ ЗАНБӯРИ АСАЛ

Моддаи 18. Ташкили ҳифзи занбӯри асал, назорати зоотехникӣ ва байторию санитарӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

1. Ташкили ҳифзи занбӯри асал аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбӯри асал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 19. Талаботи асосӣ барои ҳифзи занбӯри асал

Талаботи асосӣ барои ҳифзи занбӯри асал инҳоянд:

- таъмини хизматрасонии аз ҷиҳати илмӣ асосноки зоотехникӣ, истифода ва афзоишдиҳии занбӯри асал;

- ҳифзи муҳити табиии зисти занбӯри асал, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва роҳҳои кӯчонидани занбӯри асал;

- таъмини хизматрасонии байторию санитарии занбӯри асал.

Моддаи 20. Таъмини ҳифзи занбӯри асал

Ҳифзи занбӯри асал тавассути тадбирҳои зерин таъмин мегардад:

- аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя намудани меъёрҳо ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбӯри асал ва ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал дар назди манбаъҳои асалғундорӣ;

- аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷро намудани талаботи ҳифзи муҳити зист, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва роҳҳои кӯчонидани занбӯри асал;

- ҳифзи қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал аз вайронкунӣ, пешгирии заҳролудшавии онҳо аз пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ;

- ҳифзи оилаҳои занбӯри асал аз паррандаҳо ва дигар ҳашароти занбӯрхӯр дар маҳалҳои зисти мавсимӣ;

- пешгирӣ намудани касалиҳои занбӯри асал, табобати онҳо, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбӯри асал;

- мусоидат барои ҳамлу нақли бемонеаи оилаҳои занбӯри асал;

- ташкили таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳифзи занбӯри асал;

- рекламаи занбӯриасалпарварӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;

- тарбияи муносибати эҳтиёткоронаи шаҳрвандон ба занбӯри асал, инчунин ҳавасмандгардонии онҳо дар ин соҳа.

Моддаи 21. Пешгирии заҳролудшавии занбӯри асал аз пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ

1. Истифодаи пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Номгӯи воситаҳои муҳофизати растанӣ, маводи кимиёвӣ ва дигар доруҳои барои коркарди растанӣ дар занбӯрҷойҳо истифодашавандаро, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

3. Пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ барои коркарди киштзор, алафзор, ҷангал, қитъаҳои муҳофизатии ҷангал ва дарахтзорҳо дар давраи гулкунии манбаъҳои асалғундорӣ бо тартиби дар моддаи 26 Қонуни мазкур муайянгардида истифода карда мешаванд.

Моддаи 22. Ҳифзи занбӯри асал дар мавриди истифодабарии ҷангал

1. Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маҳсулнокии ҷангалҳо бо назардошти талаботе, ки самаранокии фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ таъмин менамоянд, амалӣ карда мешаванд.

2. Буридани дарахтон ва буттаҳо - манбаъҳои асалғундорӣ, дар ҳудудҳое, ки аз занбӯрҷойҳои доимӣ дар масофаи наздиктар аз се километр воқеъ шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои беҳтар намудани вазъи санитарии ҷангалҳо ва зиёд кардани шумораи ниҳолҳо манъ аст.

Моддаи 23. Ҳифзи занбӯри асал дар шароити муҳити табиии зисти он

1. Фаъолият оид ба истифодаи хусусиятҳои фоидаовари занбӯри асал ва ҷамъоварии маҳсулоти занбӯри асал дар шароити муҳити табиии зисти он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Вайронкунии ковокии дарахт ва дигар ҷойҳои зисти оилаҳои занбӯри асал дар шароити муҳити табиии зисти он манъ аст.

3. Агар оилаи занбӯри асал дар шароити муҳити табиии зисташ ба фаъолияти ҳаётии инсон халал расонад, чунин оилаи занбӯри асал бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ кӯчонида ё нобуд карда мешавад.

Моддаи 24. Пешгирии касалиҳои занбӯри асал, табобати онҳо, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбӯри асал

1. Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани занбӯрҷойҳо ва гузаронидани тадбирҳои байторӣ шиносномаи байторию санитарии занбӯрҷойҳо дода мешавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки шиносномаи байторию санитарии занбӯрҷойҳоро дошта бошанд.

2. Шакли шиносномаи байторию санитарии занбӯрҷой ва тартиби додани онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ муқаррар менамояд.

3. Пешгирии касалиҳои занбӯри асал, табобати он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбӯри асал тибқи қонунгузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки оид ба пешгирии касалиҳои занбӯри асал, табобати он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбӯри асал чораҳо меандешанд.

5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани чораҳои пешгирии касалиҳои занбӯри асал, табобати он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбӯри асал метавонанд мутахассисони соҳаи байториро ҷалб намоянд.

6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати пайдошавии бемориҳои сироятӣ вазифадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ маълумот пешниҳод намоянд.

Моддаи 25. Парвариш, истифодаи зотҳо ва гурӯҳҳои бештар арзишдори занбӯри асал

1. Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба парвариш, истифодаи зотҳо ва гурӯҳҳои бештар арзишдори занбӯри асал, инчунин оид ба беҳтаргардонии зотҳо ва гурӯҳҳои занбӯри асал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

2. Бо мақсади таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо зотҳо ва гурӯҳҳои бештар арзишдори занбӯри асал, инчунин беҳтаргардонии зотҳо ва гурӯҳҳои занбӯри асал дар ҳудудҳои муайян (муҳити табиии зисти он) хоҷагиҳои зотпарварӣ ва репродукторҳои зотӣ (занбӯрҷойҳои селексионӣ) таъсис дода мешаванд.

3. Дар атрофи хоҷагиҳои зотпарвар ва репродукторҳои зотӣ (занбӯрҷойҳои селексионӣ) минтақаҳои муҳофизатӣ дар доираи на камтар аз понздаҳ-бист километр муайян карда мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо ворид намудани оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯрҳои зотҳо ва гурӯҳҳои дигари занбӯри асал, инчунин оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯрҳои авлодашон номаълум манъ аст.

Моддаи 26. Огоҳонидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳолатҳои барои занбӯри асал хатарнок

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас намудани иттилооти саривақтӣ, пурра ва саҳеҳ дар бораи вазъи муҳити зист, инчунин оид ба ҳолатҳои барои занбӯри асал хатарнок ҳуқуқ доранд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи вазъи муҳити зист, инчунин оид ба ҳолатҳое, ки барои занбӯри асал хатарнок мебошанд, тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳонида мешаванд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои коркарди растаниҳои киштзор ва ҷангал пеститсид ва дигар маводи кимиёвиро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд на дертар аз се шабонарӯз то оғози чунин коркард шахсан дар шакли хаттӣ ё тавассути воситаҳои ахбори омма шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки занбӯрҷойҳояшон дар масофаи камтар аз панҷ километр аз киштзору ҷангал коркардшаванда воқеъ гардидаанд, огоҳ намоянд. Дар баробари ин санаи коркарди растаниҳои киштзор ва ҷангал, тарзи коркарди онҳо, сатҳи заҳрнокии пеститсид ва (ё) маводи кимиёвии истифодашаванда қайд карда мешавад.

Моддаи 27. Мусоидат ба ҳамлу нақли куттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал

1. Ҳамлу нақли қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал тавассути ядакҳо, платформаҳо ва дӯкончаҳои сайёр, ки ба таҷҳизоти кишоварзии технологӣ мансуб мебошанд, аз рӯи хатсайрҳои бо мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ мувофиқашуда анҷом дода мешавад.

2. Барои пешгирии фавти оилаҳои занбӯри асал дар сурати якбора баландшавии ҳарорат ва рутубати ҳавои қуттиҳои занбӯри асал, аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ба мӯҳлати беш аз 15 дақиқа боздоштани воситаҳои нақлиёте, ки қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асалро ҳамлу нақл мекунанд, роҳ дода намешавад, ба шарте, ки боздошти мазкур ба назорати риояи қоидаҳои ҳамлу нақли онҳо ва (ё) ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт вобаста набошад.

3. Дар мавриди зарурӣ мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ ҷиҳати бемонеа ҳамлу нақл намудани қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал мусоидат менамояд.

Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мусоидат менамояд.

2. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №12, мод. 679; соли 2008, №12, қисми 2, мод. 1003) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

16 апрели соли 2012 № 820

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ" қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯрпарвар" аз 8 октябри соли 2003, №921 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №9-10, мод. 475; с. 2008, №10, мод. 837) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 15 феврали соли 2012, № 693

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 294

Утратил силу в редакции Закона РТ от 13.11.2023  №1993

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ПЧЕЛОВОДСТВЕ

Настоящий Закон регулирует отношения в области производства продуктов пчеловодства, охраны, использования и воспроизводства пчел, эффективного применения их для опыления сельскохозяйственных культур и всей опыляемой флоры, создания условий для повышения продуктивности пчеловодства, а также растениеводства, обеспечения гарантий соблюдения прав и интересов физических и юридических лиц, занимающихся пчеловодством.

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- пчеловодство - разведение, охрана и содержание медоносных пчел, используемых для опыления энтомофильных растений, повышения их урожайности и получения продуктов медоносных пчел;

- пчеловод - физическое или юридическое лицо, занимающееся пчеловодством;

- пчелиная семья - биологическое сообщество, состоящее из рабочих пчел, трутней и пчелиной матки, живущих в одном улье или гнезде;

- пчелиная матка - самка пчел, обеспечивающая размножение пчелиных семей;

- пчелиный рой - новая пчелиная семья, сформировавшаяся в основной пчелиной семье и самостоятельно вылетевшая из нее при естественном роении;

- популяция медоносных пчел - совокупность пчелиных семей в пределах породы медоносных пчел, сформировавшаяся на определенной территории и обладающая общим генофондом;

- улей - ящик для содержания пчелиной семьи;

- пасека - определенное место с установленными на нем ульями пчелиными семьями и необходимым имуществом для занятия пчеловодством;

- стационарная пасека - место, где установлены ульи с пчелиными семьями постоянно в течение года;

- кочевая пасека - место, где устанавливаются ульи с пчелиными семьями посредством перевоза к источникам медосбора;

- мёд - натуральный продукт, вырабатываемый медоносной пчелой из нектара растений;

- воск - продукт, вырабатываемый рабочей пчелой и выводимый через восковыделяемые железы;

- пыльца - продукт, собираемый рабочей пчелой из цветов растений;

- прополис - продукт, собираемый рабочей пчелой из нектара растений;

- маточное молоко - продукт, выделяемый из верхних желез;

- пчелиный яд - продукт, выделяемый рабочей пчелой из жала;

- вощина - искусственно изготовленные тонкие восковые листы с оттиснутыми на них основами ячеек соответствующего размера;

- ветеринарно-санитарный паспорт пасеки - документ, в котором указываются временное или постоянное место расположения пасеки, количество пчелиных семей, их порода, сроки и характер проведенных ветеринарных обработок с целью профилактики, диагностики и лечения болезней пчел;

- энтомофильные растения - растения, опыляемые насекомыми;

- источники медосбора - растения, которые образуют нектар и пыльцу, служат для медоносных пчел источниками естественного корма и обеспечивают медосбор;

- племенные хозяйства - хозяйствующие субъекты, аттестованные уполномоченным государственным органом в области пчеловодства, осуществляющие разведение и реализацию племенных пчелиных семей и племенных оплодотворенных маток пчел определенной породы;

- уполномоченный государственный орган в области пчеловодства - государственный орган, осуществляющий в пределах предоставленных ему полномочий государственное регулирование в области пчеловодства.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о пчеловодстве

Законодательство Республики Таджикистан о пчеловодстве основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

ГЛАВА 2. ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ В ОБЛАСТИ ПЧЕЛОВОДСТВА

Статья 3. Деятельность физических и юридических лиц в области пчеловодства

1. Физические и юридические лица вправе осуществлять предпринимательскую деятельность в области пчеловодства.

2. Физические лица, не являющиеся индивидуальными предпринимателями, вправе осуществлять деятельность в области пчеловодства для удовлетворения личных нужд.

3. Пчеловоды вправе создавать пчеловодческие объединения в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

4. Физические и юридические лица вправе истребовать сведения, касающиеся пчеловодства у уполномоченного государственного органа в области пчеловодства.

Статья 4. Количество пчелиных семей

1. Количество пчелиных семей у физических и юридических лиц не ограничивается, за исключением случаев, предусмотренных частями 2 и 3 настоящей статьи.

2. Местные исполнительные органы государственной власти вправе устанавливать количество пчелиных семей физических и юридических лиц в пределах границ пригородных и зеленых зон, исходя из условий содержания медоносных пчел и в соответствии с ветеринарно-санитарными нормами и правилами.

3. Количество ульев с пчелиными семьями в некоммерческих коллективных садоводческих и огороднических организациях определяются общим собранием данной организации.

Статья 5. Регистрация и учет пчелиных семей

Регистрация и учет пчелиных семей осуществляется в порядке, устанавливаемом Правительством Республики Таджикистан.

Статья 6. Размещение ульев с пчелиными семьями

1. Физические и юридические лица размещают ульи с пчелиными семьями на используемых им земельных участках при соблюдении зоотехнических и ветеринарно-санитарных норм и правил содержания медоносных пчел.

2. Пчеловод размещает ульи с пчелиными семьями на таком расстоянии от образовательных учреждений, учреждений здравоохранения, культуры и отдыха, которое обеспечивает безопасность людей. Порядок регулирования безопасного размещения ульев с пчелиными семьями согласовывается с местными исполнительными органами государственной власти.

3. Ульи с пчелиными семьями размещаются на земельном участке на расстоянии не менее пяти метров от границы земельного участка и высоте не менее чем два метра либо отделяются от соседнего земельного участка зданием, строением, сооружением, сплошным забором или густым кустарником высотой не менее чем два метра.

Статья 7. Выделение земельных участков для осуществления деятельности в области пчеловодства

1. Земельные участки для осуществления деятельности в области пчеловодства выделяются для физических и юридических лиц в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

2. Пользователи земельных участков, наиболее удобных для размещения ульев с пчелиными семьями, вправе предоставлять такие участки физическим и юридическим лицам, занимающимся пчеловодством, в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан для размещения ульев с пчелиными семьями на период цветения источников медосбора, независимо от мест регистрации пчелиных семей.

3. Кочевые пасеки размещаются у источников медосбора на таком расстоянии, при котором обеспечиваются продуктивное содержание пчелиных семей и эффективное опыление сельскохозяйственных энтомофильных растений.

4. Кочевые пасеки у источников медосбора должны размещаться на расстоянии не менее полутора километров друг от друга и трех километров от стационарной пасеки.

5. Не допускается размещение кочевых пасек на пути лёта пчел с другой ранее размещенной пасеки к источникам медосбора.

6. Пчеловоды после размещения кочевой пасеки обязаны сообщить сведения о ней и предъявить ветеринарно-санитарный паспорт пасеки в местные исполнительные органы государственной власти.

7. На пасеках должны содержаться пчелы только районированных в той или иной местности пород согласно плану их породного районирования, утвержденного уполномоченным государственным органом в области пчеловодства.

Статья 8. Использование пчелиных семей для опыления энтомофильных растений

Физические и юридические лица, осуществляющие деятельность по выращиванию энтомофильных растений, в целях повышения их урожайности могут использовать пчелиные семьи, находящиеся в собственности других лиц, с оплатой услуг по организации опыления энтомофильных растений на основании договоров в соответствии с Гражданским кодексом Республики Таджикистан.

Статья 9. Продукция пчеловодства

1. Продукция пчеловодства образуется благодаря собирательным и физиологическим свойствам медоносных пчёл.

2. Основным продуктом пчеловодства является мед, второстепенными продуктами являются воск, вощина, пыльца, прополис, маточное молочко и пчелиный яд.

ГЛАВА 3. ВОПРОСЫ СОБСТВЕННОСТИ В ОБЛАСТИ ПЧЕЛОВОДСТВА

Статья 10. Объект собственности в области пчеловодства

Объектом собственности в области пчеловодства является пчелиная семья, пчелиный рой и другое, необходимое для осуществления деятельности в области пчеловодства, имущество.

Статья 11. Право на возврат улетевшего пчелиного роя

Физическое или юридическое лицо, упустившее пчелиный рой, имеет право на его возврат. В этом случае физическое или юридическое лицо, упустившее пчелиный рой, имеет право собрать его, если пчелиный рой привился на чужой территории или поселился в чужом пустом улье.

Статья 12. Право на возмещение стоимости улетевшего пчелиного роя

1. Право на возмещение стоимости улетевшего пчелиного роя имеют физические и юридические лица, упустившие пчелиный рой, в случае непрерывного его поиска, если пчелиный рой залетел в улей с пчелами, находящимися в собственности другого физического или юридического лица.

2. Возмещение стоимости улетевшего пчелиного роя осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 13. Бесхозяйный пчелиный рой

1. Пчелиный рой, не преследуемый физическим или юридическим лицом, либо пчелиный рой неизвестного происхождения считается бесхозяйным.

2. Право собственности на бесхозяйный пчелиный рой определяется в соответствии с Гражданским кодексом Республики Таджикистан.

ГЛАВА 4. ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ В ОБЛАСТИ ПЧЕЛОВОДСТВА

Статья 14. Компетенция Правительства Республики Таджикистан в области пчеловодства

К компетенции Правительства Республики Таджикистан в области пчеловодства отнесены:

- утверждение республиканских целевых программ развития пчеловодства и соответствующих региональных программ;

- утверждение норм и правил в области пчеловодства;

- определение уполномоченного государственного органа в области пчеловодства;

- экономическое стимулирование пчеловодческой отрасли;

- содействие международному сотрудничеству Республики Таджикистан в области пчеловодства;

- координация деятельности по воспитанию специалистов и их профессиональной переподготовке в области пчеловодства;

- осуществление других полномочий в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 15. Полномочия уполномоченного государственного органа в области пчеловодства

В полномочия уполномоченного государственного органа в области пчеловодства входит:

- реализация отраслевых программ развития пчеловодства;

- разработка и утверждение нормативных актов в области пчеловодства в пределах предоставленных полномочий;

- обеспечение контроля соблюдения зоотехнических, ветеринарно-санитарных норм и правил содержания медоносных пчел и их продуктов;

- обеспечение реализации мер по предупреждению болезней медоносных пчел, их лечению, по борьбе с вредными для пчелиных семей насекомыми и предупреждению отравления медоносных пчел пестицидами и другими химическими веществами;

- осуществление контроля деятельности племеноводческих хозяйств, зон и селекционных пасек;

- координация селекционно-племенной работы в области пчеловодства, содействие развитию племенных репродукторов (селекционных пасек) и заказников медоносных пчел;

- международное сотрудничество в области пчеловодства;

- организация проведения научных исследований, направленных на охрану и разведение пчел.

Статья 16. Полномочия местных исполнительных органов государственной власти

В полномочия местных исполнительных органов государственной власти в области пчеловодства входит:

- контроль развития и охраны пчеловодства на соответствующей территории;

- координация деятельности по подготовке и переподготовке специалистов в области пчеловодства.

Статья 17. Меры государственной поддержки в области пчеловодства

1. Целью государственной поддержки в области пчеловодства является обеспечение потребностей населения страны продуктами пчеловодства за счёт их производства отечественными производителями.

2. Государственная поддержка в области пчеловодства осуществляется путем:

- выделения государственных средств;

- предоставления льготных кредитов;

- применения мер экономического стимулирования;

- инвестирования в пчеловодческую отрасль.

ГЛАВА 5. ОХРАНА МЕДОНОСНЫХ ПЧЕЛ

Статья 18. Организация охраны медоносных пчел, зоотехнический и ветеринарно-санитарный контроль в области пчеловодства

1. Организация охраны медоносных пчел осуществляется соответствующими государственными органами Республики Таджикистан, местными исполнительными органами государственной власти Республики Таджикистан.

2. Контроль соблюдения зоотехнических и ветеринарносанитарных норм и правил содержания медоносных пчел осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 19. Основные требования к охране медоносных пчел

Основными требованиями к охране медоносных пчел являются:

- обеспечение научно - обоснованного зоотехнического обслуживания, использования и разведения медоносных пчел;

- охрана естественной среды обитания медоносных пчел, кочевок и путей миграции медоносных пчел;

- обеспечение ветеринарно-санитарного обслуживания медоносных пчел.

Статья 20. Обеспечение охраны медоносных пчел

Охрана медоносных пчел обеспечивается посредством:

- соблюдения физическими и юридическими лицами зоотехнических и ветеринарно-санитарных норм и правил содержания медоносных пчел и размещения ульев с пчелиными семьями у источников медосбора;

- выполнения физическими и юридическими лицами требований охраны окружающей среды, кочевок и путей миграции медоносных пчел;

- охраны ульев с пчелиными семьями от разорения, предотвращения отравления медоносных пчел пестицидами и другими химическими веществами;

- охраны пчелиных семей на местах сезонных кочевок от птиц и других насекомых, уничтожающих их;

- предупреждения болезней медоносных пчел, их лечения, борьбы против вредителей пчелиных семей;

- содействия беспрепятственной перевозке пчелиных семей;

- организации проведения научных исследований в области охраны медоносных пчел;

- рекламы пчеловодства в средствах массовой информации;

- воспитания в гражданах бережного отношения к пчелам, а также поощрения их деятельности в этой отрасли.

Статья 21. Предотвращение отравления медоносных пчел пестицидами и другими химическими веществами

1. Применение пестицидов и других химических веществ осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

2. Перечень средств защиты растений, химических и других веществ, применяемых для обработки растений, утверждается специальным уполномоченным государственным органом по управлению сельскохозяйственной отраслью Республики Таджикистан.

3. Применение пестицидов и других химических веществ для обработки полей, лугов, лесов, защитных лесных полос и насаждений в период цветения источников медосбора осуществляется в порядке, установленном статьей 26 настоящего Закона.

Статья 22. Охрана медоносных пчел при осуществлении лесопользования

1. Мероприятия, направленные на повышение продуктивности лесов, осуществляются с учетом требований, обеспечивающих эффективное осуществление деятельности в области пчеловодства.

2. Не допускается рубка деревьев и кустарников - источников медосбора, на территориях, расположенных на расстоянии ближе трех километров от мест размещения стационарных пасек, за исключением случаев улучшения санитарного состояния лесов и условий их воспроизводства.

Статья 23. Охрана медоносных пчел в условиях естественной среды их обитания

1. Деятельность по использованию полезных свойств медоносных пчел сбору пчелиной продукции в условиях естественной среды их обитания осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

2. Не допускается разорение дупел и других мест поселения пчелиных семей в условиях естественной среды их обитания.

3. В случае, если пчелиная семья в условиях естественной среды ее обитания осложняет жизнедеятельность человека, переселение или уничтожение такой пчелиной семьи проводится при участии представителя уполномоченного государственного органа в области пчеловодства.

Статья 24. Предупреждение болезней медоносных пчел, их лечение, борьба против вредителей пчелиных семей

1. С целью учёта пасек и проведения ветеринарных мероприятий пасекам выдаются ветеринарно-санитарные паспорта пасек. Физические и юридические лица обязаны иметь ветеринарносанитарные паспорта пасек.

2. Форму ветеринарно-санитарного паспорта пасек и порядок его выдачи устанавливает уполномоченный государственный орган в области пчеловодства.

3. Предупреждение болезней медоносных пчел, их лечение, борьба против вредителей пчелиных семей проводится в соответствии с ветеринарным законодательством Республики Таджикистан.

4. Физические и юридические лица обязаны осуществлять мероприятия по предупреждению болезней медоносных пчел, их лечению, борьбе против вредителей пчелиных семей.

5. Физические и юридические лица для осуществления мер по предупреждению болезней медоносных пчел, их лечению, борьбе против вредителей пчелиных семей могут привлекать специалистов ветеринарной отрасли.

6. При выявлении инфекционных болезней физические и юридические лица обязаны сообщить об этом в уполномочены государственный орган в области пчеловодства.

Статья 25. Разведение и использование наиболее ценных популяций и пород медоносных пчел

1. Деятельность физических и юридических лиц по разведению и использованию наиболее ценных популяций и пород медоносных пчел, а также по улучшению популяций и пород медоносных пчел осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

2. В целях обеспечения физических и юридических лиц ценными популяциями и породами медоносных пчел, а также улучшения племенной ценности популяций и пород медоносных пчел на определенных территориях (ареалах их естественного обитания) создаются племенные хозяйства и племенные репродукторы (селекционные пасеки).

3. Вокруг племенных хозяйств и племенных репродукторов (селекционных пасек) устанавливаются защитные участки с радиусом не менее пятнадцати - двадцати километров, на территории которых запрещается ввоз пчелиных семей или пчелиных маток других популяций и пород медоносных пчел, а также пчелиных семей или пчелиных маток неизвестного происхождения.

Статья 26. Оповещение физических и юридических лиц о ситуациях, представляющих опасность для медоносных пчел

1. Физические и юридические лица в соответствии с законодательством Республики Таджикистан имеют право на получение своевременной, полной и достоверной информации о состоянии окружающей природной среды, а также о ситуациях, представляющих опасность для медоносных пчел. Оповещение физических и юридических лиц о состоянии окружающей среды, а также о ситуациях, представляющих опасность для медоносных пчел, осуществляется через средства массовой информации.

2. Физические и юридические лица, применяющие пестициды и другие химические вещества для обработки сельскохозяйственных и лесных растений, обязаны не позднее чем за трое суток до начала такой обработки персонально в письменной форме или через средства массовой информации предупредить физических и юридических лиц, имеющих пасеки, находящиеся на расстоянии менее пяти километров от обрабатываемых сельскохозяйственных и лесных растений. При этом указываются дата обработки сельскохозяйственных и лесных растений, способ их обработки, уровень токсичности применяемых пестицидов и (или) химических веществ.

Статья 27. Содействие перевозке улей с пчелиными семьями

1. Перевозка улей с пчелиными семьями должна осуществляться по маршрутам, согласованным с уполномоченным государственным органом, посредством прицепов, платформ, павильонов и передвижных будок, относящихся к технологическому сельскохозяйственному оборудованию.

2. Для предотвращения гибели пчелиных семей от перегрева улья и резкого повышения влажности воздуха в улье не допускается задержка осуществляющих перевозку улей пчелиными семьями транспортных средств соответствующими уполномоченными органами на срок более 15 минут, если данная задержка не связана с проведением контроля соблюдения правил перевозки и (или) технического состояния транспортных средств.

3. При необходимости уполномоченный государственный орган оказывает содействие в беспрепятственной перевозке улей с пчелиными семьями.

Статья 28. Международное сотрудничество Республики Таджикистан в области пчеловодства

1. Республика Таджикистан содействует развитию международного сотрудничества в области пчеловодства.

2. Международное сотрудничество Республики Таджикистан в области пчеловодства осуществляется в соответствии с международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.

ГЛАВА 6. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 29. Ответственность за нарушение требований настоящего Закона

Физические и юридические лица, допустившие нарушение требований настоящего Закона, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 30. О признании утратившим силу Закона Республики Таджикистан "О пчеловодстве"

Признать утратившим силу Закон Республики Таджикистан от 8 декабря 2003 года "О пчеловодстве" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 год, №12, ст. 679; 2008 год, № 12, ч. 2, ст. 1003).

Статья 31. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

16 апреля 2012 года, №820

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О пчеловодстве"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Принять Закон Республики Таджикистан "О пчеловодстве"

2. Признать утратившим силу Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан "О принятии Закона Республики Таджикистан "О пчеловодстве" от 8 октября 2003 года, №921 (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №9-10, ст. 475; 2008 г., №10, ст. 837).

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                    Ш. ЗУХУРОВ

г. Душанбе, 15 февраля 2012 года, №693

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О пчеловодстве"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О пчеловодстве", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О пчеловодстве".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                       М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 29 марта 2012 года, №294