Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, № 305 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди бозори молҳои саноатӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди бозори молҳои саноатӣ"

Тибқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Идораи таъминоти коргарони Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди бозори молҳои саноатӣ" табдил дода шавад.

2. Банди 4 фасли IX Номгӯи "Корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки фаъолиятро дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода гардад:

- "4. Корхонаи воҳиди давлатии ,Маркази рушди бозори молҳои саноатӣ".

3. Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди бозори молҳои саноатӣ"-ро мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 июли соли 2003 № 305

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного унитарного предприятия "Центр развития рынка промышленных товаров"

В соответствии со статьей 125 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Управление рабочего снабжения Министерства промышленности Республики Таджикистан преобразовать в Государственное унитарное предприятие "Центр развития рынка промышленных товаров".

2. Пункт 4 раздела IX Перечня "Государственных предприятий, учреждений и акционерных обществ, осуществляющих деятельность по двусторонним соглашениям с Министерством промышленности Республики Таджикистан", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2002 года №87, изложить в следующей редакции:

- "4. Государственное унитарное предприятие "Центр развития рынка промышленных товаров".

3. Министерству промышленности Республики Таджикистан в месячный срок в установленном порядке разработать и утвердить Устав Государственного унитарного предприятия "Центр развития рынка промышленных товаров".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов

3 июля 2003 года № 305

г.Душанбе