Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 № 283 "Дар бораи муқаррар намудани ҳадди ақалли сармояи оинномавии пардохтшавандаи ташкилотҳои суғуртавӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2020 № 211 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани ҳадди ақалли сармояи оинномавии пардохтшавандаи ташкилотҳои суғуртавӣ

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ҳадди ақалли сармояи оинномавии пардохтшаванда барои ташкилотҳои суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ, ки ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ зарур аст, ба андозаҳои зайл муқаррар карда шавад:

- барои ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ - на камтар аз 5 миллион сомонӣ;

- барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ - на камтар аз 500 ҳазор сомонӣ;

- барои ташкилотҳои азнавсуғуртакунии давлатӣ ва ғайридавлатӣна камтар аз 40 миллион сомонӣ.

2) Ташкилотҳои суғуртавии амалкунанда ӯҳдадоранд то 1 июни соли 2012 сармояи оинномавии худро ба андозаи бо банди 1 қарори мазкур муқарраршуда пурра намоянд.

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 261 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҳадди ақалли фонди оинномавии пардохтшаванда ба ташкилотҳои суғурта ҳангоме, ки онҳо барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ лицензия мегиранд" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июни соли 2011 № 283

ш. Душанбе