Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқи тартиб, шарт ва усулҳои мазкурро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июни соли 2011 № 279
ш. Душанбе