Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июни соли 2011 № 279
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июни соли 2011 № 279
тасдиқ шудааст
Тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гуронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1) Дар ҳудуди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти таъиноти маданию маишӣ, истеҳсолӣ ва дигари шаҳрҳо ва шаҳракҳо барои ҷойгир намудани партовқуттиҳо бояд майдончаҳои махсуси мумфарш ва дорои равшанӣ ҷудо карда шаванд, ки обдав дошта, барои омадани нақлиёт ва истиқоматкунандагон қулай бошанд. Ҷойгир намудани ҷойҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдории партовҳо, қуттиҳо, майдонча барои қуттиҳо аз ҷониби мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян карда мешавад. Масофа аз майдонча то хонаҳои истиқоматӣ, майдончаҳои бачагона, варзишӣ, ҷойҳои истироҳат бояд на камтар аз 20 метр бошад, масофа аз майдонча то даромади аз ҳама дуртарин ба бино - на бештар аз 100 метр.
2) Миқдори қуттиҳои гузошташуда аз рӯи ҳисоби ҷамъшавии партовҳо мувофиқи меъёрҳои тасдиқнамудаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян карда мешаванд.
3) Партовҷамъкунакҳои оҳанин дар давраи тобистон зимни системаи "ивазнакунанда" на камтар аз як маротиба дар бист рӯз, зимни системаи "ивазкунанда" пас аз холӣ кардан бояд шуста, тоза ва безарар гардонида шаванд.
4) Ҳангоми нигоҳдории партовҳо дар қуттиҳо, ҷамъкунакҳои ҳавлигӣ бояд имконияти пӯсиш ва вайронишавии партовҳо истисно карда шавад.
5) Барои ҷамъоварии партовҳои моеъ дар хонаҳои бе хатҳои коррезӣ бояд зарфҳои партовҷамъкунӣ, ки чуқурии обногузар ва қисми рӯизаминии сарпӯшдор ва панҷараи гирифташаванда барои ҷудо намудани қисми сахти партовҳо доранд, гузошта мешавад. Қисми рӯизаминии партовҷамъкунак ва мабразхонаҳои ҳавлигӣ бояд барои хояндаҳо ва ҳашарот ногузаранда бошад. Ба пуршавии чуқурӣ бо ифлосиҳо болотар аз 0,35 метр аз сатҳи замин роҳ дода намешавад.
6) Ҷамъоварии партовҳои хӯрок дар зарфҳои барои он махсус таъингардида, бо навиштаҷоти "партовҳои хӯрок" тамғагузорӣ шуда, ба шарти ҳамарӯза баровардан ва бастани шартнома бо хоҷагии махсусгардонидашудаи бӯрдоқипарварӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани шартнома бо хоҷагии махсусгардонидашудаи бӯрдоқипарварӣ, ҷамъоварии партовҳои хӯрока якҷоя бо партовҳои маишӣ мумкин аст. Нигоҳдории муваққатии партовҳои хӯрока дар иншооти савдо ва хӯроки умумӣ новобаста аз шакли моликияташон бояд танҳо дар ҳуҷраҳои хунукшавандаи махсус ҷудокардашуда амалӣ карда шавад.
7) Манъ карда мешавад:
- сӯзонидани партовҳо дар қуттиҳо, сӯзонидани баргҳои афтида;
...